logo

фарҳанг

ДЕҲИ МАН – ЯК ПОРАИ ХОКИ ВАТАН

Деҳи ман. Зодгоҳам - деҳаи Сари Пули (пешина Кичикзии) ноҳияи Тоҷикобод, ту як пораи боғу бӯстони Тоҷикистони азиз ҳастӣ.
Агарчи садсолаҳо боз арзи ҳастӣ дорӣ, мехоҳам дар бораат баъзе далелҳоро рӯйи коғаз биёварам, то наслҳои ояндаат аз чунин зодгоҳ фахр дошта бошанд.
Моҳи марти соли 1921 Инқилоби Октябр дар Раштонзамин ғалаба кард. Фарзандони ту аз авалинҳо шуда, Инқилоби Октябрро пазируфтанд.
Ташкили курсҳои маҳви бесаводӣ аз аввалин чорабиниҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар деҳа мактаби ҳафтсола (соли 1925) ташкил шуд.
Деҳи ман. Фарзандонат колхози «1 – уми май» - ро ташкил намуда, бо дасту дили гарм кор ва деҳаашонро обод мекарданд. Кандани канали калон, сохтмони роҳҳо, бинои мактаб, фермаи парвариши чорво асосҳои ободии деҳа ва ба кор бештар ҷалб намудани одамон буданд. Ташкилшавии Ҷумҳурии Худмухтор (соли 1924) ва Ҷумҳурии Мустақили Тоҷикистон (октябри 1929) аз пайдоиши давлати ҷавони тоҷикон дарак дода, боиси фараҳмандию рӯҳбаландии мардум гардид.
Деҳи ман. Баробари Тоҷикистони азиз пеш мерафтӣ, тараққӣ мекардӣ, вале… Моҳи июни соли 1941 бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба СССР Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Ба Ватан хатари сахт таҳдид менамуд. 53 нафар фарзандонат ба муҳофизати Ватан бархостанд. Дар ақибгоҳмондагон шабу рӯз меҳнат намуда, ба фронт бо хӯрокворӣ, сару либос, маблағ барои колоннаи танкӣ ва эскадрилияи Тоҷикистон ёрӣ мерасонданд. Ғалларо бо амад қад – қади дарёи Сурхоб то Ғарм ва аз он ҷо бо аспу шутур ба Душанбе мебурданд.
Аз ин ҷанги хонумонсӯз 17 нафар фарзандони шуҷоат (баъзеҳо маъюб) ба деҳа баргашта, дар ободии деҳа ҳиссагузорӣ намуданд. Ҳамаи  онҳо бо ордену медалҳои бисёре баргашта буданд. 36 нафар фарзандонат макони охирати худро дар даштҳои нопайдоканори Россия, Беларус, Украинаву Молдова ва мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ дарёфтанд. Рӯҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад. Чор нафар фарзандонат - Маҳмад Сурхаков, Балаҷон Исоев, Мурод Сандалов ва Маҳмадҷон Зоиров ҷангкунон то лонаи фашистон – шаҳри Берлин рафта, сиҳату саломат ба деҳа баргаштанд.
Деҳи ман. Баъди Ғалаба андаке нафаси тоза гирифтӣ. Фарзандонат ба корҳои осоишта ва ободонӣ машғул буданд. Аммо боз офати дигаре ба сарат омад. Заминларзаи мудҳиши Ҳоит (июни соли 1949) ҳамаи биноҳоро ба хок яксон кард. Бисёр фарзандонат, аз ҷумла занону кӯдакон, зери хок монданд. Ту ба як харобазор монанд будӣ. Фарзандонат туро дар соҳили чапи дарёчаи Шӯрак аз нав эҳё намуданд. Хурду калон барои ободии ту камар бастанд. Дар баробари хонаю оғил фермаи чорводорӣ, мактаб, осиёб, чойхона, мағоза месохтанд. Тадриҷан аз нав обод шудӣ. Фарзандонат мактабҳои олию техникумҳоро хатм намуда, дар пешравии деҳаю ноҳия ҳиссагузор буданд.
Деҳи ман, фахр кун! Фахр кун, ки фарзанди ту Ғаффор Ашуров аз байни фарзандони Раштонзамин яке аз аввалинҳо шуда, мактаби олиро дар шаҳри Москва хатм кард ва ба корҳои илмӣ машғул шуд. Ҳоло узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ мебошад. Фахр кун, ки фарзанди дигарат Саидраҳмон Сулаймонӣ яке аз беҳтарин донандагони забони арабӣ дар давлатҳои пасошӯравӣ эътироф шудааст. Ӯ дар озмуне, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла тамоми давлатҳои арабзабон, тирамоҳи соли 2018 дар давлати Қатар доир гардида буд, ғолиб омада, парчами Тоҷикистонро баланд бардошт.
Деҳи ман, фахр кун! Фахр кун, ки ягон деҳаи ҷумҳурӣ ду нафар Ҳофизи халқии Тоҷикистон надорад. Аз чор нафар ҳофизони халқии ноҳияи Тоҷикобод ду нафарашон - Иброҳим Кобулиев ва Зулфиқор Исмоилов фарзандони ту мебошанд.
Деҳи ман. Мо бояд фахр кунем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ду маротиба дар як гӯшаи боғи хушманзарат пешвоз гирифтем. Бори аввал моҳи августи соли 2008 бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуда, ба марҳалаи дуюми сохтмои шоҳроҳи Душанбе – сарҳади Қирғизистон ҳусни оғоз бахшиданд. Бори дуюм моҳи июни соли 2019 Пешвои миллатро боз дар ҳамон мавзеи дилрабо пешвоз гирифтем.
Деҳи ман, шукр кун! Шукри Истиқлолият, ки рӯз ба рӯз зебо ва ободтар шуда истодаӣ. Давоми 29 соли Истиқлолият 55 нафар фарзандонат, аз ҷумла 8 нафар занон, ба зиёрати Хонаи Худо шарафёб шуданд.
Шукр кун, ки фарзандонат хонаҳои хуштарҳи замонавӣ сохтаанд, ҳама кӯчаҳоят сангфарш, чароғон, мардум бо оби нӯшоӣ таъмин – ба деҳа не, ба як шаҳраки замонавӣ монанд шудаӣ.
Деҳи ман. Фаромӯш накун, ки дар ҳама ҷо дар ҳама давру замонҳо дар байни одамон нохалафон, золимон, фосиқон буданду ҳастанд, ки ба мардум бо ҳар роҳу восита зулм мекарданд. Дар байни фарзандони ту ҳам ҳамин хел шахсон буданд, ки айём ба онҳо ҷазои сазовор дод. Аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби назҳати исломӣ, ки дар байни онҳо чанд нохалаф аз ин деҳа низ буданд, гурӯҳҳои ҷиноятпеша, зиддихалқӣ, зиддидавлатӣ ташкил карданд. Як сабаби ҷанги шаҳрвандии ҷумҳурӣ иғвову дасисаи ҳамин хел ашхос буд. Наҳзатиҳо чун каждуми зери бурё аз ҳар куҷо сар бароварда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, ки оқибаташро насли калонсол дар ёд дорад: 150 ҳазор нафар фарзандони Ватан кушта шуданд, 55 ҳазор нафар кӯдак ятим, 25 ҳазор нафар занон бешавҳар монданд. Ту ҳам аз ин қурбониҳо дар канор намондӣ, чандин фарзандони беҳтарини худро талаф додӣ.
Деҳи ман. Фарзандони асиле дорӣ, ки дар корҳои ободонию созандагӣ пайравони Пешвои миллатанд, баҳри ободонӣ доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вақте ки мардум аз оби нӯшоӣ танқисӣ мекашиданд, бародарон Қаноатшо, Аҳмадшо ва Шарафҷон Идиевҳо аз масофаи 14 км хати оби нӯшоӣ кашиданд.
Деҳи ман. Ба шаҳраки замонавӣ монандӣ: мактаби дуошёнаи муҷаҳҳаз бо ҳама ашёи зарурӣ, бунгоҳи ҳозиразамони тиббӣ, масҷиди намози панҷвақта, мағозаҳо ва ғайра аз ободию пешрафти ту дарак медиҳанд. Маркази савдои Идиевҳо яке аз калонтаринҳо дар ноҳия мебошад. Вақте ки ба дигар деҳаҳо, ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе меравам, корҳои ободонию созандагӣ ва пешрафтро мебинам, ҳис мекунам, ки ҳамаи инҳо аз талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд ва рӯз аз рӯз Тоҷикистони азиз ободу зебо шуда истодааст. Ба қавли Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода:
Агар фирдавс дар рӯи замин аст,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Деҳи ман. Мо - фарзандонат дар атрофи давлату Ҳукумати Тоҷикистони азиз муттаҳидем. Ба гуфти шоири зиндаёд Ғаффор Мирзо:
То лаб тару хун дар рагу гармист баданро,
То дил накунад бас ҳаракат, мижа заданро,
То қувва ба бозуст хаму рост шуданро,
Аз каф надиҳам домани мақсуди Ватанро.
Ин аст ба Модар, ба Ватан рози дили ман,
Бигзор ҷаҳон бишнавад овози дили ман.

Ҳоҷӣ  БЕКМАТ,
нафақагир, ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2021    №: 2    Мутолиа карданд: 240
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед