logo

иҷтимоиёт

ВАКСИНАИ COVID – 19. ЧАРО САРВАРИ ИНТЕРПОЛ ОНРО АНГЕЗАНДАИ ҶИНОЯТ МЕШУМОРАД?

Чанде пеш дар манзари шурӯъ шудани истеҳсоли ваксина ва оғози эмкунии шаҳрвандон дар соири кишварҳо дабири кулли Интерпол Юрген Шток хуруҷи амалҳои густурдаи ҷиноятиро пешгӯӣ намуд, ки барои аксарият ғайричашмдошт буд. Доруеро, ки чун балогардон садҳо миллион одамон моҳҳо интизор буданд, ба ҷиноят чӣ иртиботе?

ТОҚӢ БА ОСМОН ПАРТО!
Вируси СOVID-19 беш аз 80 миллион сокини сайёраро сироят, миллиардҳо одамро моҳҳо узлатнишин, кишварҳои бешуморро бо марзбандӣ аз ҳам ҷудо, иқтисоди ҷаҳониро хароб кард. Карантини саросарӣ, ниқобпӯшии оммавӣ, фосиладории ҳатмӣ тарзи кору рӯзгор ва муоширатро билкул тағйир доданд. Тӯли камтар аз як сол даст ба гиребони кишварҳову мардум задани се мавҷи маргбори коронавирус далели он буд, ки тадбирҳои корбастшуда тавони рафъи қатъии ин балоро надоранд. Ва чашми умеди ҳама ба олимон дӯхта шуд, то барояшон нӯшдору офаранд. Қудратҳо, ширкатҳои бонуфузтарин маблағҳои ҳангуфт ҷудо карданд, то ки олимону мутахассисон дар ин кори ҳаётан муҳим ва таъхирнопазир муваффақ бошанд. Онҳо бо дастгирии бесобиқаи молиявӣ ба ҷои чор - панҷ  соли маъмулӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат – дар ду-се моҳ ваксина офариданд ва тӯли каму беш ним сол пасу пеш онро аз озмоиши зарурӣ гузаронда, иҷозати истифода гирифтанд. Айни замон бештар аз 120 ваксинаи ихтироъкарда наздики 10 ададаш қобили истифода буда, аллакай, дар чанд мамлакат эмкунии гурӯҳҳои хавфнок – кормандони тиб, омӯзгорон, полисҳо, кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва чанди дигар шурӯъ шудаасту эмкунии оммавии шаҳрвандон соли 2021 роҳандозӣ мегардад. Яъне шод бояд шуду тоқӣ ба осмон партофт, ки нӯшдоруи гардани ковидшикан пайдо гашту баъди боз каме сабурӣ рӯзгори муътадили пешина барқарор мешавад.

МУБОРИЗА БАРОИ «ТИЛЛОИ МОЕЪ»
Дар чунин вазъияти шодмонии умум, ки баъди қариб як соли яъсу ноумедӣ ва фоҷиаҳои падруди азизон аз касофати SARS-CoV-2 ниҳоят шуълаи умед медамад, суханҳои раҳбари Интерпол аз бом тароша нест? Чунин наметавон гуфт, зеро Шток на танҳо каме парда аз саҳнае мебардорад, ки ба чашми шаҳрванди қонунсолор аён нест, ҳамчунин, аз ҷиноятҳои воқеие мегӯяд, ки масъалаи дастрасӣ ба ваксинаҳо метавонад онҳоро ангезиш диҳад. Худ қазоват кунед.       
"Ваксина – ин тиллои моеи соли 2021 (маъмулан чун амсилаи русии «тиллои сиёҳ» нафтро "тиллои моеъ» меноманд) аст. Он гаронбаҳотарин чизе хоҳад шуд, ки соли оянда тақсим мекунанд. Мафия ва  дигар  созмонҳои  ҷиноятӣ, аллакай, ба ин омодагӣ гирифтанд. Бо пайдоиши ваксина ҷинояткорӣ ҷиддан меафзояд. Барои ҳарчи тезтар ба ин маводи арзишманд даст ёфтан дуздӣ, ғорати анборҳо, ҳамла ба нақлиёти ваксинакашон, коррупсия дар маҳалҳо шиддат мегиранд. Ҳанӯз то бақайдгирии ваксинаҳо ҷинояткорон ваксинаҳои қалбакӣ паҳн мекарданд", - изҳор дошт Юрген Шток ба нашрияи Wirtschaftswoche.
Ба гуфтаи ӯ, пандемияи коронавирус ба ҷинояткорон имконияти нав дода, «пандемияи ҷинояткорӣ»-ро ба дунбол овард.

«НАЙРАНГ БО НАБЕРА»
"Дар собиқаи мадиди полисиям чунин зуҳуротро надида будам: вирус аз Осиё ба тамоми қитъаҳо паҳн мешавад, аз паси он бошад, мавҷи ҷиноят, ба ибораи дигар, пандемияи мувозии ҷиноятҳо. Гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз ибтидои пандемия дар фикри ба хазина табдил додани COVID-19 шуданд. Бо як фарқият. Агар қаблан дорувории қалбакӣ месохтанд, бо пайдоиши коронавирус дарҳол ба васоити қалбакии муҳофизатӣ – доруҳои зиддивирусӣ ва ниқобҳои пастсифат гузаштанд. Як мисол. Мо моҳи март мутобиқсозии амалиётро алайҳи роҳзании истеҳсолӣ дар 90 кишвар роҳандозӣ кардем. Имрӯз маълум шуд, ки онҳо ба маблағи 15 миллион доллар маводи қалбакии муҳофизатиро ба савдо задаанд", - тавзеҳ дод Шток.
Бадсиголон бавижа аз имконоти васоити муосири алоқа истифода мебаранд. Қаллобиеро ки қаблан бо номи «найранг бо набера» истифода бурда, ҷайби мардуми солхӯрдаро холӣ мекарданд, ёд оред. Ҷинояткорон ба ашхоси калонсол занг зада, худро ақрабои нафари ба бадбахтӣ афтода вонамуда, аз онҳо хоҳиши ба суратҳисоб пул гузарондан мекарданд. Дар ҷараёни пандемия ин фиребро «такмил» доданд ва ба мӯйсафедон акнун «хешовандон» занг мезананд, ки гӯё баъди сирояти коронавирус ба беморхона афтодаанд.

МУШКИЛОТИ СОЛИ МУШКИЛКУШО
«Гузариш ба низоми фосилавии кор низ ба ҷинояткорон имконияти нав фароҳам меорад, - мегӯяд Шток. - Муҳофизати сусти компютерҳои инфиродӣ ба киберҷинояткорон имкони воридшавӣ ба шабакаи ширкатҳоро медиҳад. Агар давлат дар ҷараёни буҳрони COVID ёрии молиявии аз бюрократия озодро тавассути интернет-порталҳо манзур кунад, ин ҳам олами ҷиноятиро ба худ мекашад, - рӯшанӣ ба дигар паҳлуи масъала андохт коршинос. - Онҳо маълумоти инфиродии дуздидаро истифода бурда, нафаронеро, ки барои гирифтани ёрӣ ариза додан мехоҳанд, ба сомонаҳои қалбакӣ равона месозанд».
Сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Интерпол, ба шарофати ваксина чӣ соли мушкилкушо шудани соли 2021-ро медонанд. Онро ҳам, ки дар пайи дастрассозии давои бемории ҳамагир ҷинояткорон метавонанд мушкилоти нав пеш оранд, ки дар ибтидо номбар шуданд. «Мо ба мубориза бо онҳо омодаем. Аз аҳли ҷомеа низ ҳамин тақозо мешавад. Танҳо дар ҳамин сурат тири разилон хок хоҳад хӯрд», - гуфтааст дар ниҳоят Юрген Шток, ки ба он чизе афзудан ҳоҷат надорад. 

Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 121
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед