logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

КОРРУПСИЯ. Ҷарроҳ аз модари сарбоз пул гирифту ба толори суд рафт
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Фаридун Мирзоев, ҷарроҳи шифохонаи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом шуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст. 
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда ҳанӯз моҳи июли соли 2020 аз модари як сарбоз – шаҳрванд «Б» барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ 20000 сомонӣ тамаъ кардааст. Ф. Мирзоев аз ин маблағ, дарҳол 1000 доллари ИМА ва 2000 сомониашро гирифтааст. Вале ҳангоми гирифтани 8000 сомонии боқимонда боздошт гардида, ин маблағ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.
Дар ин робита, нисбат ба Ф. Мирзоев бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намудани ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ менамояд.
 
ҒОРАТГАРӢ. Дузди шабгард ба дасти милитсия афтод
Кормандони милитсия дар ноҳияи Вахш мардеро бо гумони дуздӣ боздошт намуданд, ки аз моҳи июли соли 2020 ба ин сӯ амволи арзишноки сокинонро ғорат кардааст.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки дастгиршуда Бобоҷон Шомуродов (соли таваллудаш 1982) дар ҳоле даст ба ҷиноят задааст, ки қаблан низ се маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст. Ин боздошт дар асоси муроҷиати сокинон ба ШВКД дар ноҳияи Вахш муяссар шуда, гумонбар зимни пурсиш иқрор намудааст, ки шабона вориди манзилҳои истиқоматӣ гардида, амволи мардумро дуздидааст. 
Вобаста ба ин амал, нисбат ба Б. Шомуродов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
 
ҚАЛЛОБӢ. Марди қаблан судшуда боз ба курсии ҷавобгарӣ нишаст
Як сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан бо ҷурми қочоқ (моддаи 289 Кодекси ҷиноятӣ) суд шудааст, ин навбат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир гардид.
Маркази матбуоти ВКД аз ӯ марди 35 - сола ном мебарад, ки аз моҳи сентябри соли 2019 то январи соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст. Барои ин амал бо моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд. 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2021    №: 43    Мутолиа карданд: 1264
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед