logo

илм

ИЛМРО АМАЛ МЕБОЯД

БАРДОШТҲО АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 26 ЯНВАРИ СОЛИ 2021
Дар Паём бо назардошти муҳимияти нақши илм дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маърифатӣ - фарҳангии ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид мегардад: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд». 
 
Ҳадафи Пешвои муаззами миллат аз тақвият бахшидани илму маориф, ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Маҳз омӯзиш ва пажӯҳиши пайваста доираи имконияти илмро ба воқеият табдил медиҳад ва ба он дар самти рушди тамоми ҷанбаҳои ҷомеа нақши калидиро медиҳад. Илм худ меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд.  
Қобили ёдоварист, ки бо ташаббуси Сарвари давлат солҳои  2020-2040 - ро ҳамчун Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудан, яке аз роҳҳои муассири расидан ба ин ҳадаф аст, зеро маҳз дар замони ҷаҳонишавӣ илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ  ба шумор мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш аз аҳамияти роҳандозӣ гардидани ду иқдоми муҳим – озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ёдовар гардида, зикр намуданд, ки онҳо «…як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем».
Бо мақсади боз ҳам бештар ба илм рӯ овардани аҳли зиёи ҷомеа, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ пешниҳод намуданд: «Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад», ки он қобили таваҷҷуҳи ҷомеа гардид. 
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии аҳолӣ ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, рушди доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ дар кишвар мебошад. Зеро илм ҳамчун унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, инчунин, нишондиҳандаи асосии фарҳанги миллӣ ва кафолати рушди бемайлони давлат низ маҳсуб меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз омилҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар сатҳи касбияти мутахассисони салоҳиятнок маҳсуб мешавад, зеро ки дар баробари тараққиёти илму техника ва технологияи замонавӣ, тарзу усули кор низ такмил меёбад ва талаботи зиёди касбиро ба миён меорад. Аз  ин рӯ, таъкид гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳоло дар кишвар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунанд. Дар асоси дастури Пешвои миллат имсол дар заминаи литсею коллеҷҳои техникӣ боз 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омӯзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «қисми зиёди таҷҳизоти таълимӣ дар ин муассисаҳо фарсуда гардида, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир омӯзонда намешавад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ намерасанд».
Бо назардошти вазъи мавҷуда, Пешвои миллат дар Паёми худ дастур доданд, ки «барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд». Ин таъкиди Сарвари давлат барои ҳар як олиму коршинос бояд роҳнамое бошад, ки иҷрои худро тақозо мекунад.
Дар баробари ин, Сарвари давлат ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш доданд, ки  ҷиҳати таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро татбиқ намоянд.
Бо қаноатмандӣ бояд гуфт, ки як иқдоми басе муфиди Сарвари давлат хеле саривақтӣ ва ба манфиати кори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои пешорӯйи ин муассисаҳо қарордошта пешниҳод намуданд: «Ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд».
Маврид ба таъкид аст, ки яке аз унсурҳои асосии фаъолияти инноватсионии муассисаи таълимӣ, ин бо воситаҳои иттилоотии муосири илмӣ - техникӣ таъмин будани он ба шумор меравад. Муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар навбати аввал бояд бо шабакаи иттилоотии интернетии боэътимод ва баландсуръат, ки асоси онро техникаи муосири компютерӣ ташкил медиҳад, ба таври доимӣ пайваст гарданд.
Ин тадбир имкон медиҳад, ки барои ташкил ва доир намудани видеоконфронсҳо бо мақсади рӯнамоии технологияҳои инноватсионӣ (намоиши технологияҳо бо риояи ҳуқуқҳо ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ), табодули таҷрибаи корӣ, ташкили таҳсилоти фосилавӣ ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи инноватсия  имконияти мусоид  фароҳам  гардад. Аксари муассисаҳои таълимӣ тавони ба таври алоҳида роҳандозӣ намудани фаъолияти муваффақонаи инноватсиониро надоранд, аз ин рӯ, зарурати ба роҳ мондан ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои онҳо бо шарикони рушди дохиливу хориҷӣ вуҷуд дорад.
Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” тасмим гирифтанд, дар навбати аввал тадбирҳои зайлро татбиқ намоянд: 
- доир намудани силсилаи  семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021;
- ба ҳайси лекторон-омӯзгорон ширкат намудани ходимони илмии муассиса дар машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисоси Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва ба шунавандагон омӯзондани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия намудан ва дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмӣ ва матбуоти даврӣ ба нашр расондани силсилаи мақолаҳои илмӣ - оммавӣ роҷеъ ба масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои бо шуғли арзанда фаро гирифтани шаҳрвандони қобили меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузарондани мониторинги вазъи имрӯзаи истифодабарии технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ.
Ходимони илмии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” кӯшиш мекунанд, ки раванди таҳқиқот, алалхусус натиҷаҳои бадастомадаи илмӣ, омили фаъол дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ гарданд, зеро ки мавриди истифода қарор гирифтани натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд роҳи ба ҳадаф расидани мақомоти дахлдорро кӯтоҳу осон гардонанд. 
 
Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА, 
номзади илмҳои сиёсӣ,
директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират 
ва шуғли аҳолӣ»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2021    №: 44    Мутолиа карданд: 1269
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед