logo

иҷтимоиёт

РАЪНО НАСРИДДИНОВА: “ХУШҲОЛАМ, КИ ТАЛОШУ ЗАҲМАТҲОИ КӮДАКИАМ САМАР ОВАРДАНД”

Раъно Насриддинова бо даъвати мо чанд рӯз пеш меҳмони рӯзнома гардид. Бале. Ҳамон Раъное, ки бо ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамаро мафтун карду Шоҳҷоизаро соҳиб шуд. Раънои забондону китобхон. Раъное, ки осори адибони оламро бо забонҳои русиву англисӣ мутолиа карда, ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона мояву муҳтавои хондаҳояшро муҳаққиқона қазоват менамояд. Дар Сор - дурдасттарин деҳаи Панҷакент зиндагӣ мекунаду ҳамагӣ 18 сол дорад. Аммо ба дунёи васеи фалсафаи Балзак, Шопенгауэр, Румию Абдулқодири Бедил фурӯ рафтаву аз он сухан мегӯяд. Ва ҳам хеле моҳирона.
Бо ӯ  атрофи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз бузургтарин падидаи фарҳангии ду соли охир маҳсуб меёбад, суҳбат доштем. Ва ҳам хостем бидонем, ки чӣ гуна тавониста, ки дар дурдасттарин русто бо тозатарин падидаҳои ҷаҳони муосир ошно гардад.
- Раънобону, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳунари суханварӣ ва китобхонии шуморо ба намоиш гузошт. Бигӯед, ки барои  ширкат дар озмун ташаббус аз ҷониби худатон буд?
- Бале, тасмими худам буд ва хушҳолам, ки волидонам онро ҷонибдорӣ намуданд. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як сол идома меёбад ва ин  фурсати хеле кам аст барои аз бар намудани адабиёти фаровон. Барои ширкат дар озмун замина доштан хеле муҳим аст. Ман аслан аз хурдӣ китоб мехондам ва ҳамеша сюжети мухтасари адабиёти мутолиакардаамро менавиштам. Ба ҷуз ин, ду сол пайи ҳам (солҳои 2017 – 2018) беҳтарин китобхон дар вилояти Суғд эътироф шудам. Яъне, ба ҳар сурат, барои ширкат дар озмун замина доштам, аммо ҳеҷ гумон намекардам, ки Шоҳҷоиза насибам мешавад. Хушҳолам, ки заҳмату талошҳои кӯдакӣ самар оварданд.
 
- Ғолибияти шумо бори дигар собит кард, ки танҳо дониш инсонҳоро ба қуллаи мурод мерасонад.
- Бале, ҳамин тавр аст. Ягона чизе, ки ба инсонҳо ғолибият меорад, дониш аст, ки бе мутолиа наметавон онро молик шуд.

- Гуфтед, ки аз хурдӣ ба китоб хондан майл доштед. Дар ин айём, ки одатан ҳушу хаёли бачаҳо ба кӯчаву бозӣ банд аст, шавқи мутолиа дар қалбатон чӣ гуна пайдо шуд?
-Тақрибан 8 ё 9 - сола будам, ки падарам  девони Ҳофизро мехонданд. Бо забони форсӣ. Ман маънии шеърҳои Ҳофизро намефаҳмидам. Аммо дар назарам чунин менамуд, ки абёти китоб як навъ оҳанг дорад. Шавқу рағбат ба китоб дар ман аз ҳамин ҷо пайдо шуд. Талош кардам, ки ҳарчи зудтар хати форсиро аз худ кунам ва ин китобро хонам. Дар синфи сеюм хати арабиасоси форсиро аз бар кардам. Ҳамин тавр, девонҳои Ҳофизу Ҷалолиддини Балхӣ ва осори адибони Эронро бо хати форсӣ хондам. Акнун китоб ҳамдаму ҳамнафаси ман аст.

- Дар озмун аз рӯи номинатсияи чорум – хондан ва азёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ширкат доштед. То ҷое огоҳем, дар деҳаи шумо китобхона мавҷуд нест. Адабиёти ҷаҳонро аз куҷо ва чӣ тавр дастрас менамоед?
- Падарам муаллими фанни физика мебошанд, аммо, дар баробари ин, ба адабиёт шавқу рағбати беандоза доранд. Хусусан, замони донишҷӯияшон осори нависандаҳоеро, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, зиёд мутолиа намудаанд. Миёни 200 адабиёти илмии падарам осори адибони Аврупову Россия низ ҳастанд, ки ман онҳоро мутолиа намудам.

- Аммо дар рӯйхати асарҳои  дар озмун пешниҳоднамудаатон, масалан танҳо аз Гёте  15 достони эпикӣ доштед, аз Балзак 3 роман. Фикр намекунам, ки ҳамаи ин адабиёт миёни китобҳои падаратон мавҷуд бошад!
- Мо ҳоло дар замоне ба сар мебарем, ки китобхонӣ аз қабл дида осонтар гаштааст. Интернет ва рушди воситаҳои коммуникатсионӣ имкон фароҳам овардаанд, ки дар хона нишаста, ба бузургтарин китобхонаҳои олам дастрасӣ дошта бошем. Фақат зарур аст, ки ин имкониятҳоро ҳадафмандона истифода барем. Ман ҳоло аъзои Китобхонаи шоҳигарии Лондон  ҳастам. Китобхона давоми  ҳафта ба почтаи электронии ман 17 китоб  мефиристад. Бисёр асарҳоеро, ки дар мо намунаи чопиашон нисбатан камчинанд, масалан осори нависандаи фаронсавӣ Ромен Ролланро аз ҳамин манбаъ хондаам. Умуман, ба осори адибони ҷаҳон аз хурдӣ таваҷҷуҳ доштам, ҳарчанд он замон забони русӣ ва англисиро балад набудам, аммо чунин китобҳоро ҳамеша ҳифз мекардам.

- Ва шавқи мутолиаи чунин китобҳо буд, ки забонҳои хориҷиро аз бар кардед? 
- Дуруст, ҳамин тавр, ман шурӯъ кардам ба омӯхтани забонҳо. Дар омӯзиши забони русӣ падарам ба ман зиёд кумак намуданд. Забони англисиро тариқи худомӯзӣ фаро гирифтам. Бо забони арабиву ҳиндиву ӯзбекӣ андак-андак гап мезанам. Ҳоло ба омӯзиши забони чинӣ оғоз намудам.

- Бисёриҳо андеша доранд, ки дар хурдӣ китоб хонданро бояд аз адабиёти кӯдакона оғоз намуд. Баръакси ин, аз хурдӣ ба адабиёти нисбат ба синнатон бузургтар таваҷҷуҳ доштед. Ва имрӯз бо вуҷуди бисёр ҷавон буданатон, масалан фалсафаи Балзакро, ки аслан фалсафаи ошкоре нест, дарк мекунед?
- Дониш синну сол надорад. Ва ба наврасон гуфтани он, ки ин китоб ба синну соли шумо мувофиқ нест, ба андешаи ман то ҷое нодуруст ҳам ҳаст.
Бубинед, Лев Давидович Ландао дар синни 14 - солагиаш ба Донишгоҳи давлатии Боку, ки  ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Аврупо дохил мешавад, шомил шуда буд. Дар синни 19 - солагӣ дар назарияи квантӣ (квант-миқдори аз ҳама хурди ягон қувва) саҳми бунёдӣ гузошт.
Физики машҳур Александр Китайгародский дар синни 16 - солагиаш кори илмӣ мекард.
Барои нафаре, ки шахсияти худро сохтанист, синни 16-17 - солагӣ, аллакай дер аст. Барои худсозӣ аз ин ҳам бармаҳал оғоз бояд кард. Хусусан, дар замони ҳозир. Хурсандибахш аст, ки ҳоло дар кишвар муассисаҳои таълимии типи наве дорем, ки дар онҳо барои пешрафти тафаккури хонандагон шароити мусоид фароҳам мебошад. Дар чунин муассисаҳо масъалаҳое, ки дар математикаи синфи 11 ҳал мешаванд, ҳоло роҳи ҳалли онро ба хонандагони синфҳои 7 - 8 меомӯзанд, ки ин, албатта, хуб аст.
Бобати  фалсафа  ҳаминро гуфтаниам, ки донистани он чандон мушкилӣ надорад. Баъзан худро дар ҷойи қаҳрамони асар гузоштан кофист то фалсафаи асарро дарк бикунӣ.

- Адабиёт баҳри беканореро мемонад ва табиист, ки баъзан дар интихоби китоб ё асари дигари хондание мушкил пеш меояд. Шумо, ки имрӯз дар ин самт бешак ғолиби пештозед, ба хонандаи муосир мутолиаи кадом адабиётро тавсия медиҳед?
- Ба андешаи ман китобхони муосир бояд китобҳое, ки дар адабиёти олам маъруфият пайдо намудаанд, шурӯъ намояд. Рӯйхати ин адабиёт зиёд аст. Масалан, аз адабиёти классики форсу тоҷик ашъори Рӯдакӣ, “Шоҳномаи”- и  Фирдавсӣ, рубоиёти  Умари Хайём, “Девон” - и Ҳофиз, “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ...
Аз адабиёти навин силсилаи осори адабӣ, публитсистӣ, илмию оммавии Садриддин Айнӣ,  “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” - и Ҷалол Икромӣ, “Восеъ”- и Сотим Улуғзода, “Сармадеҳ”- и Баҳманёр, ашъори Фарзона, мунтахаби назму наср ва драмаҳои Меҳмон Бахтӣ ва монанди инҳо.
Аз адабиёти ҷаҳон бошад,  осори Балзак, Сервантес, Аслександр Дюма, Теодор Драйзер, Эрнест Хемангуей, Александр Сергеевич Пушкин, Поло Бунён, Майн Рид, Ромен Роллан ва  монанди онҳоро бояд донад, ки хонанда аз он як ҷаҳон маънӣ мегирад.
Дурӣ аз китоб ба инсонҳо фоҷиа меорад. Инсоне, ки ба китоб иртибот дорад, дар зиндагӣ кам бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад, зеро  пешакӣ медонад, ки дар ин гуна ҳолатҳо қаҳрамонҳои ин ё он адиб чи гуфтаву чӣ гуна рафтор намудааст.
 
- Барои суҳбат ташаккур.
- Аз шумо низ барои чунин суҳбати хуб миннатдораму ба хонандагони рӯзномаи дӯстдоштании “Ҷумҳурият” дар Соли нав сарбаландӣ ва сиҳатмандиро хоҳонам.

Суҳбаторо Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 196
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед