logo

иҷтимоиёт

БА ФОИДАИ МАНУ МО. ЭНЕРГИЯИ ЭЛЕКТРИКӢ ВА ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ОН

Дар замони ҳозира тараққиёти саноат ва пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ аз истеҳсол ва истеъмоли энергияи электрикӣ вобастагии амиқ дорад.  Дар баробари зиёд шудани шумораи неругоҳҳои барқӣ, зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзоиши аҳолӣ низ ба чашм мерасад, ки онҳо истифодаи самараноки энергияро тақозо менамоянд.

Истифодабарии оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодабарии энергияи электрикӣ сарфаҷӯии энергия номида мешавад.
 Се омили асосии сарфаҷӯии энергия вуҷуд дорад:
1. Стандартикунонӣ;
2. Сертификаткунонӣ;
3. Метрология.
Истифодаи амалии энергияи электрикиро дар хонаҳо ба гурӯҳҳои зерин шартан тақсим кардан мумкин аст:
- гармкунии бино;
- хунуккунӣ;
- равшанидиҳӣ;
- шустушӯи либос (бо мошинаи ҷомашӯӣ);
- шустани зарфҳо (бо дастгоҳи зарфшӯӣ);
- аудиодастгоҳҳо;
- тайёр намудани хӯрок (бо печи электрикӣ);
- истифодаи дигар дастгоҳҳои электрикӣ (чангкашак, дарзмол, мӯйхушккунак ва ғайраҳо).
Сарфи тахминии энергияи электрикии дастгоҳҳои дар хоҷагии рӯзгор истифодашаванда чунин аст.
   
Вобаста ба ин чорабиниҳои сарфанок истифода бурдани энергияи электрикӣ дар хоҷагии рӯзгор ба шакли зерин тавсия дода мешавад:
- пайвасти рӯшноӣ дар ҷое, ки ба он эҳтиёҷ нест амалӣ нашавад (риояи ин қоида барои ҳамаи аъзои оила бояд ҳатмӣ бошад).
- ивази лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф, ки ҳамин миқдор рӯшноиро медиҳанд ва энергияро 70-80 дарсад кам истеъмол намуда, муҳлати истифодаашон 5-6 маротиба зиёд аст;
- истифодаи лампаҳои тавоноиашон гуногун вобаста аз рӯшноӣ дар ҷойҳои муайян, донистан зарур аст, ки ҳангоми чирк гирифтани лампа ва плафонҳо равшаннокӣ дар хонаҳо 10-15 дарсад паст мешавад;
- хомӯш намудани дастгоҳҳои электрикӣ, ки масофавӣ идора мешаванд (телевизор, радиотелефон) на танҳо дар шаб, балки дар вақти онҳоро истифода набурдан (аз хона баромадан, ҳангоми дам додан ва ғ);
- истифодаи мошинаҳои ҷомашӯӣ дар ҳолати пурбории пурраашон (ҷӯр намудани он ба ҳарорати кам). Донистан зарур аст, ки ҳангоми ҷомашӯӣ бо ҳарорати +90 градус селсия 3 маротиба зиёд энергия сарф мешавад, нисбат ба шустан бо ҳарорати + 40 градус селсия.
- паст намудани сарфи энергияи электрикӣ дар яхдон аз 40 то ба 25 дарсад бо чунин роҳҳо:
- мунтазам об кардани яхи камераи яхдон дар ҳолати ғафсии ях аз 5-10 мм зиёд будан;
- гузоштани яхдон дар масофаи муайян аз дастгоҳҳои гармидиҳанда ва таъсири ростаи нурҳои офтоб;
- таъмини фосилаи на кам аз 1-2 см гирдогирди яхдон;
- гузоштани хӯроквории хунук ба яхдон;
- кам кушода нигоҳ доштани дари яхдон;
- на кам аз як маротиба дар як сол тоза кардани чанг аз элементҳои гармиҷудокунанадаи яхдон;
- хомӯш намудани яхдон аз шабака ҳангоми ба як чанд рӯз аз хона рафтан.
Сарфаи энергияи электрикӣ дар сурати истифодаи печи электрикӣ:
- интихоби дег ё дигар лавозимоти дорои сатҳи ҳамвор, диаметри таги онҳо бояд ба андозаи 3 см нисбат ба сатҳи печи электрикӣ зиёд бошад;
- як чанд дақиқа пештар хомӯш намудани печи электрикӣ пеш аз пухтани хӯрок (дар вақти ҷӯшидан ё дам партофтан);
- истифодаи зарфи сарпӯшдор;
- иловаи миқдори муфиди об ба хӯрок;
илова ба ин
- васли васлакҳои автоматӣ дар ҷойҳое, ки зарурати равшаннокӣ ба муҳлати зиёд пешбинӣ нашудааст, масалан, дар даромадгоҳҳо ва зинапояҳои биноҳои баландошёна;
- дар вақти хариди дастгоҳи электрикӣ, пеш аз ҳама, набояд ба арзиши он, балки ба параметри энергиясарфакунӣ, мувофиқат намуданаш ба стандарту сертификат аҳамият дод, чунки дар вақти истифодабарӣ дастгоҳи энергиясарфакунанда самараи хуби иқтисодӣ медиҳад.
Яке аз роҳҳои пурсамар истифода бурдани энергияи электрикӣ дар хона ва корхонаҳо - ин риояи меъёрҳои равшаннокӣ мебошад. Вобаста ба ин тавсия дода мешавад, ки дар вақти интихоби лампаҳо масоҳати хона ба ҳисоб гирифта шавад.
Дар аксари ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки зарфи обро пур намуда меҷӯшонанд ва он об ба пуррагӣ истифода нашуда, боз хунук мешавад. Агар об бо миқдори зарурии истифодашаванда ҷӯшонда шавад, ин хеле муфид мебуд. Ҳамин тариқ, истифодаи пурсамари энергияи электрикӣ  имкон медиҳад, ки, пеш аз ҳама, буҷети оилавӣ танзим шавад.
Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри неъмати бебаҳои табиат расида, энергияи электрикиро сарфакорона истифода бурда, ба исрофи он роҳ надиҳад.

Лоиқ ҚАСОБОВ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 111
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед