logo

маориф

 ЗАБОНИ МОДАРӢ – ХИШТИ НАХУСТИНИ ПОЙДЕВОРИ КОХИ МИЛЛАТ


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва фасеҳ зикр намудаанд, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.
Сарфи назар аз он ки наврасони тоҷик ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ саъю кӯшиш менамоянд, бояд, қабл аз ҳама, забони модарии хеш – забони тоҷикиро аз худ намоянд.
Саҳеҳ аст, ки мегӯянд, қабл аз ҳама, забони модарии хешро арҷ гу-зорем, чун сарвати гаронбаҳо эҳтиёт кунем. Онро на танҳо ҳифз намоем, балки омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Ҳар як омӯзгор ва-зифадор аст, ки нисбат ба омӯзиш сидқан ва масъулона рафтор намояд.
Аз оне ки мо забонҳои русӣ ва англисиро эҳтиром мегузорем ва онҳоро аз худ мекунем, хуб аст. Аммо забони модарии хешро авло-тар аз ҳама донем. Онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Зеро дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона таъсир расонда, покии забони тоҷикиро халалдор месозанд.
Беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба миллату давлати хеш аст. Ҳар як хонанда, аз хурд то бузург, аз хотир набаро-рад, ки ӯ забони хориҷиро на барои дигарон, балки ба хотири рушди давлату миллати хеш меомӯзад ва истифода мебарад. Дар сурати забони модариро мукаммал аз бар намудан воситаи муҳиме мегардад дар омӯзиши забонҳои дигар.
Дар баробари волидон, омӯзгорон низ вазифадоранд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии раванди таълиму тар-бия аҳамияти махсус зоҳир намоянд.
Падарони мо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар гузаштаи на чандон дур, доираи истифодаи забони тоҷикӣ хеле маҳдуд буд. Он қариб то-рафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил ёфта буд.
Мо, омӯзгорон вазифадорем, ки барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқад-дасоти миллӣ талош варзем ва парчамбардори забону миллати хеш бошем.
Сафарбегим ШАНБИЕВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ № 52,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2021    №: 17    Мутолиа карданд: 979
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед