logo

иҷтимоиёт

МУВАФФАҚИЯТ: 4276 КАС СОҲИБИ ҶОИ КОР ШУД

Аз дастовардҳои мардуми Хатлонзамин, ки хушбахтона, ягон таъсирот коҳишашон дода натавонист
Нуктаи муҳиме, ки дар иҷлосияи 4-уми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум иброз гардид, ин буд, ки новобаста ба ҳамагир ва сахттаъсир омадани коронавирус, рушди мутавозини иқтисодиёт дар ин вилояти калонтарин ва сераҳолии кишвар ба таври дилхоҳ таъмин шуд. Таҳлилгарон ин муваффақиятро ба меҳнатдӯстии заҳматкашон ва дастгириҳои мудавоми Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳолатҳои ғайримунтазира рабт доданд.

Тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2021 ва корҳои амалишудаю нақшаҳо ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” аз масъалаҳои меҳварие буданд, ки вакилон баррасӣ карданд.
Нахуст, Қурбон Ҳакимзода, раиси маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон, натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли сипаришавандаро ба таври амиқу дақиқ таҳлил кард.
– Имсол, – гуфт раис, – дар вилоят барои таъмини чор ҳадафи стратегии кишвар, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда, афзоиши содироти молу маҳсулоти гуногун, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ, коммуникатсионӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, ҳунарҳои мардумӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаҳои иҷтимоиёт, сайёҳӣ, вусъатбахшӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, ки аз рӯйи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, тадбирҳои мушаххас амалӣ ва ҳамчун самтҳои боафзалияти фаъолият дониста шуд.
Дар мавриди иҷроиши нақшаи андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ва дастовардҳои дигари иқтисодӣ дар давоми 11 моҳи соли сипаришаванда, ба истинод ба пойгоҳи расмии хабарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – www.khatlon.tj  – гуфта шуда, ки андоз 102,2 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 132,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 24,7 миллион сомонӣ ва аз ҳамин давраи соли 2019-ум 65,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра пардохт шуда, қарздорӣ мавҷуд нест. Мутасаддиён бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархи молу маҳсулот, вусъати фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Ин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 6,1 миллиард  сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 бештар аст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар 11 моҳи соли равон ба 276,4 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 147,5 миллион доллар ва содирот ба 128,9 миллион доллар, баробар шуд.
Чуноне ки Қурбон Ҳакимзода зикр кард, дар давраи ҳисоботӣ сарфи назар аз паҳншавии сартосарии бемории COVID–19, содироти шаш навъи молу маҳсулот ба хориҷ аз мамлкат нисбат ба соли 2019 афзуд. Гандум, биринҷ, гӯшти мурғ бинобар дар дохили вилоят ба қадри кофӣ истеҳсол шудан ба вилоят кам ворид гардиданд.
– Барои тадриҷан зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба истеъмолкунандагони хориҷ аз кишвар тадбирҳои иловагӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар натиҷа, дар 11 моҳ 106,8 ҳазор тонна (11,4 миллион доллар) маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 89,4 ҳазор тонна (8,9 миллион доллар) пиёз фурӯхта шуд. Дар таъмини дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои берунӣ саҳми кишоварзон ва соҳибкорони навоҳии Ҷайҳун, Шаҳритус, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ ва Қубодиён хеле назаррас мебошад, - иброз дошт раиси вилоят.
Таъмини шуғли мувофиқ барои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинон аз татбиқи пурсамар ва хирадмандонаи он вобаста аст.
Бо назардошти муҳимияти ин масъала Қурбон Ҳакимзода тазаккур дод, ки дар ин давра ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар вилоят 1028,44 сомониро ташкил кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,94 сомонӣ зиёд мебошад.
“Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Норак (1843,74 сомонӣ), Данғара (1433,37 сомонӣ), Ховалинг (1344,17 сомонӣ), Бохтар (1267,49 сомонӣ) ва Темурмалик (1102,05 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасон ба ҳаҷми музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо, пеш аз ҳама, рушди босуръати соҳаҳои хизматрасонӣ ва саноат мебошад”, – афзуд ӯ.
Дар ростои ин тадбирҳо ҷиҳати бо кор таъмин кардани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 342 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Дар ин ярмаркаҳо 2 ҳазору 663 корхонаю ташкилот иштирок карда, 4 ҳазору 276 корҷӯ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуда, 1 ҳазору 879 нафар ба касбомӯзӣ ва 374 кас ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуданд.
Дар иҷлосия, ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 15,7 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки суръати афзоиш дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019-ум 8,8 дарсадро ташкил дод. 9,1 дарсади ин нишондиҳанда ба самти рустанипарварӣ ва 7,8 фоизи он ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 426,3 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 481 гектар зиёд мебошад.
Раиси вилояти Хатлон, инчунин, аз масоили марбут ба маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки вазифаи муҳимтарини вакилони мардумӣ, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, фаъолони вилоят аз он иборат аст, ки минбаъд низ баҳри пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳо саъю кӯшиши боз ҳам бештар кунанд.

Зокир ҲАСАН, Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 242
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед