logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 7. Баамалбарории адолати судӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.».
2. Қисми 3 моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Азназаргузаронӣ, кофтукови манзил ва дарёфт кардан бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.». 
3. Ба қисми 1 моддаи 23 пас аз калимаи «амал» дар қавсайн калимаи «(беамалӣ)» илова карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 28:
- калима ва рақами «ва 75» ба аломат, рақамҳо ва калимаи «, 75 ва 82» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз ва сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- татбиқи санади авф.».
5. Сархати понздаҳуми қисми 1 моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии судии парвандаи ҷиноятиро оид ба айбдоркунии хусусӣ оғоз намояд ё маводи онро барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани таҳқиқ ва ё тафтиши пешакӣ аз рӯи тобеияти тафтишӣ ба мақомоти дахлдор ирсол кунад;».
6. Моддаи 352 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 352. Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои шашум - чордаҳуми қисми 1 моддаи 35 Кодекси мазкур таҳқиқбаранда, муфаттиш бо розигии прокурор ба суд дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ дархост пешниҳод менамоянд, ки дар ин бора қарор бароварда мешавад.
2. Дархост дар бораи гузаронидани амали тафтиширо судя дар маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ ё гузаронидани амали тафтишӣ дар мӯҳлати на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи гирифтани он танҳо баррасӣ менамояд.
3. Дар маҷлиси суд таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
4. Судя дархостро баррасӣ намуда, дар бораи иҷозат додан барои гузаронидани амали тафтишӣ ё рад кардани гузаронидани он бо нишон додани сабабҳои радкунӣ қарор мебарорад. Қарори суд ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ супорида мешавад.
5. Бо гирифтани маълумоти хаттӣ дар хусуси бе иҷозати суд гузаронидани кофтуков ва дарёфт кардан судя маводи ба он алоқамандро талаб намуда, дар мӯҳлати дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда қонунӣ будани қарорро дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ месанҷад. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш судя дар бораи қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ будани қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор ва мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ирсол менамояд.
6. Аз болои қарори суд (судя) дар бораи додани иҷозат барои гузаронидани амали тафтишӣ ё дар бораи рад кардани гузаронидани он ба суди болоӣ ба тариқи кассатсионӣ дар мӯҳлати се шабонарӯз шикоят ва ё эътироз овардан мумкин аст. Судяе, ки дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё маълумотномаи хаттии онро дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ баррасӣ кардааст, вазифадор аст дар давоми ду шабонарӯз аз лаҳзаи ворид шудани эътироз ё шикоят маводро ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд.
7. Суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз дар давоми на дертар аз се шабонарӯз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод қарор қабул мекунад. 
8. Агар судя ё суди марҳилаи кассатсионӣ қарор дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ ва протоколи амали тафтиширо ғайриқонунӣ эътироф кунанд, тамоми далелҳои дар рафти чунин амали тафтишӣ бадастовардашуда мувофиқи талаботи моддаи 881 Кодекси мазкур ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд.».
7. Ба қисми 4 моддаи 46 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ шинос шавад;».
8. Дар қисми 2 моддаи 47 калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардааст» ба калимаҳои «бароварда шудааст» иваз карда шаванд.
9. Ба қисми 2 моддаи 49 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳимоятгар ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ ва ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ роҳ дода мешавад.».
10. Дар моддаи 53:
- сархати якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- донад, ки шахсе, ки ӯ манфиатҳояшро ҳимоя мекунад, барои чӣ гумонбар ё айбдор карда мешавад, бо қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда шинос шавад;»;
- дар қисми 3 калимаҳои «ба додани саволҳои раҳнамункунанда эътироз кунанд» ба калимаҳои «додани саволҳои раҳнамункунандаро рад кунанд» иваз карда шаванд.
11. Моддаи 771 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 771. Хулоса ва нишондоди мутахассис
1. Агар ҳангоми пешбурди амалҳои тафтишӣ ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ ба дониш ва таҷрибаи махсус зарурат пайдо шавад, мутахассис ҷалб карда мешавад.
2. Хулосаи мутахассис оид ба мусоидат дар ошкор ё дарёфт кардани далел ва асоснок кардани он, инчунин татбиқи воситаҳои техникӣ дар протоколи амали тафтишӣ, ки бо иштироки ӯ гузаронида шудааст, нишон дода мешавад. Хулосаи хаттии мутахассисе, ки дар амалҳои тафтишӣ ва муҳокимаи судӣ иштирок кардааст, ба протоколи амали тафтишӣ ва судӣ замима мешавад.
3. Мутахассис оид ба ҳолатҳое, ки аз хулосаи ӯ бармеоянд, метавонад пурсида шавад.».
12. Ба моддаи 91 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дар китоби бақайдгирии овардани дастгиршуда сана ва вақти овардани дастгиршуда ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва даъват кардани ҳимоятгар нишон дода мешаванд.».
13. Дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 101, ном ва матни моддаи 108 калимаҳои «парасторӣ», «парастории» ва «парасториашон» мувофиқан ба калимаҳои «назорат», «назорати» ва «назораташон» иваз карда шаванд. 
14. Дар моддаи 109:
- ҷумлаи дуюми қисми 1 хориҷ карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо розигии прокурор татбиқ мекунанд. Маблағи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва судӣ вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва вазъи молумулкии гаравгузор муқаррар менамоянд, ки он аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин, аз нӯҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои дараҷаи миёна ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои вазнин кам буда наметавонад.».
15. Дар моддаи 111:
- ба қисми 2 ҷумлаи панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҳимоятгар бояд бо дархос-ти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва маводе, ки асоснокии дархостро тасдиқ менамоянд, то ба суд ирсол намудани он  шинос  карда шаванд.»;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Маҷлиси суд бо тартиби пешбининамудаи моддаи 276 Кодекси мазкур, бо назардошти талаботи моддаҳои 273, 277, 278, 279, 281, 290, 293, 299, 301 ва 306 Кодекси мазкур гузаронида мешавад. Ҳамзамон, шахси дархостпешниҳоднамуда ё прокурор дархостро асоснок мекунад, сипас мавқеи тарафи ҳимоя оид ба моҳияти дархост муайян карда мешавад. Ҳангоми баррасии дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд бо таҳқиқи мавод вобаста ба қонунӣ будани дастгиркунӣ ва мувофиқи мақсад будан ё набудани татбиқи чораи пешгирӣ, бо назардошти талаботи дар моддаи 102 Кодекси мазкур нишондодашуда маҳдуд мегардад. Иштирокчиёни маҷлиси суд ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи эълони қарори суд дар муддати як шабонарӯз бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва ба он дар ҳамин мӯҳлат эрод пешниҳод намоянд. Дар бораи шинос шудан дар протоколи маҷлиси суд шахсони шиносшуда имзо мегузоранд.».
16. Дар қисми 6 моддаи 112 калимаи «муайяншудаи» ба калимаи «ниҳоии» иваз карда шавад.
17. Дар қисми 2 моддаи 114 калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 2-10 моддаи 111» ба калима ва рақами «моддаи 352» иваз карда шаванд.
18. Ба қисми 3 моддаи 116 пас аз калимаи «моддаҳои» рақам ва аломати «352,» илова карда шаванд.
19. Номи боби 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 
«БОБИ 14. ШИКОЯТ ОВАРДАН АЗ АМАЛ (БЕАМАЛӢ) ВА ҚАРОРҲОИ ТАҲҚИҚБАРАНДА, МУФАТТИШ, РОҲБАРИ МАҚОМОТИ ТАФТИШОТ, ПРОКУРОР, СУД, СУДЯ ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ».
20. Қисми 1 моддаи 119 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, инчунин шахсони дигаре, ки манфиати онҳо халалдор шудааст, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амал (беамалӣ) ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, роҳбари мақомоти тафтишот, прокурор, суд, судя шикоят оваранд.».
21. Дар моддаи 124:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «оғоз» аломат ва калимаи «, боздоштан» илова карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Шикоят аз ҷониби судя дар давоми даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ворид шудани он бо огоҳ намудани шикояткунанда, таҳқиқбаранда ё муфаттиш  ва прокурор аз вақти баррасӣ дида баромада мешавад. Ба маҷлиси суд ҳозир нашудани шикояткунанда, таҳқиқбаранда ё муфаттиш ва прокурор ба баррасии шикоят монеъ шуда наметавонад, вале судя метавонад ҳозир шудани онҳоро ҳатмӣ шуморад. Прокурор ба суд маводи бо шикоят алоқамандро пешниҳод менамояд. Дар оғози маҷлиси суд судя эълон мекунад, ки кадом шикоят баррасӣ мешавад, ба шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро мефаҳмонад. Пас аз ин шикояткунанда, агар дар маҷлиси суд иштирок дошта бошад, шикояти худро асоснок мекунад,  сипас дигар шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ақидаҳои худро баён мекунанд. Ба шикояткунанда иҷозати бо луқмапартоӣ баромад кардан дода мешавад. Иштирокчиён ҳуқуқ доранд пас аз эълон кардани қарори суд, судя дар мӯҳлати як шабонарӯз бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва ба он дар ҳамин мӯҳлат эродҳо баён намоянд. Шинос шудан бо протокол бо имзои шахсони шиносшуда дар худи протоколи маҷлиси суд тасдиқ карда мешавад.»;
- дар қисми 4 калимаи «бенатиҷа гузоштан» ба калимаи «беқаноат мондан» иваз ва пас аз калимаи «оғоз» аломат ва калимаи «, боздоштан» илова карда шаванд.
22. Дар сархати шашуми  қисми 1 моддаи 138, қисми 5 моддаи 230, сархати дуюми қисми 2 моддаи 231, ном, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 232, қисми 3 моддаи 265 ва қисми 3 моддаи 286 калимаҳои «кофтукови», «Кофтукови», «кофтуковро», «кофтуковбуда» ва «кофтуков» мувофиқан ба калимаҳои «ҷустуҷӯи», «Ҷустуҷӯи», «ҷустуҷӯро», «ҷустуҷӯ қарордошта» ва «ҷустуҷӯ» иваз карда шаванд. 
23. Дар қисми 5 моддаи 145 калимаи «нишондоди» ба калимаи «баёноти» иваз карда шавад.
24. Ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 146 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор фиристода шуда, шахсе, ки нисбат ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, бо он шинос карда шуда, ба аризадиҳанда хабар дода мешавад.».
25. Дар қисми 4 моддаи 195  ва қисми 1 моддаи 196 калима ва рақами «моддаи 192» ба калимаҳо ва рақамҳои «моддаҳои 352 ва 192» иваз карда шаванд.
26. Ба ном ва қисми 1 моддаи 210 пас аз калимаи «ҷабрдида» аломат ва калимаҳои «, инчунин шоҳиди таҳти экспертиза қароргирифта» илова карда шаванд.
27. Матни моддаи 270 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Судя баъди таъини маҷлиси суд ба тарафҳо дар асоси дархости асоснокшудаи онҳо барои шиносоӣ бо ҳамаи маводи парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз он рӯйнавис кардани маълумоти зарурӣ, шароит фароҳам меорад, ба нусхабардории ҳуҷҷатҳо бо истифодаи воситаҳои техникӣ иҷозат медиҳад, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда.».
28. Ба қисми 4 моддаи 403 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Прокурори болоӣ ҳуқуқ дорад эътирози ба тариқи назоратӣ овардаи прокурори поёниро бозхонд намояд.».
29. Аз қисми 4 моддаи 406 аломатҳо ва калимаҳои «, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд,» хориҷ карда шаванд.
30. Ҷумлаи чоруми қисми 6 моддаи 410 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҳуқуқ доранд пас аз маърӯзаи судя фикри худро вобаста ба шикояти назоратӣ баён намоянд.».
31. Ба қисми 1 моддаи 453 пас аз рақам ва аломати «131,» калимаҳо, рақамҳо ва аломати «қисми 4 моддаи 195,» илова карда шаванд.
 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,  29 январи соли 2021, №  1755
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон   М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2020, № 271
 
Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии 
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ 
ш. Душанбе,  25 январи соли 2021, № 115
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2021    №: 22 - 23    Мутолиа карданд: 1466
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед