logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. НАҚШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР МУАРРИФИИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУН

Ҳунарҳои мардумӣ мероси маънавии халқ буда, нақши он дар муаррифии фарҳангу тамаддун ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Чанд соли охир  ҳунарҳои ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода дубора эҳё ва нафарони зиёд соҳиби касбу ҷои кор гаштанд, ки фоли нек аст. 
 
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБТАМАДДУН
Агар иқдоми созандаи соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангезаи муассири таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа ба ҳунару ҳунарвар гашта бошад, пас тасмими се соли дигар онро дар маркази диққату дастгирӣ қарор додан, раванди мазкурро идомаи мантиқӣ ва устуворӣ мебахшад. Ба шарофати Пешвои муаззами миллат, ки ба ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ин қадар ғамхорӣ мекунанд, сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар беҳтарин намунаҳои касбу ҳунари ҳамдигарро аз худ карда дар пешбурди рӯзгорашон  истифода мебаранд. Ин дар навбати худ ба ғановати маънавию фарҳангӣ, ташаккули фазои ягонаи ҳунарӣ мусоидат мекунад.
Дар замони бисёр ҳассоси мо аз ҷониби Президенти мамлакат эҳё гардидани ҳунарҳои қадима тадбирест дурандешона, оқилона ва саривақтӣ. Бо ин роҳ, аз як ҷониб ҳифз ва нигаҳдошти анъана ва суннатҳои қадимаи мардумӣ роҳандозӣ гардад, аз ҷониби дигар, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён мебошад, ки аз миллати соҳибтамаддун будани мо- тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
 
БАРОИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ШАРОИТ ФАРОҲАМ ОВАРДА ШУД
Имрӯзҳо бо эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахши ҳунармандӣ ба марҳилаи нави пешрафт ворид гашт. Бо ин мақсад, ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намуди андоз озод шуданд. Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 6800 ҳунарманд аз рӯи равияи устод – шогирд фаъолият мебаранд. 
Барои фароҳамоварии шароит ҷиҳати рушди ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Мастчоҳ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Бобоҷон Ғафуров, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Варзоб, Рашт, Файзобод, Шаҳритус, Панҷ ва Восеъ мағозаю дуконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли атласу адрас ва корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ ифтитоҳ ёфтанд, ки бешубҳа туҳфаи арзанда дар ин солҳои фарҳангӣ буда, барои муаррифии ин минтақаҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони он заминаи мусоид фароҳам овард.  
 
«ЧАКАН» ЯКЕ АЗ ҲУНАРҲОИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК
Маҳз бо ташаббуси беназир ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 номинатсияи «Чакан» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. Ба ин муносибат, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан» доир шуданд.
Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии миллати тамаддунофари тоҷик буда, таърихи беш аз 1800 - сола дорад. Он ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод дар вилояти Хатлон ба шумор меравад. Дар ин ҷо тоқии домод ва куртаи занона бо гулдӯзии чакан оро дода мешавад. Гарчанд ин ҳунар дар ҳама манотиқи Тоҷикистон роиҷ бошад ҳам, чакандӯзони кӯлобӣ маъруфияти хосеро миёни дӯстдорони ин навъи ҳунар касб намудаанд. Зеро чаканҳои дӯхтаи онҳо бо зебоиву нафосати махсуси худ фарқ мекунанд. Он дар ҷашну маърака ва чорабиниҳои расмии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар васеъ истифода мешавад.  
 
КОШИКОРӢ  ВА ҶАЛБИ САЙЁҲОН  
Имрӯзҳо ороиши  масҷиди калони пойтахти кишварамон - Душанбе бо кошиҳои муҷалло оро дода шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки дар кишвар кошикорӣ ва истеҳсоли он хеле маъмул мебошад. Намунаи олии кошикорӣ дар баробари санъати нотакрори кандакориро дар Кохи Наврӯз, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, метавон вохӯрд. Он чун яке аз биноҳои фарқкунандаи шаҳри Душанбе ҷило медиҳад ва мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст. Ин дурдонаи санъати баланди меъморӣ далолат бар он мекунад, ки ба кор гирифтани санъати кошикорӣ дар дигар иншооти сохташаванда аз манфиат холӣ нест. Зеро он ҳам қобили таваҷҷуҳ ва ҳам воситаи ҷалби сайёҳон хоҳад буд.
Умед аст, ки ин навъи ҳунари ниёгонамон дар Тоҷикистон аз нав эҳёю рушд намуда, қасрҳои фарҳанг ва гунбазҳо бо тарҳу намои ҳунарҳои гузаштагонамон бунёд мегарданд.
 
КАСБУ ҲУНАР ИҚТИСОДИЁТРО ҒАНӢ МЕБАХШАД
Касбу ҳунарҳои мардумӣ дар баробари он ки яке аз бахшҳои фарҳанги анъанавии мардуми мост, иқтисодиёти кишварро низ инкишоф мебахшанд. Зеро ба шарофати эҳё гардондани ҳунарҳои мардумӣ қисми зиёди сокинони мамлакат бо касб ва ҷои кори доимӣ фаро гирифта шуданд. Алҳол дар минтақаҳо дар самти ба курсҳои махсуси омӯзиши ҳунарҳои кулолӣ, чӯбтарошӣ, қолин ва атласу адрасбофӣ фаро гирифтани аҳолӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омада истодааст. Аз ҷумла,  занони хонашини деҳаҳои дурдаст соҳиби касб ва ҷои кор гардида, ҷавонон, занону духтарони хонашин ба ин васила асрори касбҳои қадимаро омӯхта, бо фурӯши дастранҷи худ рӯзгорашонро обод месозанд. 
Дар ин раванд, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, заргариву оҳангарӣ, танӯрсозиву сандуқсозӣ, ки аз қадим миёни мардум маъруфияти худро аз даст надодаанд, боз ҳам миёни мардум эътибор пайдо карда, нафарони зиёдро барои омӯзиш ҷалб намуданд.   
 
Нигина РАҲМОН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2021    №: 12    Мутолиа карданд: 281
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед