logo

иқтисод

РОҲУ НАҚЛИЁТ. САБАҚҲОИ АЙЁМИ ЯХБАНДӢ

Пошидани маводи зиддилағжиш дар роҳҳои автомобилгард яке аз корҳои муҳими зимистонгузаронист, ки аз хавфи рух додани садамаи наклиётӣ ҳангоми яхбандӣ эмин нигоҳ медорад. Аммо серборишу сард омадани аввали зимистони имсола заъфи кори масъулони бахши нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро дар баъзе шаҳру навоҳӣ нишон дод. 
 
САДАМАҲО  
ОЁ ОНҲО ФАҚАТ АЗ НОУҲДАБАРОИИ РОНАНДАГОН РУХ МЕДИҲАНД?
Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ зери рубрикаи «Рӯйдодҳо» чанд хабар аз садамаҳои пайдарпайи ҳалокатбори нақлиётӣ дар  рӯзҳои сарди охири моҳи декабр ва нимаи аввали моҳи январ нашр шуд, ки сабаби онҳо «аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадан» гуфта мешавад. То кадом ҳад ин ҳодисаҳо ба яхбандии роҳҳо рабт доранд, дақиқ нест, вале аниқ, ки дар масири яхбаста аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромадан басо душвор мебошад. Магар мешавад, ки ҷурми ноуҳдабароии нигоҳдорони роҳҳои автомобилгардро бар дӯши ронандагон гузорем? Чун иҷро нагардидани уҳдадориҳои нигоҳдории роҳҳо ва напошидани маводи зиддилағжиш дар вақту макони зарурӣ аз ҷониби масъулони соҳа айёми яхбандӣ сабаби афзудани садамаҳои нақлиётӣ дар як қатор минтақаҳо мегардад. 
Бароталӣ Ҳамидзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, ба дархости мо дар ин хусус посух дод, ки садамаҳои нақлиётӣ ба яхбандию ҳолати ғайриқаноатбахши роҳу кӯчаҳо рабт надоранд. 
 
ВАЗИР НИГАРОН ШУДУ ВАЗЪ ДИГАР НАГАШТ
Ин дасткӯтоҳӣ ё аз уҳдаи кор набаромадани баъзе масъулони нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ низ, таъйид ва аз он ба таври ҷиддӣ нигаронӣ кард. 
29 декабри соли гузашта зимни ҷаласаи назоратӣ вазири нақлиёти кишвар аз саҳлангории баъзе масъулони нигоҳдории роҳҳои автомобилгард  изҳорӣ нигаронӣ намуда, бархе масъулонро бо ҷурми хунукназарӣ аз вазифа сабукдӯш ҳам намуд. 
- Сарфи назар аз он, ки тамоми корхонаву муассисаҳои Вазорати нақлиёт тибқи нақшаи тасдиқшуда, бо маводи зиддилағжишу техникаи роҳнигоҳдорӣ таъминанд, вале аз хунукназарии мутасаддиён ҳолатҳои сари вақт тоза нагардидани роҳ аз барф ба мушоҳида мерасанд, - таъкид дошт Азим Иброҳим зимни ҷаласа. Ҳамзамон, аз ҷониби вазир ба масъулони соҳа супориши қатъӣ дода шуд, ки пайваста техникаю механизмҳои даркориро дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд. Бардошти вазир, асосан, аз вазъи роҳҳои автомобилгард дар ҳудуди шаҳрҳои Ваҳдату Норак буд, ки минтақаи марказии кишвар аст. Албатта, баъди эроди вазир шоҳроҳи мазкур рӯ ба беҳбудӣ овард, вале ҳолати тоза нагардидани барфҳо ва ба таври кофию сари вақт напошидани маводи зиддилағжиш дар роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои канортари кишвар мисли пештара боқӣ монду кор ранги дигар нагирифт. 
 
СОКИНОН АЗ МАВОДИ ЗИДДИЛАҒЖИШ  ДАРАК НАДОРАНД 
Барои дурусттар фаҳмидани ҳолати воқеии нигоҳдории роҳ, аз ҷумла дар самти Душанбе - Рашт - Лахш бо бархе ронандагону мусофирон ҳамсуҳбат шудем. Бисёри ронандагони кироякаш ва мусофирон аз  пошидани маводи зиддилағжиш дар рӯзҳои боришоту яхбандӣ дар роҳҳои автомобилгард изҳори бехабарӣ намуданд. Вақте аз онҳо аз вазъи рафтуои мошинҳо дар ин масир айёми яхбандӣ пурсон шудем, ҳамагӣ гуфтанд: «Маводи зиддилағжишро рӯзҳои боришоту яхбандӣ қариб тамоман намебинем. Гӯё зироате мекошта бошанд, гоҳ – гоҳе аз болои мошинҳои боркаш онро болои роҳи, аллакай, яхбаста мепошанд. Агар боришот каме бештар шавад, дар роҳҳои маҳаллӣ бо мошин рафтуо кардан мушкил аст. 
- Дар ҷамоатҳои деҳоти Лахшу Алға, бахусус дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Нуробод - Лахш - сарҳади Қирғизистон, дар ҳудуди рустоҳои Чорсӯ - Дувана - Ачиқалма ҳангоми боришоти зиёди барф техникаҳои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард  хеле дер шоҳроҳро аз барф тоза мекунанд, ки дар ин муддат барфи ғафси обшудаи болои он ба ях табдил меёбад ва ҳамчун маводи зиддилағжиш бар ивази қум хок мепошанд, ки ба кор намеояд. Бо сабаби саҳлангории масъулони нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, роҳи байни деҳаи Сафеддара – маркази Ҷамоати деҳоти Лахш чун ҳамасола ду моҳ баста буд. Сокинони деҳа, ки теъдодашон беш аз 2 ҳазор нафар мебошад, барои кашондани маҳсулот ва сари вақт расидан ба бозору беморхона ё идораи ҷамоат тавассути деҳоти дигар ба ҷойи 4, 15 километрро тай менамоянд, - изҳор дошт Шуҳрати Фахриддин, сокини ин мавзеи баландкӯҳ, ки аз ин масир зиёд истифода мебарад.  
Зариф Воҳидов, раиси Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳия, низ ҳафтаҳо банд будани роҳи байни деҳаи Сафеддара ва маркази ҷамоатро тасдиқ намуд. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, дар ин водӣ боди сахт роҳро зуд - зуд барфпӯш мекунаду тоза кардани он сарфи беҳудаи маблағ аст. Аз вазъи тоза нашудани роҳҳои маҳаллӣ ва муддати дароз баста гардидани онҳо дар фасли сармо баъзе сокинони деҳоти Муксу ва Сурхобу Сартолои ноҳияи Лахш ҳам шикоят намуданд. Сокинони деҳаи Сугати Ҷамоати деҳоти Сурхоб гуфтанд, ки онҳо ҳатто роҳи автомобилгард надоранду дар ин хусус даҳҳо маротиба ба масъулони Вазорати нақлиёт дар ноҳия муроҷиат кардаанд. 
 
МАБЛАҒУ ТЕХНИКАҲОИ  ҶУДОШУДА КУҶО ШУДАНД?
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, соли гузашта барои нигоҳдории роҳҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ  38,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Ба иттилои Эгамбердӣ  Хӯҷаев, сардори шуъбаи нигоҳдорӣ, банақшагирӣ ва баҳодиҳии раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои вазорат, ба пурсиши мо дар хусуси захираи маводи зиддилағжишу техникаҳои барои нигоҳдорӣ ҷудошуда, бахусус дар минтақаи Лахши ноҳияи Лахш чунин посух дод:
- Барои иҷрои корҳои зимистонгузаронӣ, аз ҷумла дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи номбурда  барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2020-2021- ум 450 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 3 тонна ангиштсанг, 5 метри мукааб ҳезум ва 2600 литр сӯзишвории дизелӣ мавҷуд аст. Дар ин муассиса 6 механизми роҳдорӣ - 2 боркунаки фронталӣ, 1 автогрейдер, 1 булдозер, 1 экскаватор ва 1 автомашинаи худфарор омодаи коранд, - гуфт ӯ. 
Аз рӯи стандарти муайяншуда, 450 метри мукааб маводи зиддилағжише, ки танҳо барои минтақаи Лахши ноҳияи Лахш захира шудааст, бори 65 мошини боркаши тамғаи КАМАЗ 55111 -ро ташкил медиҳад. Дар он ҳудудҳое, ки сокинону ронандагон аз яхбандӣ шикоят карданд, оё аз аввали мавсим то имрӯз ҳадди ақал 30 КАМАЗ қум пошида шудааст? Ё аз 2600 литр сӯзишвории барои ин ҷо ихтисосшуда дар тозасозии барфи роҳ чанд литр сарф шудааст, ки вазъи ногуворро ҳиҷ тағйир дода натавонист?  
Сарбоз Абдураҳмонов, сардори муассисаи номбурда, изҳор дошт, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати нақлиёт вазъи таъминоти соҳаи нигоҳдории роҳҳо хеле беҳбудӣ ёфтааст ва мушкилиҳое, ки солҳои пештар буданд, ҳоло вуҷуд надоранд.  
– Мо ҳамаи он техникаю маводи зиддилағжише, ки аз ҷониби вазорат ҷудо шудааст, самаранок истифода менамоем. Вале мубориза бо пайомадҳои зимистони кӯҳистон, аз ҷумла яхбандию боришот, баъзан сахт мушкил меафтад. Бисёри роҳҳои маҳаллиро ҳамагӣ баъди чанд соати аз барф тоза кардан боз вазиши бошиддати шамол барфпӯш мекунад. Ин ҳолат на танҳо дар роҳҳои маҳаллӣ, балки дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон низ ба назар мерасад. Аз ҳама зиёд мо дар километри 306 -уми шоҳроҳ то сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 12 километрро ташкил медиҳад, вақту имкониятҳои худро сарф менамоем. Кормандони муассисаи мо шабонарӯз фаъолияти худро пеш мебаранд. Агар дар ин ҷода мақомоти маҳаллӣ низ моро маблағгузорӣ намояд, бовар дорам, ки дигар мушкиле боқӣ намемонад.  Айни замон ба андозаи имконияте, ки дар даст дорем, барои сари вақт тозасозии роҳҳо аз барфу яхбандӣ талош менамоем. Сокинони минтақа ҳам шоҳиданд, ки чӣ гуна шамоли бошиддати зимистона кори ҳаррӯзаи моро барбод медиҳаду боз кори худро давом медиҳем, - изҳор дошт ӯ. 
 
ЗАРУРАТИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНГУЗОРӢ ПЕШ ОМАДААСТ!?
Дар ноҳияи Файзобод ҳам вақте аз сокинон вазъи роҳҳоро пурсон шудем,  чанде аз бошандагони Ҷамоати деҳоти Мискинобод ва баъзе деҳоти дигар кори масъулони соҳаро ғайриқаноатбахш ҳисобиданд. Онҳо бештар аз муддати дароз барфпӯш будани роҳҳои маҳаллӣ шикоят намуданд. Вале ҳеҷ кадоме барои аз номи худ возеҳ гуфтани мушкили ҷойдошта розӣ нашуд. 
Зиёратшо Акрамзода, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, айнан ҳамон ҳолатеро сабаб пеш овард, ки дар минтақаи ноҳияи Лахш вуҷуд дорад. Ӯ суханро аз ибораи машҳури “Шамолҳои Файзобод” оғоз бахшида, масъалаи ба қонунгузории соҳаи нигоҳдории роҳҳо ворид кардани тағйиротро доир ба омодагии соҳибони воситаҳои нақлиёт пеш гузошт.  
- Айни замон 80 дарсади техникаҳои мо аз даврони шӯравӣ мерос мондааст. Вақте соли 2017 ба вазифаи сардори муассиса таъйин шудам, корхона қариб техника надошт,  ҳамин техникаҳоро таъмир ва барои кор омода сохтам. Бо вуҷуди яхбандию шамолҳои сахти Файзобод то имрӯз ҳолати бандшавии роҳҳо аз барф ва ё  напошидани маводи зиддилағжиш  ба вуҷуд наомадааст. Дар ин хусус шикояте аз сокинон ё масъулони ташкилоту идораҳои марбута ба мо наомадааст. Аз он ки мо сари вақт роҳҳои автомобилгардро аз барф тоза кардем, ҳолати яхбандӣ ҳам қариб ба қайд гирифта нашуд. Зеро аксари вақт яхбандии роҳ аз сабаби дер тоза шудани барфи он ба вуҷуд меояд. Рӯзона тоза кардани барфи роҳ, ки қабати поёнии он об шуда, дар замин ба таври парешон ҷорӣ мешавад, ҳатман ҳолати яхбандиро ба вуҷуд меорад. Ҳамчунин, баробари кормандони нигоҳдории роҳ, бояд ронандагони воситаҳои нақлиёт низ ба мавсими зимистон омода бошанд. Бисёри воситаҳои нақлиёт дар айёми яхбандӣ бо чархҳои капронӣ ҳаракат мекунанд, ки дар натиҷаи андак боришот ё яхбастагии роҳ ба садама дучор гардидани онҳо мумкин аст. Соҳибони аксари мошинҳои калонҳаҷми боркаш низ дар давраи зимистон чархҳоро занҷирбанд намекунанд, ки ин ҳолат аз хавфу хатар орӣ нест. Бинобар ин, барои дар қонунгузорӣ доир ба омодагии зимистонаи соҳибони воситаҳои нақлиёт ворид намудани муқаррароти алоҳида зарур омадааст, - изҳор дошт номбурда.  
 
ПЕШНИҲОД БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Хуб мешуд, ки оянда дар фосилаҳои муайяни роҳҳои автомобилгард телефонҳои боварии дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт насб гардад. Сокинони кишвар тавонанд тавассути занги телефон ё аксу навор аз  ҳолати мавҷуда ба роҳбарияти вазорат хабар диҳанд. Шояд дар ин маврид воқеият ба роҳбарияти он возеҳтар маълум гардаду сокинон ҳам аз заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳаи нигоҳдории роҳ бештар огоҳӣ ёбанд.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 838
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед