logo

иқтисод

БАДАХШОН. ЛОИҲАҲО ПУРРА АМАЛӢ НАМЕГАРДАНД. ЧАРО?

Иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 “Дар бораи ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти назорати доимии Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои кишвар қарор дорад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардонии амри мазкур, корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза касб карда, дар ин замина симои шаҳру деҳотамон рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад. Доир ба амалигардонии амри мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом корҳо роҳандозӣ гардидаанд?
Анвар Иматшозода, муовини раиси вилоят, дар суҳбат зикр кард, ки ҷиҳати иҷрои амри Президенти кишвар дар бораи таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи пешниҳодоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сектори хусусӣ нақша-чорабиниҳои вилоят иборат аз 613 банд таҳия гардидаанд. Айни ҳол  дар 441 иншооти таъйиноти гуногун корҳо анҷом ёфта, 113 банд ё 25,6 фоизи нақша дар марҳилаи иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар доираи барномаи ҷашнӣ амалишавии 58 банд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тасдиқ гардиданд, инчунин, 114 банд, ки аз тарафи вазорату идораҳо ва кумитаҳо пешбинӣ ва ба нақша дароварда шуданд. Муовини раиси вилоят бо изҳори таассуф зикр кард, ки 48 банди нақшаи чорабиниҳо, ки аз тарафи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ҷиҳати номуайян будани манбаи маблағгузорӣ иҷро нагардиданд. Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки маҳз бо ҳамин сабаб Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои  2016 - 2020  низ пурра ва босифат иҷро нашуд. Аз ин барнома, ки дар маҷмӯъ, 109 лоиҳа бо маблағи умумии 4080,8 миллион сомониро дар бар гирифт, ҳамагӣ 74 лоиҳа ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Дар давоми 5 соли иҷрои барномаи мазкур як қатор соҳаҳо рушд карданд, корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо намуда, сохтмони биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ба итмом расиданд. Вале ҷиҳати дар вақти барномарезӣ аниқ накардани манбаи маблағгузорӣ то ба ҳол кор дар амалисозии 35 лоиҳаи барномаи мазкур оғоз нашудааст.  
Ёдгор Файзов, раиси вилоят, дар мавриди Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2016 - 2020 ибрози назар карда, афзуд, ки ҷой доштани иштибоҳҳо зимни қабули он боиси ноком гардидани иҷрои барнома шуд. Масалан, дар ҳоле ки даромади худии вилоят аз ҳисоби сохтмонҳои асосӣ дар як сол аз 8 миллион сомонӣ ва барзиёд иҷрошавии андоз аз ду - се миллион сомонӣ зиёд нест, дар барнома аз ҳисоби маблағҳои худӣ амалигардонии як қатор лоиҳаҳо ба маблағи 400 - 500 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби дигар, дар рафти таҳия ва амалишавии барнома банақшагирии манбаъҳои молиявӣ, гуфтушунид бо сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашуд, ки ба ноком шудани қисми лоиҳаҳои барнома оварда расонд.  
Раиси вилоят дар робита бо талаботи замон ва хулосабарорӣ аз иштибоҳҳои ҷойдоштаи нақшаи чорабиниҳои пеш саноатикунонӣ, аз ҷумла истифода аз конҳои табиӣ ва дар ин замина таъсиси корхонаҳои саноатии истеҳсоли семент, хишт, гипсакартон, рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилона аз ҳар ваҷаб замин, баланд намудани ҳосилнокӣ ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои боир, соҳилбандӣ, васеъ намудани майдони кишт ва коркарди меваву сабзавот, дастгирии соҳаи маориф, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизот, таъмиру таҷдиди бемористонҳо, таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо оби ошомиданӣ, рушди сектори хусусӣ, туризм, таъмини дастрасӣ ба қувваи барқ, алоқаи мобилӣ ва интернети босуръатро аз масъалаҳои калидии Барномаи рушди ВМКБ барои солҳои 2021 - 2025 унвон кард. Ҳамчунин, раиси вилоят таҷдиди номгӯи иншооти ҷашниро дар нақша-чорабиниҳои мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати амалисозии амри Президенти кишвар муҳим арзёбӣ намуд. 
- Мо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, пайваста кӯшиш ба он дорем, ки дар самти ободониву созандагиҳо ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардем. - зикр кард раиси вилоят. - Хеле муҳим аст, ки  сокинони вилоят сиёсати Ҳукумати кишвар, хоссатан Ҷаноби Олиро ҷонибдорӣ намуда, дар  ободонии диёр беш аз пеш саҳмгирӣ мекунанд. Ин нуқтаро  Ҷаноби  Олӣ бо арзи сипос дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат махсус зикр карданд, ки аз ин сокинони вилоят илҳоми тоза гирифтанд.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 579
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед