logo

фарҳанг

СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ҲУМОЮН БОД!

Соли 2020: "Ман шуморо дар ниқоб нашинохтам".
Соли 2021: "Ман шуморо бе ниқоб нашинохтам".

Соли нав ҷашни тазодҳост: дар кӯча барф ва сардию торикӣ, вале дар хона фазои офтобӣ ва танини хандаю шодӣ. Пас, Худо кунад, ки давоми сол ҳам новобаста аз ҳавои берун: талотуми барқу боду борон дилҳои мо ҳамеша тоза ва нарму офтобӣ бошанд!


БАҚАР
Мушу Бақару Палангу Харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ Наҳанг ояду Мор.
Мутобиқи солшумории қадими ниёкони мо  соли Муш - соли кабисаи 2020, ки бо хуруҷи коронавирус дар таърих ҳамчун соли вазнин нақш монд,   дар соли 2021 ваколатҳои худро ба Бақар (гов, буққа) месупорад. Бо ҳамин мучали Муш, ки солшумории 12 – гона бо вай оғоз ёфт, анҷом мепазирад. Аз рӯи солшумории расмии давлатӣ ба ҷойи Муш ба тахти шоҳӣ нишастани Бақар соати 00.01 - и 1-уми январ ба вуқӯъ мепайвандад. Аммо мутобиқи солшумории мардуми Чин Бақар 12 феврали соли 2021 соати 3-ву 05 дақиқа бо вақти Пекин ба маснади раёсат менишинад. Барои мо Соли нав 21 март бо  қадами мубораки Наврӯзи оламафрӯз - Ҷашни байналмилалӣ дар соати баробаршавии шабу рӯз фаро мерасад ва аз ҳамин вақт Бақар ба иҷрои вазифаҳояш мепардозад.
Таҳияи Қ. МАДАЛИЕВ


АЗ МУЧАЛИ НАВ ЧИРО ИНТИЗОР ШУДАН МУМКИН?
Бояд гуфт, ки Бақар ба замин ва барзгар сахт наздику вобаста аст, аммо шахсе, ки дар мучали Бақар ба дунё омадааст, танҳо ба неруи худ итминон дорад. Аз рӯи хислат ин мучал гармидӯст аст. Аз ин рӯ, метавон ҳадс зад, ки дар соли Бақар баҳор хуб меояд, селу боронҳои шадид ва яхбандиҳо намешаванд, деҳқон дар шароити муътадил ба киштукор оғоз мекунад, дарахтон ғарқи гул мешаванд, сабзаҷот низ ҳосили фаровон медиҳад. Махсусан, маҳсулнокии чорво боло меравад ва дастархони мардум аз равғану гӯшт, ширу сарширу чака моломол мегардад. Яъне, соли Бақар барои кишоварзону боғдорон ва чорвопарварон бафайзу баракат меояд. Фаровонӣ мешавад. Зеро Бақар якраву гарданшах бошад ҳам, басо заҳматкаш аст.
Корхонаҳои саноатӣ низ аз буҳрони молиявию иқтисодӣ раҳо меёбанд.  Бақар, аз рӯи гуфти фалакшиносони қадими Чин, бо як хислаташ аз дигар мучалҳо фарқ мекардааст: беҳад филиздӯст будааст. Филиз (металл) нишонаи сардӣ, шаб ва тирамоҳ аст, мегӯянд ситорашиносҳо, дар айни замон, сахтӣ ва тезӣ низ хоси он аст. Дар қадим пулро аз мис, биринҷӣ, нуқра ва тилло сикка мезаданд, яъне дар ин сол буҷети мардум ва ҳам хазинаи давлат ба шарофати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, неруи барқ аз пул ғанӣ мегардад. 
Таҳияи М. ҚУРБОН


ТАВСИЯҲОИ СИТОРАШИНОСОН БА БОНУВОН
Дар замонҳои қадим бонувони дарбори император Шан дар соли ҳукмронии Бақар либоси сафед мепӯшидаанд. Ба ақидаи онҳо, ранги сафед Бақарро ба хашм намеорад ва сол бо хушию пирӯзӣ ва хушбахтӣ паси сар мешавад. Дар фарҳанги анъанавии чиниён, ранги сафед ранг нест, балки ибтидои садҳо  ранг аст. Аз он метавон дигар рангҳоро сохт. Яъне, мучали Бақар ибтидои ҳамаи амалҳои нек барои бонувон дар солҳои минбаъда аст. Масалан, агар дар соли Бақар оила барпо намоед ё ба донишгоҳ дохил шавед ва ё ба бизнес даст занед, солҳои оянда метавонед соҳиби насли солим, ихтисоси хуб ва ҳам дар тиҷорат комёб гардед. Он гоҳ ранги сафед ба дилхоҳ ранги дӯстдоштаатон табдил хоҳад ёфт.
Бонувон – сарварони хоҷагиҳои деҳқониро ҳосили баланд, боду ҳавои мусоид дар пеш аст. Бориши пуршиддат, селу жола, обхезӣ, ҳуҷуми ҳашарот, аз қабили малаху тортанак, кам ба амал меоянд. Барои занону духтарони ҳунарманду косиб низ соли 2021 соли эҷоду комёбӣ мегардад. Духтараки дипломдоре, ки имсол ба кор медарояд, оянда роҳбари муваффақ хоҳад шуд. Бақар бекориро дӯст намедорад. Ҳамчунин, аз гапи зиёд низ безор аст.  
Агар тифл дар зимистон чашм ба олами ҳастӣ кушояд, солим, неруманд ба воя мерасад ва аз ягон душворӣ намеҳаросад.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


АЛОМАТҲОИ ХОССАИ 1 ЯНВАР
• Чунин мепиндоранд, ки агар дар рӯзи 1 январ дар хона бозичае аз арчаи солинавӣ ва ё зарфе аз дастархони идона банохост афтода шиканад, ин ба некист. Воқеан, барои он ки омади кор тамоми сол ҳамсафари шумо бошад, қисмҳои шикастаи зарф ё бозичаро зуд ҷамъ оварда на ба сатили партов, балки берун аз остонаи хона партоед.
• Боз гӯянд мучалшиносон, ки агар 1 январ аз мағозае ва ё бозор нархро  арзон карда чизе харед, ин харид ҳам дар кори идора ва ҳам дар фаъолияти молиявӣ дар 365 рӯзи оянда бароятон барор меорад. Дар навбати худ, ба фурӯшандае, ки дар ин рӯзи муборак ба харидор бо нархи нисбатан арзон чизе фурӯхту ӯро хурсанд намуд, то Соли нави оянда комёбӣ ёр мешавад.
• Билохир, боварҳои якумиянварии зиёде вобаста ба ҳаво ва ҳосили оянда вуҷуд доранд. Масалан, чунин гуфтаанд кишоварзони пеш, ки агар дар рӯзи 1 январ барф борад, он гоҳ дар тобистон ҳосили гандум пурбор хоҳад шуд. Шаби софи беабр нишонаи серҳосилии меваҳои буттагӣ, шаби пуршамол аломати пурбории чормағззоранд. Агар субҳидам шохчаҳои дарахтонро қирав пӯшонад, барои боғдорон аломати хубест. Зеро ҳашароти зараррасон мемиранд ва меваҳоро кирм намезанад ва дар тирамоҳ ҳосили зиёд ба даст меояд.
Албатта, на ҳамаи нишонаҳо ва расму одатҳои мардум сад дарсад ҷомаи амал мепӯшанд, аммо дар пасманзари онҳо пандномаи орифон, орзуву омоли халқҳои тамоми ҷаҳон, ки ба рӯзҳои нек умед мебанданд, нуҳуфтаанд.
Таҳияи Қ. МАДАЛИЕВ


Аз БОБОИ БАРФӢ то БОБОИ ГАРМӢ
Таҷлили Соли нав аз Месопотамияи Қадим ибтидо мегирад. Он ҷо ҳанӯз 3000 сол пеш аз милод одамон оғози Соли нави тақвимиро ид мекарданд.
хххх
Вақте хӯрок кам буду қути лоямут бо машақкати зиёд ҳосил мешуд, эстониҳо соле як рӯз пурхӯриро ба ҳукми анъана даровардаанд. Дар Соли нав онҳо паси дастархони идона ҳафт  маротиба менишинанд. Тибқи пиндор, ин дар соли меомада некуаҳволӣ (шикамсерӣ)-ро  таъмин мекунад. Баъзеи онҳо дар ин рӯз на нуҳ, балки дувоздаҳ маротиба ғизо мехӯранд. Зеро дар Эстония рақамҳои 7, 9 ва 11 бобарор маҳсуб меёбанд.
хххх
Дар Чили яке аз анъанаҳои ғароиби солинавӣ роиҷ аст. Бумиён ба қабристон меоянд, то ки Соли навро якҷоя бо азизону ақрабои фавтидаашон ҷашн гиранд. Анъанаи мазкур ду садсола идома дорад ва тибқи ривоят, аз он шурӯъ шуд, ки фарзандон дар рӯзи охирини сол ба қабристон омадаанд, то ки назди падари марҳумашон бошанд. Акнун ҳамасола 31 декабр соати 11 мири шаҳр дарвозаи сарманзилро мекушояд ва ҳазорҳо одам зери нури чароғҳои фурӯзон ва навои мусиқӣ назди пайвандонашон мешитобанд.
хххх
Дар арафаи Соли нав дар Тибет санбӯса пухта, ба роҳгузарон тақдим медоранд. Сарват, ба пиндори онҳо, дар Соли нав аз теъдоди санбӯсаҳои хайркарда вобаста аст.
хххх
Дар кишварҳои ҷанубӣ, ки на сардӣ ҳасту на барф, лоилоҷ дигар қаҳрамонҳоро истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар Камбоҷа ба ҷои Бобои Барфӣ Бобои Гармӣ маҳбуби хурду калон аст.
Таҳияи Х. ҶОВИД


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ АЗ ТАЪРИХИ СОЛИ НАВ
- Нахустин бор Соли нав бо амри Сезар 1 - уми январ, беш аз 2000 сол қабл, таҷлил гардида буд.
***
- Дар Чин Соли нав дар яке аз рӯзҳои шурӯъ аз 21 январ то 21 феврал таҷлил мегардад.
***
- Анъанаи ороиши арчаи солинавӣ аз соли 1895 шурӯъ гардидааст, ки он дар назди Қасри сафед-и ИМА гузошта шуд.
***
- Дар Ветнам Соли навро «Тет» меноманд.
***
- Дар Россия ҷашнгирии солинавӣ аз 1 январ бо амри Пётри 1 роҳандозӣ гардида аст.
***
-  Аввалин маротиба дар дунё корти табрикии солинавӣ 1843 дар Лондон чоп гардида буд.
***
- Дар Соли нав туҳфа намудан дар Рими Қадим ба миён омадаст.
***
- Арчаи калонтаринро дар дунё дар Рио – де – Жанейро, пойтахти Бразилия, ороиш медиҳанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СОЛИ НАВРО ЧӢ ГУНА ҶАШН МЕГИРИФТАНД?
Соли навро ҳанӯз аз замонҳои қадим ҷашн мегирифтанд. Археологҳо ҳини кофтуков аз Мисри Қадим шикастпораи хурдеро бо навиштаҷоти «Ибтидои Соли нав» пайдо намуданд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар Мисри Қадим Соли навро ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн мегирифтанд, ки он тақрибан ба охирҳои  моҳи сентябр рост меояд.  Мардуми Мисри Қадим дар Соли нав ҳайкалҳои  худояшон Амон, зани ӯ ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил  шино мекарданд. Одамон  дар ин муддат дар даруни  киштӣ базм меоростанд. Сипас, ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд. Оғози сол аз 1 январ аз ҷониби Юлий Сезар, соли 46-уми  то милод ҷорӣ шудааст. Одамон ба ин муносибат хонаҳояшонро оро дода, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим мекарданд: ғуломон бо хоҷаҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Онро дар тақвими юлианӣ ҷой дода, дар тамоми Аврупо паҳн кардаанд.
Соли нав аз рӯи ҳисоби вақти минтақавӣ нахустин шуда дар Уқёнуси Ором оғоз мешавад, ки онро сокинони ҷазираҳои Лайни Ҷумҳурии Кирибати ҷашн мегиранд.
Соли навро аз рӯи ҳисоби вақти минтақавӣ охирон шуда сокинони Самоаи Амрикоӣ, ҷазираҳои Мидуэи ва Ниуэ ҷашн мегиранд. Воҳидҳои номбурда дар минтақаи соатии UTC - 11 ҷойгир буда, вақти онҳо аз Тоҷикистон 16 соат ақиб аст.
Сафар ЭРКАЕВ, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров


ҚАДРИ ҲАМДИГАР БИДОНЕД!
Имсол ҳам гузашт. Дар ин сол баъзеҳо тохтанду баъзеҳо бохтанд. Бисёриҳо ба дунё омаданду хелеҳо аз нафас уфтоданд. Касоне, ки омаданд, хуш бошанд ва онҳое, ки барои абадӣ рафтанд Худо биомӯрзадашон. Зиндагӣ бисёр аҷиб аст. Аксарият одамон мегӯянд: «Дунё бевафост». Асос ин аст, ки мо бояд вафодор бошем. Гоҳо тазодҳои зиндагӣ имконият намедиҳанд ҳар нодидаро бинему гулҳои ночидаро чинем. Аҷиб аст. Одатан, зиндаҳо ба гулу муҳаббат ниёз доранд ва мурдаҳо ба дуову фотиҳа. Вале аз чист, ки  гоҳо баръакс  амал мекунем. Ба мурдаҳо гул мебарему роҳат фотиҳаи зиндаҳоро мехонем. Маъмулан, фурсати бо ҳам будан камтарин аз умри шукуфаҳост. Биёед, дар Соли нав пайи ислоҳи камбудиҳои соли гузашта бошему боарзиштарин чизҳоро аз ҳамдигар дареғ надорем. Ба  қадри ҳамдигар бирасему ҳамдигарро дӯст дорем!
Г. САЪДОНШО


ЛАТИФАҲОИ СОЛИНАВӢ
Ду марде вомехӯранд, ки дар Соли нав Бобои барфӣ шуда, пайи даромад мегаштанд.
Яке ба дигаре мегӯяд:
– Ту метавонӣ хонаи мо рафта, духтарчаамро табрик кунию туҳфаи солинавӣ супорӣ?
– Барои чӣ худат намеравӣ?
– Медонӣ, нархи хизмати ман бисёр гарон…
хххх
Духтарак ба модараш дар оростани хони солинавӣ ёрӣ медиҳад. Кордро гирифта ду пораи калону ғафси панир мебурад.
– Ширинҷон, кӣ ин хел панир мебурад? Панир бояд борику тунук бошад!
– Очаҷон, ин барои худам!
хххх
— Ҷони ширин, дар Соли нав бароят чӣ туҳфа кунам?
— Ой, азизам, ман ҳатто намедонам чӣ гӯям…
— Ин хел бошад, ба ту барои фикр кардан боз як сол вақт медиҳам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҷ. ХУРШЕД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2020    №: 252    Мутолиа карданд: 305
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед