logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
24 соли зиндон ба қотили ҳамсар
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Алӣ Саидов, барои бераҳмона ба қатл расондани ҳамсараш 24 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, А. Саидов моҳи июни соли ҷорӣ дар манзили иҷоравиаш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо 13 зарби корд ҳамсараш Р. Исматоваро ба қатл расондааст.
Дар робита ба ин ҳодиса, прокуратураи ноҳия нисбат ба А. Саидов бо моддаи 104, қисми 2, банди «е» Кодекси ҷиноятӣ (куштани одам бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба Суди Олӣ ирсол намуд.
Бар пояи ҳукми суд, қотили ҳамсар муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.
 
ҚАЛЛОБӢ
Корманди милитсия барои 10 000 доллар ҷавоб мегӯяд
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Шерафган Холов, як корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурда ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми кор дар вазифаи ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2020 аз шаҳрванд Ф. Сафаров барои нисбат ба писараш А. Сафаров дар доираи парвандаи ҷиноятии дар РВКД вилояти Хатлон мавриди тафтиши пешакӣ қарордошта, татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат 8000 доллари ИМА талаб намуда, онро тавассути шаҳрванд М. Баротов дастрас кардааст. Гузашта аз ин, Ш. Холов амалҳои ҷиноятии худро давом дода, барои мусоидат намудан оид ба таъйини ҷазои ҷарима нисбат ба А. Сафаров аз ҷониби суд 2000 доллари дигар гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Ш. Холов бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин модда ҷарима ё аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

МУШТЗӮРӢ
Боздошти ду ҷавони кордбадаст дар Хоруғ
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ду ҷавонеро боздошт намуданд, ки ба қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар мешавад.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар дод, дастгиршудаҳо 25 декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи С. Насиллобеки шаҳри Хоруғ ба ҷавони 26-солаи сокини ҳамин шаҳр дарафтода, ӯро бо зарби корд маҷрӯҳ кардаанд. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2020    №: 249    Мутолиа карданд: 573
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед