logo

иҷтимоиёт

БАХТИЁР

Моҳи майи соли 2007, деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ (ҳозира Деваштич). Амаки Игамқули 85 – сола болои кати чӯбии солдидае, зери хавозаи токи ҳусайнӣ такя бар болишт дошт. Хони густурда, кулчаву чойи сабз, ширинӣ, нуқлу наво пешаш муҳайё буд...

Чун рӯзи зафар фаро мерасид, ҳушу хаёли мӯсафед ба солҳои мудҳиш, замони тираву тори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 рафт. Риштаи хотири боборо садои гуворову дилнишини набераи доноякаш Умедҷон гусаст:
- Салом, бобоҷон, аҳволатон чӣ хел?
- Хуб, ширинакам, намебинӣ, роҳат дорам.
- Бобоҷон, шумо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ?
- Медониву боз мепурсӣ…
- Лётчикҳои зӯри шумо кӣ буд?
- Оҳ – оҳ, ҷонакам, дар фронт лётчикҳои ас (қиркунанда), чусту фидоӣ зиёд буданд.
- Чандтояшро ном баред.
- Иван Кожедуб, Александр Покришкин, Николай Гастелло, Виктор Талалахин…
- Номи ин қаҳрамонҳоро шунидаам. Боз ягон зӯри дигараш ҳаст?
- Ҳаст, мисол Аҳмадхон Султон. Лётчикҳои ас зиёданд. Фаромӯш накун, ҷони бобо, он давра давлати мо СССР (Иттиҳоди Шӯравӣ) ном дошт. Ҳамаи миллату халқиятҳо, қатъи назар аз дину оин, мансубияти миллӣ, соли 1941 ба ҳимояи марзу буми Ватани паҳновари худ бархоста буданд.
- Фаҳмидам, бобоҷон, шумо хубаш дар бораи ҳамон аси ошноятон нақл мекардед, - бесаброна гуфт Умедҷон.
- Хуб, медонистагиямро ҳикоят мекунам. Аҳмадхон Султон лётчики қиркунанда буд. Падараш аз қавми лак, аз доғистониҳо, модараш аз тоторҳои Қрим буданд. Аз ин хотир, ӯро ҳам доғистониҳо ва ҳам тоторҳои Қрим фарзанди худ меҳисобанд.
- Зӯр – ку…
- Лётчики асро тоҷикон шаҳбол мегӯянд, - нақлашро идома дод бобо. – Аҳмадхон Султон ҷавонмарди бағоят нотарсу чолок буд. Ӯ бо самолёташ мисли уқоб, аз боло ба поён, бо суръати баланд, мисли тири фалахмон, сарозер ба самолёти душман дармеафтод. Вай рӯзи якуми ҷанг – 22 июни соли 1941 дар ҳайати полки 4 – уми ҳавоии қиркунандаи округи ҳарбии Одесса бар зидди фашистони гитлерӣ дар разм шуд.
Аҳмадхон Султон дар давраи ҷанг 603 маротиба ба «шикор» баромада, 150 муҳорибаи ҳавоӣ гузаронда, шахсан 30 самолёт ва дар ҳайати гурӯҳ 19 самолёти душманро нобуд кардааст.
Унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советиро фармондеҳи полки ҳавоии қиркунандаи эскадрилияи 9 – уми гвардиягии Байрақи Сурхдори Одесса – капитан Аҳмадхон Султон 24 августи соли 1943 сазовор шуд. Бори дувум ин унвони олиро (аллакай, майори гвардия) 22 июни соли 1945 гирифтааст.
- Бобоҷон, дар бораи ин шаҳбол аз кадом китоб хондед?
- Ҷони бобо, ман ҳам фронтовикам (ҷанговарам) ва дар он задухӯрдҳо – ҳимояи Ватани паҳновар ҳиссагузорам. Аҳмадхон Султон дар фронти Воронеж ҷангидааст, ман ҳам дар ин ҷабҳа ҷонбозиҳо кардаам. Ӯ дар осмон, ман бошам, дар замин немисҳоро мекӯфтем…
Умедҷон аз нақли бобо қаноатманд гашта, аз пайи иҷрои вазифаи хонагиаш шуд. Амаки Игамқул аз он ҷиҳат хушҳол буд, ки наберааш ҳушёру донояк гаштааст. Аз дигар сӯ, воқеаҳои 60 сол пеш ба вуқӯъ пайвастаро ба ёд оварда, пеши чашмонашро пардаи ғам пӯшонд.
Игамқул дар хонадон фарзанди аз ҳама калонӣ буд. Хабари аҳдшиканона ҳуҷум кардани Германияи фашистиро ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ аз радиои болои симчӯби байни деҳа шунида, беқарор гашт. Сафарбарӣ ба размгоҳ сар шуд. Игамқул низ аз комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома гирифт ва 12 декабри соли 1941 ба роҳ баромад.
Дар шаҳри Тошканд онҳоро ҷобаҷо карда, ба қатора шинонданд. Игамқули 19 – сола бори нахуст аз деҳа баромада буд ва ҳангоми ҳаракати поезд аз даштҳои беканору шаҳрҳои калон дар ҳайрат монд...
Игамқул Ишонқулов соли 1942 дар ҷабҳаи Воронеж бо фашистони истилогар дар набард шуд. Дар ҳайати полки 130 – юми тирандоз ҷангкунон то ба Берлин расид. 9 майи соли 1945 шаҳди ғалабаро чашид, ҳамроҳи ҳамяроқонаш сидқан шодиву хурсандӣ кард. Хидматро идома бахшид ва боз чанде дар госпитали ҳарбӣ табобат гирифт.
Сарбози қаторӣ Игамқул Ишонқулов соли 1946 ба зодбум баргашт. Ба назди волидону пайвандон ва ёру диёр. Аммо сарбозро дар хона хабари нохуше интизор буд…
***
СЕ ҚАЙД АЗ ШАҲОДАТНОМАИ ҲАРБИИ ИШОНҚУЛОВ ИГАМҚУЛ,
НТ № 1887822
* Полки 130 – юми тирандоз – тирандоз – декабри 1941 – июли 1942.
* Полки 41 – уми тирандози гвардиягӣ – тирандоз – июли 1942 – июни 1945.
* Ротаи алоҳидаи 33 – юми танкӣ – ошпази хурд – июни 1945 – ноябри 1946.
***
Соли 1940, то ба аскарӣ рафтан, Игамқул оиладор ва соҳиби як писар буд. Баъди бозгашт ба хона, аҳли хонавода ба ҷанговар фаҳмонданд, ки ҳамсарат кайҳо шавҳар кардаасту зиндагии осоишта дорад…
Игамқул як сол беқарору дарғазаб гашта, танҳо соли 1947 бо ҳидояти пайвандон ба духтари хешашон – Мория хонадор шуд. Зиндагии сарбоз оҳиста – оҳиста ҷараёни тоза гирифт. Солҳои 1947 – 1960 дар бунгоҳи ширқабулкунии колхози ба номи Алишери Навоии ноҳияи Ғончӣ (Деваштич) ба сифати қаймоқгир (сепараторчӣ) адои вазифа намуд. Соли 1960 коргоҳи онҳоро ноҳиявӣ карданд. Ва ӯ то соли 1975 дар ҳамон вазифааш заҳмат кашид. Пас аз ба нафақа баромадан, чанд соле колхозчӣ буд.
Игамқулу Мория зиндагии хушу осуда доштанд. Якҷо 10 фарзандро ба воя расонданд. Абдуқодир, Ғуломиддин, Муродҷон, Нишоналӣ, Комила, Абулқосим, Мазбутҷон, Маҳбуба, Раҷабалӣ ва Маҳмудҷон ҳама имрӯз соҳиби хонаву дари ободанд…
Хидмати шоёни сарбози қаторӣ Игамқул Ишонқулов бо ордени Ҷанги Ватании дараҷаи II, медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945», «Ветерани меҳнат», медали Жуков ва ҳафт медали ҷашнӣ қадр шудааст…
Риштаи хаёли боборо Умедҷони донояк барканд:
- Бобоҷон, толеи шумо баланд будааст, а…
- Нафаҳмидам, - ҳайрон монд мӯсафед.
- Имрӯз муаллими Одил гуфтанд, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 25 миллион зиёд ҷанговарону аҳолии СССР талаф ёфтааст.
Амак фурсате хомӯш монда, хулоса бурд:
- Ҳа, ҷони бобо, ман бахтиёрам. Аз ман баҳравар кас кӣ ҳам мебуд. Бо чор ишкели дуруст аз ҷанг ба назди падару модарам баргаштам. Соҳиби хонаву дари обод, 10 фарзанд, як қиёмат набера шудам. Ту барин ҷигаргӯшаи донояк дорам. Дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем. Шукронаи умри Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мо сулҳ овард, баракат овард…
Пири барнодил ин гуфту бо меҳрубонӣ набераашро ба оғӯш кашида, аз ҷабинаш бӯсид ва гиребон ғунча кард.

Умари ШЕРХОН,
публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 96
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед