logo

иқтисод

САНОАТ. РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФИ ЧОРУМ ЧАНДОН МУШКИЛГУЗАР НЕСТ!

Саноат дар ҳар кишвар соҳаи таъминкунандаи рушди устувор ба ҳисоб меравад ва аз ин лиҳоз, мамлакатҳои пешрафта маҳз бо истифодаи технологияи муосири пурмаҳсул, сарфакор ва замонавӣ тавонистанд иқтисодиётро дар сатҳи баланд ташкил намуда, сатҳи зиндагии шаҳрвандонашонро баланд бардоранд. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз манбаъҳои гидроэнергетикӣ марбут ба энергиябарандаҳо ангишт мебошад. Яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ ҳангоми баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли энергия дар Маркази барқу гармидиҳии бо ангишт коркунандаи шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ истифодабарии партовҳо аз боқимондаи ангишти сӯзондашуда мебошад. Ангиштро на танҳо сӯзишворӣ, балки маҷмӯи канданиҳои мураккаб, ки дар раванди сӯзиш ашёи минералии бисёр арзишнок ҳосилкунанда мебошад. Партовҳои хокистардажғолӣ барои вазъи экологии сайёраи мо таҳдиди ҷиддӣ мебошанд. Бо ин мушкилот бояд мубориза бурд. Олимони тамоми ҷаҳон дар ин самт таҳқиқот бурда истодаанд. Истеъмоли неруи барқ дар кишвар сол ба сол меафзояд. Ин ба афзоиши иқтидори неругоҳҳои ҳароратӣ оварда мерасонад, ки ҳангоми коркарди он партовҳои хокистардажғолӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар партовгоҳҳои хокистар нигоҳ дошта мешаванд.
Бинобар ин, истифода ва коркарди партовҳои саноатӣ, яъне партовҳои хокистардажғолӣ яке аз омилҳои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конҳои ангишт, ки дар қаламравҳои гуногуни он ҷойгиранд, бой мебошад. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии геологӣ дар кишвар беш аз 36 кони ангишт мавҷуд аст. Ин конҳо бисёр навъҳои ин маводи карбонатиро ҳамчун сӯзишворӣ нишон медиҳанд: ангишти сангӣ, ангишти коксӣ ва антратсит. Захираҳои ниҳоии ин конҳо низ аз 4,3 миллиард тонна зиёданд. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав захираи ангишт на танҳо барои таъмини маҷмӯаи сӯзишворию энергетикӣ дар тӯли даҳсолаҳо, балки барои ташкили саноати кимиё низ кифоят мекунад.
Ҳангоми сӯзиши сӯзишвории сахт дар оташдонҳои неругоҳҳои барқи гармӣ боқимондаҳои бисёртоннагии минералҳои сахт ҳосил мешаванд, ки дар шакли дажғол ва хокистари бухоршаванда мебошанд. Анборкунӣ ва нигоҳдории чунин миқдори зиёди мавод сармоягузории хеле бисёр, аз ҷумла аз соли 2014 қариб 500 ҳазор тонна боқимондаҳои дажғолӣ бо афзоиши ҳарсолаи 200-250 ҳазор тонна дар Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе талаб карда мешавад. 
Хокистартеппаҳои зиёда аз 4 гектар масоҳати заминро ишғолкарда манбаи номусоиди шароити экологӣ дар минтақаи ҷойгиршудаи вай мебошад. Дар ин мақола масъалаи истифодабарии хокистардажғол ҳамчун маводи асосӣ дар истеҳсоли масолеҳҳои гуногун ва  коркарди партовҳо ҳамчун боқимондаи истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Бисёртар ҷиҳати экологии масъалаи коркарди партовҳои ин боқимондаҳо муҳим буда, коркарди самараноки маҳсулбарории хокистардажғол, коркарди барнома ва муайян кардани мавқеи ташкилотҳои мувофиқ дар ҳудуди индустрияи сохтмонӣ, ширкатҳои энергияҳосилкунанда ва роҳҳои амалии ҳалли ин масъалаҳо мебошад.
Татбиқи сифатан муҳими аз нуқтаи назари энергетикӣ самараноки маводҳои сохтмонӣ, инчунин, технологияи истеҳсоли онҳо бо истифодабарии масолеҳҳои техногении хокистарҳосилкунӣ ва боқимондаҳои хокистардажғолии МБГ яке аз самтҳои муҳим дар саноати сохтмонӣ маҳсуб меёбад. Вале истифодабарии раванди чунин намуди масолеҳ, ба монанди боқимондаҳои хокистарӣ ва хокистардажғолии Маркази барқу гармидиҳӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои тараққикарда имрӯзҳо хеле беҳтар арзёбӣ мегардад. 
Бинобар ин, тайи солҳои охир ҳангоми ба кор даромадани МБГ-2-и шаҳри Душанбе истифодаи боқимондаҳои партовҳои хокистардажғолӣ масъалаи мубрами рӯз гардида аст. Яке аз роҳҳои равшани ҳалли масъалаи мазкур истифодабарии хокистар барои истеҳсоли хиштҳои силикатӣ ва сафолӣ, истеҳсоли бетон, маҳлулҳо ва омехтаҳои хушк ва дигар маводҳои сохтмонӣ мебошад. Бо ин роҳ Россия, Чин, Ҷопон, ИМА ва дигар мамлакатҳо равона мебошанд. Ҳамин тавр, коркарди технологии истеҳсоли масолеҳи босифат бо роҳи хокистаристеҳсолкунӣ дар МБГ, инчунин, дар асоси ин коркарди технологии истеҳсоли маводҳо барои соҳаи сохтмон, ҳамзамон, дорои хосиятҳои баланди устувории техникӣ ва сохтмонидошта аз нуқтаи назари амалӣ, бешубҳа, зарурӣ буда, илова бар ин, коркарди партовҳои хокистардажғолӣ барои расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар нақши назаррас дорад. Тамоили ҷараёндошта имкон медиҳад, ки на танҳо миқдори онҳо дар партовгоҳҳо кам мешавад, балки барои ташкили истеҳсолот бидуни партов ва кам кардани иқтидори комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба муҳити зист замина мегузорад.
 
Фарҳод НАСРУЛЛОЕВ, доктор PhD


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2021    №: 42    Мутолиа карданд: 675
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед