logo

иқтисод

«САМАР». ҲОЛИ ТАБОҲИ КОРХОНАИ ЗАМОНЕ ОВОЗАДОР ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ширкати хусусии «Самар» - и ноҳияи Восеъ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вирди забони умум буд. Бо истеҳсолоти рушдкарда, ҳамчунин, рӯзномаю телевизиони хусусӣ ва тимҳои футболу баскетболаш шуҳрат дошт, ки на ҳар корхона ба чунин корҳо қудратманд аст. Аммо аз соли 2014 ин корхонаи овозадор ғайричашмдошт ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Вобаста ба сабабу омилҳои ба чунин вазъ расидани корхона хабарнигори «Ҷумҳурият» тадқиқоти журналистӣ анҷом дод.   
 
АЗ «САМАР» ТО «САМАР - ММ» 
Бо фурӯпошии давлати шӯравӣ, ки ҳамчунин, шикасти иқтисоди сотсиалистии дар асоси моликияти ҷамъиятӣ бунёд ёфта буд, дар кишварҳои пасошӯравӣ хусусигардонии оммавии моликият шурӯъ шуд, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол. 
Дар муҳити нави иқтисоди бозорӣ бисёр хоҷагию корхонаҳои хусусишуда, аз ҷумла корхонаҳои азими саноатӣ, ки қаблан пешоҳанги соҳа буданд, ба рақобат тоб оварда натавонистанд. Зеро бо тафаккури сотсиалистӣ идораи бобарори истеҳсолот, истифодаи фишангҳои иқтисоди бозорӣ имкон надошт. Аммо ба сафи чунин ширкатҳои ноком шомил кардани ҶСШК ШХ «Самар» дуруст нест, зеро тадқиқоти анҷомдода нишон медиҳад, ки дар қатъи фаъолияти густурда ва пуравҷи он «омилҳои инсонӣ» авлавият доранд.
«Самар» соли 1981 чун корхонаи коркарди пахта таъсис ёфта, соли 1992 онро соҳибкор Самариддин Фазлиддинов дар асоси Барномаи давлатии хусусигардонии моликият иҷора мегирад ва соли 1995 хусусӣ менамояд. Солҳои аввал ширкати нав ҳамчун истеҳсолоти ресандагӣ бо иқтидори коркарди 2000 тонна нахи пахта бо фароҳамории қариб 100 ҷойи кор фаъолият мекард. Инчунин, ба истеҳсоли равған, коғази ташноб, хиштҳои сементӣ машғул буд, осиёб ҳам дошт. 
Бо гузашти солҳо, С. Фазлиддинов ба хулоса омад, ки ширкат истеҳсоли риштаро бояд на бо пахтаи харида, балки бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монад, ки манфиаташ бештар аст. Ба ин васила, хеле ҷойи нави корӣ ҳам, муҳайё мешуд. Ҳадафи дигари ӯ ба роҳ мондани истеҳсоли чигити тухмӣ буд. Ҳамин тавр, 11 июни соли 2002 дар заминаи ширкат бо 301 саҳмдор хоҷагии деҳқонии «Самар - ММ» таъсис ёфт, ки дар ихтиёри он 365,5 гектар замин буд. Хоҷагӣ инфрасохтори хуб ҳам дошт: озмоишгоҳи ташхиси пахта, бошишгоҳи саҳроӣ, анборҳои чигити тухмӣ, зироатҳои донагӣ ва нуриҳои минералӣ, ки на ҳар хоҷагии пешқадами ноҳияву вилоят ба ин дараҷа рушдёфта буд. Пойгоҳи мустаҳками моддию техникӣ, ташкили хуби кор имкон фароҳам овард, ки беш аз даҳ сол, аниқтараш солҳои 2002 – 2014, хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ва берун аз ҳудуди онро бо чигити хушсифати тухмӣ таъмин созад. 
Бинобар ин, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти № 312, «Самар - ММ» ба шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии мамлакат ворид шуд. 
 
«САМАР» ЗЕРИ ФИШОР ҚАРОР МЕГИРАД
Вале ин узвият дер давом накард. Ғайричашмдошт соли 2014 аз номи раиси навтаъйини ноҳия ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати кишоварзӣ барои аз шабакаи тухмипарварӣ баровардани хоҷагии тухмипарварии ширкат мактубҳо ирсол гардиданд. Чунин талаби ғайричашмдошт вазоратро дар ҳайрат гузошт. Дар яке аз ҷавобҳои Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ, ки, ҳамчунин, ба унвони Ҳукумати кишвар фиристода шудааст (№ 1/9 - 1756 аз 24 июли соли 2018) чунин зикр гардидааст: «Мутаассифона, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо қарори раиси ноҳия бар хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии тухмипарварии «Самар - ММ» парвандаи заминсозӣ таҳия карда, хоҷагиҳои деҳқонии «Шамсиддин», «Ҳоҷӣ Амон», «Саидшоҳ», «Умаралӣ», «Раҳмоналӣ», «Зебо», «Парвиз», ҷамъ 53 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ таъсис додааст. Хоҷагиҳои номбаршуда ғайриқонунӣ соҳиби замин шудаанд».
Инро санадҳои Прокуратураи генералӣ, прокуратураҳои вилояти Хатлону минтақаи Кӯлобу ноҳияи Восеъ, Суди иқтисодии ҷумҳурӣ ва вилоятиву минтақавию ноҳиявӣ тасдиқ менамоянд. 
Дар яке аз посухҳои прокуратураи ноҳияи Восеъ (аз 29. 03. 18, № 8/183 бо имзои прокурори ноҳияи Восеъ мушовири адлияи дараҷаи 1 Пулодӣ У. Т.) омадааст: «Прокуратураи ноҳияи Восеъ маҷмӯи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳияи Восеъро вобаста  ба  ҷудо  гардидани  қитъаҳои замин ва ҳолати иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки самтро ба танзим медароранд дар фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Самар - ММ» мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дод…
Тибқи сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, дараҷаи А, № 014037, хоҷагӣ барои истифодабарии мероси якумра ба Ф. Фазлиддинов ва аъзоёни он ҷудо карда шудааст, ки 365,55 гектар замин ва 292 саҳмдор муқаррар карда шудааст.
Аммо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бар хилофи талаботи банди 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», ки тибқи он дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он манъ аст, амал намуда, 19 январи соли 2016 маҷлиси умумии  аъзоёни  хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) - и «Самар – ММ» ташкил намуда, Ф. Фазлиддинов, бинобар сабаби иштирок накардан дар маҷлиси ҳисоботӣ ва надодани ҳисоботи солона, мутобиқи банди 5 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва дар асоси таклифи ҳамаи аъзоёни хоҷагии мазкур аз вазифаи сардори хоҷагии деҳқонии «Самар - ММ» озод карда шудааст...
Инчунин, ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки баъди барканор кардани Фазлиддинов Ф. заминҳои хоҷагии зикршуда таҷдид шуда, ба шахсони алоҳида тақсим гардидааст.
Ҳол он ки тибқи талаботи банди 33 қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 1775, аз 30 июни соли 2006 тасдиқ шудааст, ташкилотҳое, ки корҳои илмӣ, таълимӣ, таҷрибавиро анҷом медиҳанд, инчунин, хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ ва чорводории зотӣ танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташкил мешаванд.
Аммо ин талабот дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ сарфи назар гардида, заминҳои хоҷагии тухмипарварии «Самар- ММ» ғайриқонунӣ таҷдид шудаанд».
Ин гуна санадҳои ҳуқуқиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфи назар менамуд. Ҳарчанд ба қарорҳои раиси ноҳия аз тарафи прокуратураи вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва прокуратураи ноҳия зимни санҷишҳо эътироз оварда, бекор шудаанд. Инчунин, аз тарафи Вазорати кишоварзӣ дахолати ӯ ғайриқонунӣ ҳисобида шудааст, масъулони ноҳия ба ҳар роҳу восита пеши роҳи корхонаи азими саноатӣ ва хоҷагии деҳқонии онро мегирифтанд. 
Мӯсо Ғафурзода, собиқ раиси ноҳия, зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки хоҷагиҳои навтаъсис ҳамон саҳмдорони хоҷагии «Самар - ММ» мебошанд. Вақте М. Зираев раиси хоҷагӣ таъйин мешавад, ӯ аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дархост мекунад, ки аз уҳдаи идораи замин намебарояд. Дар ин ҳол зарурати таҷдиди он ба амал омад. Аз ин рӯ, зарур шумурдем, ки хоҷагиро ба саҳмдорон тақсим кунем. Айни замон 71 гектар замин дар ихтиёри хоҷагии мазкур мебошад, аммо онҳо онро низ самаранок истифода намебаранд, аз ин рӯ, дигарон дар заминҳои «Самар - ММ» кор мекунанд, дар ҳоле, ки он заминҳои «Самар» ба шумор мераванд. 
Аммо ӯ ба саволи чӣ гуна бе қарори раиси ноҳия шахси дигар соҳиби хоҷагӣ мешавад, ҳеҷ чиз гуфта натавонист. Дар ҳоле, ки бо қарорҳои раиси ноҳия 53 хоҷагии нав таъсис ёфта, корхонаро аз ашёи хом маҳрум сохтааст. Аз хулосаҳои Вазорати кишоварзӣ ва прокуратураи ноҳияи Восеъ бармеояд, ки аксари хоҷагидорон саҳмдорони собиқи «Самар» нестанд. 

КОР БО СУРАТҲИСОБИ БАСТА ВА ҚАРЗ
Соли 2016 аз ширкат осоишгоҳи «Закариёи Розӣ» - ро, ки аз соли 1995 дар тавозунаш қарор дошт, маҳрум сохтанд. Ба гуфтаи роҳбари ҶСШК ШХ «Самар» Муслиҳиддин Фазлиддинов, осоишгоҳ дорои 40 кат буд ва дар он 25 нафар кор мекард ва барои истироҳати коргарони ҷамъият истифода мешуд. Соли панҷум аст, ки он дар тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бидуни истифода қарор дорад. 
Ба хотири таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини аҳолии ноҳия бо орд, дар дохили корхона коргоҳи хурди ордбарорӣ ташкил ёфта буд. Мақомоти маҳаллӣ  онро низ аз тавозуни корхона гирифта, ба шахсони дигар дод, ки айни ҳол он ҷо хонаҳои истиқоматӣ мавҷуданд.
Пас аз мушкилоти зикршуда ҶСК «Самар» аз фаъолият бозмонд ва табиист, ки ба қарз ғӯтид. М. Фазлиддинов, гуфт, ки «Самар» аз ҶСК «Агроинвестбонк» ва мақомоти андоз қарздор шуд. Дар натиҷа, мақомоти андоз суратҳисоби корхонаро баст. Қаблан ширкат чун андозсупорандаи азим соле  беш аз як миллион сомонӣ андоз месупурд. 
Ӯ гуфт, ки корхона танҳо соли охири фаъолияташ (соли 2014) беш аз 1,5 миллион сомонӣ андоз супурдааст. Бастани суратҳисоб барояш гарон афтид, чун амалиёти бонкӣ ва молиявӣ ғайриимкон гардид. Ҳамин тавр, дар натиҷаи зӯран ва ғайриқонунӣ барҳам задани хоҷагии деҳқонии «Самар - ММ», ширкати «Самар» аз манбаи ашёи хом, ки худ истеҳсол мекард, маҳрум шуд. Ҳол он ки роҳбарияти ҷамъияти саҳомӣ соли 2011 маҳз бо такя ба пойгоҳи мустаҳками худии ашёи хом барои навсозии техникии корхонаи ресандагӣ бо ширкати чинии «Auer (Jintan) textile machinery co.LTD» ҷиҳати хариди таҷҳизоту технологияи муосири ресандагӣ ба маблағи беш аз 1,5 миллион доллари ИМА шартнома баста буд. Шартнома бозомӯзии мутахассисони маҳаллиро низ дар назар дошт. Аз ҷониби «Самар» 15 дарсади маблағ (228 983 доллари ИМА) пешпардохт гардид. Аммо вазъияти тағйирёфта имконияти татбиқи ин нақшаи навсозӣ ва тавсеаи калонтарин корхонаи саноатии ноҳияро аз байн бурд. Зеро он дигар истеҳсолоти худро бо пахта таъмин карда наметавонист.   
Суҳроб Азимзода, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки мушкилии ширкати хусусии «Самар» дар наёфтани сармоя ҷиҳати навсозии таҷҳизоти корхона аст, на фишороварии мақомоти маҳаллӣ. 
- Корхона соли гузашта ҷиҳати коркарди пахта ҳисобот додааст. Ҳоло дар рӯйхати андозсупорандагон қарор дошта, суратҳисобаш кушодааст. Агар корхона маблағи сармоявӣ дарёбад, имкон дорад, ки фаъолияташро дубора барқарор созад, - гуфт номбурда.  

ХУЛОСА
Таҳқиқ муайян сохт, ки имрӯз роҳбарияти ширкат ба дастгирӣ эҳтиёҷ дорад, то корхонаи замоне  дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳмгузор ба ҳолати аввала баргардад. Аз суҳбат бо Муслиҳиддин Фазлиддинов бармеояд, ки ӯ талош дорад то корхона фаъолияташро дубора густариш диҳад. Дар ин самт заминаҳо фароҳаманд. Ӯ мегӯяд: «Агар монеаэҷодкуниҳо нисбат ба «Самар» анҷом ёбанд, бо андак дастгирӣ саҳми корхона на танҳо барои рушди ноҳия, балки дар пешрафти вилоят хоҳад расид. Зеро корхона метавонад садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда, ба буҷети маҳаллӣ маблағи бузург ворид созад».
Воқеан, аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар иттилоъ доданд, ки боиси таассуф аст, чунин як корхонаи бисёрсамта фаъолиятро қатъ карду беш аз 100 коргар бекор монд. Роҳбарияти ширкат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхона чораҳои зарурӣ андешанд. Аммо онҳо низ ҷуз таассуф аз қатъи фаъолияти корхона чораи натиҷаоваре наандешидаанд. Дар ҳоле, ки ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи иқтисодии Пешвои миллат ташкил ва афзунсозии ҷойҳои нави кор, пайваста баланд бардоштани маоши кормандон мебошад, то ки мардуми шарифи тоҷик беш аз пеш рӯзгори шоистатар дошта бошад. Пас, сиёсати иқтисодии роҳбарони ноҳияи Восеъро чӣ тавр дуруст метавон ҳисобид,  ки ба ҷои фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, дастгирии корхонаю хоҷагиҳо корхонаи пурқуввати саноатӣ, ҳамчунин, хоҷагии пахтакорию тухмипарварии ҶСК «Самар» - ро бо ҳар роҳу восита дарҳам - барҳам заданд, даҳҳо нафарро аз мояи зиндагӣ бенасиб гардонданд?!

Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
 
АЗ ИДОРА: «Ҷумҳурият» тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз тақдири чунин корхонаҳои азиме, ки замоне дар иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас доштанду имрӯз аз онҳо танҳо ном мондааст, пайгирӣ кунад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2021    №: 45    Мутолиа карданд: 868
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед