logo

маориф

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи гузарондани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ, ҳамчунин, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таҳкими худогоҳию худшиносӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа тарҳрезӣ шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни моҳияти таълимиву тарбиявӣ ва маърифатию фарҳангидошта яке аз бузургтарин дастовардҳо ба шумор меравад. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо вуҷуди соли дуюм баргузор шуданаш, миёни ҷомеа шуҳрати махсус пайдо карда, шавқу завқ ва меҳру муҳаббати наврасони аз панҷсола то пири ҳафтодсола ва шинохту дарёфти беҳтарин соҳибистеъдодҳо, лаёқатмандон ва муштариёни сухану маърифату фарҳанг бедор кард. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» минбари озоди сухан тобиши чеҳраҳои аслӣ ва истеъдодҳои нодиру фавқулода ва арзандаю сазоворро муайян намуд.
Озмун барои миллату кишвар чеҳраҳои зиёди соҳибистеъдодҳоро аз ҳисоби наврасону хонандагон, донишҷӯёну магистрон, аспирантону омӯзгорон, кормандони дигар соҳаҳо ва нафақагирон муаррифӣ намуд, ки боиси ифтихор аст. Дурахши «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», пеш аз ҳама, ба меҳнату заҳмат, иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо ва ҳисси баланди масъулиятшиносии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони онҳо вобаста аст, ки албатта, шоистаи таҳсин аст. Тибқи маълумоти оморӣ аксарияти ширкаткунандагонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳо ташкил доданд. Чунин ҷараён гирифтани озмун ҳар яки моро муваззаф месозад, ки барои расидан ба ҳадафу моҳияти ин иқдом роҳу усулҳои навро ҷустуҷӯ намуда, боз ҳам шавқу завқи намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба китобу китобхонӣ бештар ҷалб созем. Зеро воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ тақозо менамояд, ки китобхонаҳо ҷиҳати қонеъ гардондани эҳтиёҷоти хонандагон самту ҳадафи фаъолияти хешро ба вижагиҳои ин ҷомеа созгор намоянд.
Китобхонаҳо ҷиҳати такмил бояд бо адабиёти наву ҷолиб ва ба ибораи дигар китобҳои электронӣ таъмин гарданд. Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурусти зиндагиро дарёбад ва аз таъриху фарҳанги миллати худ бохабар шавад. Шавқи ҳаводорони олами китобро ба назар гирифта, дар оянда мақсад дорем китобхонаро ба пуррагӣ ба таври электронӣ пешкаши хонандагон намоем. Зеро ҳар фарде, ки имрӯз ба китобхонӣ меояду аз махзани бебаҳои он истифода менамояд, бешубҳа, соҳиби маърифати комил ва камолоти баланди ақлонӣ мегардад.
 
Умеда ХОЛМУРОДОВА,
омӯзгори гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 897
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед