logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС ВА САБАҚИ ОН

Бемории сироятии коронавирус новобаста ба он, ки офати табиист ё вируси ихтироъкардаи инсоният ба иқтисодиёти мамлакатҳо таъсири ногувор гузошту ба ҳаёти башарият хавфи калон овард. Имрӯз он дар назди инсоният имтиҳони таърихӣ гардидааст.
Дар замони мо барои решакану барҳам задани ду офати аср – терроризму экстремизм ва бемории коронавирус ин омилҳо, яъне якдигарфаҳмию муташаккилӣ, муборизаи дастаҷамъона, таҳкиму тақвияти муносибатҳои байналмилалии давлатҳо шарти зарурист. Зеро хатарашон то он ҷоест, ки абарқудратҳое чун ИМА, Франсия, Италия, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Бразилия ва ғайраҳо дар ҳалли онҳо оҷиз мондаанд. Шукри Худо миллати тоҷик бофарҳангу озодапараст аст, ҳамеша дар талоши покии хонаю дар ва муҳити зист буда, костагии ахлоқ барояш бегона аст. Инчунин, табиати биҳиштосои Тоҷикистон, обу ҳавои тозаи он, гулу гиёҳҳо ва меваҳои шаҳдбораш сарчашмаи саломатист.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ дар Чин вазъи онро ба риштаи таҳлил кашида, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии он тадбирҳои судманд андешиданд. Баҳри риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омодагии ҷиддӣ ба роҳ монданд, ки онҳо натиҷаи хуб доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ин нуктаро таъкид доштанд: «Беҳбудии сифати хизматрасонии тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста аст».
Дар ин замина Пешвои миллат аз амалисозии «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ  барои солҳои 2010 – 2020»,  ёдовар шуданд, ки дар пешбурди сифати хизматрасониҳои тиббӣ нақши калидӣ доранд.
Муҳлати татбиқи «Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010 – 2020» ба охир мерасад. Дар таҳияи барномаи нав амалисозии литсейҳои тиббӣ агар ба инобат гирифта шаванд, иқдоми хубе дар омодасозии мутахассисони варзидаи тиб хоҳад буд.
Азбаски соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии мамлакат самти муҳим аст, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бунёду ифтитоҳ гардидани садҳо беморхонаву бунгоҳ ва коллеҷҳои тиббӣ нишонаи ғамхории давлат ба ин соҳа аст. Дар рӯзҳои аввали хуруҷи COVID – 19 беморхонаҳо бо таҷҳизоту маводҳои зарурӣ муҷаҳҳаз ва беморхонаҳои муваққатӣ ба истифода дода шуданд. Ҳукумат зарурати беморхонаҳои сироятиро ба назар гирифта, тасмим дорад, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои замонавии сироятӣ созад.
Бемории коронавирус агарчи ба иқтисодиёти давлатҳо зарба зад, чанде аз давлатҳое, ки корхонаҳои хуби коркарди таҷҳизоти техникии тиббӣ ва дорусозӣ доштанд, ба мамлакатҳои дигар дору, ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, маводҳои безараргардонӣ, беҳдоштӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, поксозии хун ва ғайра фурӯхта, миллиардҳо доллар фоида ба даст оварданд.
Тоҷикистон ватани гиёҳҳои шифобахш аст. Агар мо корхонаҳои хуби дорусозӣ медоштем, имрӯз ҳоҷати 90 дарсад аз хориҷа дастрас кардани доруворӣ намемонд. Дар муҳлати кӯтоҳ тавонистем, корхонаҳои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ сохтаю ба истифода диҳем, пас корхонаҳои муқтадири дорусозиро ҳам сохта метавонем. Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон испанд, шираи камол, ширинбия, сир, аҷик, чоқла, решаи заррин, хуч, меваҳои шаҳдбор, обҳои тозаи табобатӣ ва даҳҳо гулу гиёҳҳои дигар барои омодасозии ҳамаи дорувориҳо, аз ҷумла доруҳои зиддивирусӣ, маводи тайёранд.
Ҷаҳонро, ки мавҷи дуюми коронавирус таҳдид дорад, беҳтарин табобат имрӯз эҳтиёт аст. Бояд ҳамагон маслиҳату тавсияҳои табибонро риоя карда, нисбат ба худу наздикон ва ҷамъият бепарво набошем ва муҳиту хонаи худро тозаю озода нигоҳ дорем. Ҳар чи набошад, аз бало ҳазар. Ин дар навбати худ нишонаи хираду масъулиятшиносии мост.

Азим ҲАСАН, собиқадори меҳнат, ноҳияи Данғара
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2020    №: 249    Мутолиа карданд: 233
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед