logo

маориф

МАОРИФ - АСОСИ ҚУДРАТИ МИЛЛӢ

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолияти миллӣ то ба имрӯз ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат қарор дорад. 
Имрӯз дар назди кормандони соҳаи маориф танҳо як вазифаи муҳиму масъулиятнок қарор дорад, яъне беҳтару сифатнок ба роҳ мондан, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот. Вақте ки  сол ба сол тамоми шароити зарурӣ барои таълим муҳайё гардида истодааст, дар ин раванд бояд масъулияти кормандони соҳаи маориф боз ҳам баланд гардад. Агар дар паёмҳои қаблии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавононро бештар ба масъалаи забономӯзӣ тарғибу ташвиқ мекарданд, пас дар Паёми соли гузашта ва имсолаи хеш дар радифи забономӯзӣ ба рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар ҷомеа, диққати махсус дода истодаанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта солҳои 2020 – 2040-ро Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул шуд.
Дар Паёми имсола Президенти кишвар ба масъулон супориши қатъӣ доданд, ки дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизондани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронда шавад.
Ингуна ташаббусу ҳадафҳои судманди Роҳбари давлат, танҳо ба танҳо ба хотири соҳиби маърифат ва касбу ҳунар гардидани ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ва ин танҳо бо роҳи фарогирии дониш ва омӯзиши пайваста ба ҳар як фарди ҷомеа муяссар мегардад.
Ташаббусу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳаи маориф, махсусан рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ танҳо барои як - ду даҳсола пешбинӣ нагардидааст, балки барои садсолаҳои оянда, шукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Зеро имрӯз илму маориф барои давлатҳо ва миллатҳо қудрати иқтисодӣ, тавони молиявию амниятӣ ва суди дилхоҳ ба бор овардааст. Масалан, имрӯз як қатор кишварҳои пешрафта тавонистанд аз ҳисоби илму маориф рушди технологияро таъмин намоянд ва аз ҳисоби таҳқиқоти илмӣ ва ихтирооту навовариҳои технологӣ даромаде ба даст оранд.
Пешвои миллат муҳити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва мураккабшавии равандҳои сиёсиву иқтисодии байналмилалиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ҳадаф қарор додаанд, ки маҳз тавассути низоми маориф дар оянда миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муваффақ ва пойдор гардонанд. 
Масалан, роҳандозии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, махсусан, дар байни кӯдакону наврасон аз ҳадафҳои аслии Пешвои миллат дар баланд бардоштани сатҳи дониши воқеии ҷомеа аст. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки қариб кулли давлатҳои пешрафта ва кишварҳои рӯ ба инкишоф саводомӯзии мардуми худро тавассути китоб ва ба андӯхтани дониш ҷалб намудани кӯдакону наврасон таъмин кардаанд. Ва бештари мамлакатҳои пешрафта имрӯз ҳам барномаи босаводкунии ҷомеаи худро маҳз дар ҳамин асос тартиб дода, ба тарбияи кӯдакон диққати бештар медиҳанд.
Қадрдонӣ ва сарфарозии падару модароне, ки фарзандонашон дар озмунҳо мақоми ифтихориро сазовор мегарданд, танҳо ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа аст. Ин пешниҳоди Пешвои миллат дар Паёми имсола як падидаи нодир  барои соҳибмаърифат гардондани ҷомеа мебошад.
Мебинем ва шоҳиди он ҳам мешавем, ки Президенти маҳбуби кишвар дар ифтитоҳи ҳар як муассисаи таълимӣ, ҳамчун Роҳбари давлат ба насли ояндасози миллат насиҳат менамояд, ки аз имкониятҳои барояшон фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат пурра ва ҳаматарафа истифода баранд, техникаву технологияи муосири коммуникатсиониро дар сатҳи баланд омӯзанд. Падару модаронро низ вазифадор менамояд, ки дар ин самт нисбат ба тақдири ояндаи фарзандонашон бетараф набошанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» риоя ва иҷрои он аз тарафи падару модарон  дар баланд бардоштани соҳибмаърифатии ҷомеа, махсусан насли наврас ва ҷавонон мебошад.
 
Одиназода Рамазон Сафар,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2021    №: 28    Мутолиа карданд: 1234
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед