logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ДАҲ СОЛИ ЗИНДОН
ба парасторе, ки тағояшро кушт
Суди шаҳри Турсунзода шаҳрванд Александр Муминовро барои қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани тағояш - Темур Холмуродов ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, маҳкумшуда бо тавсияи модараш аз моҳи март то октябри соли 2020 тағои пиронсолашро, ки марди танҳо буд, парасторӣ кардааст. Вале чун хабардор мешавад, ки Темур Холмуродов манзили истиқоматиаш дар шаҳри Турсунзодаро ба нафари дигар васият намудааст, қасд ба ҷони ӯ кард. Номбурда аз ин рафтори ба андешааш «ноодилона» хашмгин шуда, дар ҳолати мастӣ тағояшро латукӯб, сипас бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба А. Муминов бо моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба дасти суд супурд. 
Бар пояи ҳукми суд номбурда, муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад намуд.
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Мардумфиребе, ки ислоҳ нашуд, боз ба толори суд рафт
Шаҳрванд Назар Бобоқулзода, ки қаблан дар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳкум гардида буд, ин навбат барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хабар  дод,  ки  парвандаи  ҷиноятӣ нисбат ба Н. Бобоқулзода бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятӣ баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид. 
Номбурда соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон С. Алимназарова барои омода карда додани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии “Умар”-и ноҳияи Шаҳритус 5039 сомонӣ, К. Муродов барои ба манфиаташ ҳал намудани санҷиши ариза, ки дар РВКД дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дошт, 23000 сомонӣ гирифтааст. Ҳамчунин, Н. Бобоқулзода бо ҳамин тарзу усул моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Р. Бобомуродов 100 000 сомонӣ ситондааст.
 
 
ДАСТ БА МОЛИ МАРДУМ
Чорводуздон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба даст афтоданд
Кормандони милитсия 3 сокини  деҳоти Узни ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба гумони дуздии чорво дастгир карданд.
Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки шахсони гумонбар Заровиддин Раҷабов, Мирзораҳим Ғиёсов ва Тоҳир Сафаров дар 7 ҳолат даст ба чунин кирдори номатлуб задаанд. Онҳо моҳҳои ноябр ва декабри соли 2020 аз замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва манзили сокинон чорвоҳои калони шохдорро дуздида ба фурӯш гузоштаанд.
Айни ҳол, вобаста ба далелҳои мазкур нисбат ба гумонбарон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.  
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 322
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед