logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ТАЪМИНИ НИЗОМИ ЗИНДАГИИ МАНУ МОСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз суханрониҳои пурмуҳтавояшон чунин гуфта буданд: «Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем…».
Бале, ин гуфтаҳои наҷибу дилсӯзона, пураҳамияту нафъовари Пешвои муаззами миллатро, қабл аз ҳама, мо – омӯзгорон, хоса имрӯзиён, бояд ба пуррагӣ дар амал татбиқ намоем. Ҷиҳати амалӣ гардидани чунин таъкидҳои Сарвари маҳбуби кишварамон тамоми кӯшишу ғайратамонро равона созем.
Имрӯзҳо бояд, воқеан ҳам, дарк намуд, ки қонуни зикршуда дар тӯли зиёда даҳ соли фаъолияти худ барои мардуми мо, аслан, саодату хушҳолӣ, фараҳу нишот ва ба рӯзгорашон файзу баракати бештару муносибе ҳадя намуд. Зеро  баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилот боз нафароне пайдо шуданд, ки бо аъмоли худхоҳонаи худ мардумро ба оростани маъракаҳои пурдабдабаю сермасраф то ҷое маҷбур мекарданд. Бо ин амалашон дар қалби мардум оташи нафрату кинаю адоватро бедор менамуданд. Маъракаороӣ барои ин тоифа ба як мусобиқаи бемаъниву беохир табдил ёфта буд.
Имрӯзҳо дар чаҳор ноҳияи пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади санҷидани тарзи коргузорӣ ва пурзӯр намудани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳии комиссияҳои  ҷамъиятӣ рейду санҷишҳо гузаронда мешаванд. Ҳадаф аз ин корҳои тарғиботӣ ҳамон аст, ки нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пуррагӣ амалӣ гарданд.
Дар тағйироту иловаҳо ба масъалаи баргузор намудани маъракаи хатнасур диққати асосӣ дода шудааст. Зеро бо баҳонаи хатнасур баъзеҳо бисёр маросимҳои манъшударо доир менамуданд. Бо ин мақсад дар қонун тағйироти ҷиддӣ, ки ба манфиати буҷети оила мебошад, ворид карда шуд. Тибқи тағйироти нав хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронда мешавад. Хатна аз рӯзи таваллуди писар бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад.
Дар роҳи амалӣ гардидани нияту мақсадҳои неке, ки ба нафъи ҷамъият аст, пеш аз ҳама, мо – омӯзгорон ва, умуман, аҳли ҷомеа бояд дастаҷамъона амал намоем. Ҳамчунин, дар амалӣ шудани ин қонуни миллӣ ва пешгирии исрофкорию зиёдаравиҳо дар маъракаю маросимҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ бо мақоми ваколатдор ҳамкории судманд бояд дошта бошанд.
Итминони комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо дар ин ҷода ба дастовардҳои боз ҳам бузургтаре ноил хоҳем шуд. 
 
Фирӯза ШАРИПОВА, 
омӯзгори МТМУ № 76- и ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 340
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед