logo

маориф

ХАТЛОН. 500 ҲАЗОР КӮДАК АЗ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ МАҲРУМ АСТ. ЧӢ БОЯД КАРД?!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018  масъулони Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар ниҳодҳои марбутаро муваззаф карданд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 30 дарсад расонда шавад. Аз ҷумла, Пешвои миллат, таъкид намуданд: «Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидаанд.
Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расондани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд».
Дар робита ба ин, мо масъалаи бунёди кӯдакистонҳоро дар вилояти Хатлон мавриди таҳлил қарор додем. Дар ин минтақа низ мушкил то ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мондааст. Айни замон дар вилоят 156 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва кӯдакистон фаъолият дорад, ки ин шумора барои яке аз минтақаҳои сераҳолии кишвар басанда нест. Бино ба маълумоти раёсати маорифи вилоят, кӯдакистонҳои мавҷуда ба ҳолати якуми январи соли равон ҳамагӣ 9,4 дарсади кӯдаконро дар ин минтақа фаро мегиранд. 

ВОЛИДОН ПЕШРАФТИ БЕШТАРИ ФАРЗАНДОНРО МЕХОҲАНД
- Ба тарбияи кӯдакон бепарво нестем ва кӯшиш мекунем онҳоро дуруст тарбия намуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расонем, аммо тарбияи кӯдакистон аҳамияти хос дорад. Он ҷо фарзандони мо ба ҷамъият пайванд мегарданд ва дар замири онҳо аз хурдӣ муттаҳидию якдигарфаҳмӣ маъво мегирад. Вале дар маҳали зистамон кӯдакистоне нест, ки ҳадди ақал аз ҳар оила як кӯдакро ба тарбия ҷалб намояд. Баробари ин, агар чунин шароит муҳайё шавад, модарони ҷавон низ бе ташвиши зиёд субҳ фарзандонро ба кӯдакистон супурда,  худ ба ягон кори самаровари дигар машғул хоҳанд шуд. Ҳоло аз чунин имконият маҳрумем ва фарзандонамон танҳо бо тарбияи оилавӣ ба саҳни мактаб қадам мегузоранд, - гуфт Бунафша Азимова, сокини ноҳияи Ҷайҳун. 
Дар қатори Бунафша даҳҳо волидони дигар аз камбуди шумораи кӯдакистонҳо дар вилоят гуфтанд. Ба андешаи онҳо,  тарбияи кӯдакистон барои инкишофи беҳтари фарзандонашон ва идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна заминаи мустаҳкам мегузорад. 

ВАҚТЕ КӮДАК ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ МЕГИРАД… 
Маҳмуд  Кабиров,  доктори  илми  равоншиносӣ, иброз дошт, ки  дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд кардани теъдоди кӯдакистонҳо дар ҷумҳурӣ барои рушди дарозмуддати ҷомеа аҳамияти бағоят зиёд дорад. 
- Ташаккулу инкишофи рӯҳияи кӯдак, омӯхтани хусусиятҳои моддию маънавии муҳити ҷомеа аз ҷониби онҳо ва заминагузорӣ ба барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фаъолияти кӯдакистонҳо маншаъ мегирад. Зеро тарбияи кӯдак дар муҳити хона барои омодагии ӯ ба таълиму тарбияи мактабӣ мушкил аст. Ҳамчунин, барномарезии муассисаҳои томактабӣ ба болоравии савияи дониш ва қобилияти зеҳнии кӯдак дар оянда ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат менамояд. Дар акси ҳол сари вақт аз худ кардани донишҳои мактабӣ барои кӯдак мушкил ва боиси қафомонии ӯ аз раванди таълим мегардад, - гуфт ӯ.   

КӮДАКИСТОНҲОЕ, КИ  ФУРӮХТА ШУДАНД
Баробари кам будани муассисаҳои томактабӣ  фурӯхта шудан ва бо дигар мақсад истифода гардидани кӯдакистонҳои аз аҳди шӯравӣ боқимондаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мушкили дигаре дар ин самт мебошад. Ба иттилои Малика Шукурзода, мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии раёсати маорифи вилоят, дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 19 муассисаи томактабӣ фурӯхта шуда, қисмате аз кӯдакистонҳо ба навъи дигари муассиса табдил ёфтаанд.
Номбурда дар посух ба суоли кӯдакистонҳои фурӯхташуда кай баргардонда мешаванд, чунин посух гуфт: 
 -  Айни замон масъулони раёсат якҷо бо намояндагони мақомоти марбута бо шахсоне, ки  кӯдакистонҳоро гирифта, ба дигар навъи ташкилоту муассиса ё  манзили зист табдил додаанд, суҳбату мулқот гузаронданд. Баъди  санҷиш ва омӯзиши камбудии ҷойдошта ин афрод ваъда доданд, ки дар ояндаи наздик кӯдакистонҳоро барқарор ё ба ҷои онҳо дар дигар мавзеъҳо муассисаҳои нав месозанд.

ЧАРО ИҶРОИ БАРНОМА ДАР ВИЛОЯТ НИГАРОНКУНАНДА АСТ?   
 Агар ба натиҷаҳои иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои давраи солҳои 2014 - 2020 нигарем, мутаассифона, ҳанӯз ҳам, дар вилояти Хатлон фарогирии кӯдакон ба кӯдкистонҳо аз сатҳи  миёнаи нақшаи пешбинишуда поин аст. 
Соҳибназар Сафаров, собиқ муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурӣ, иҷрои барномаро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд хуб арзёбӣ намуда, аз татбиқи барномаи мазкур дар вилояти Хатлону  шаҳру ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард. 
- Пайдо накардани манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ, аз ҷумла ҷалби соҳибкорони ватанӣ, ба бунёди муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дар вилоят яке аз сабабҳои ҳадди ақал дар сатҳи миёна иҷро нашудани барномаи мазкур  мебошад, - изҳор дошт ӯ.
Дар доираи барномаи мазкур бояд 859 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бунёд мешуд, аммо то ин муддат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамагӣ 95 муассисаи томактабии хусусӣ ба фаъолият оғоз кард, ки 11,1 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус дар ҳисоботи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаи фаъолият дар соли 2020 чунин тавзеҳ дода шудааст.  «Баргардондан, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ, инчунин, ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла марказҳои инкишофи кӯдак, ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Вале дар ин самт мақомоти дахлдор корҳои судмандро ба анҷом нарасондаанд». 
 
ТАДБИРҲО БАҲРИ РАФЪИ МУШКИЛОТИ СОҲА
Муҳлати иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ барои давраи солҳои 2014-2020 ба охир расидааст, масъулони соҳа ҳалли масъалаи мавриди назарро ба  охири соли ҷорӣ  вогузор мекунанд, ки мақоли «Сертараддуди камкифоя»-ро мемонад.  Ҳоло дар вилоят беш аз 16 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуда, боқимонда 500 ҳазор кӯдаки дигар аз тарбия дар кӯдакистонҳо маҳруманд. Ҳол он, ки сарчашмаи таълиму тадрис аз ин даргоҳ маншаъ мегирад. Пас савол ин аст, ки бо чунин шароит  таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи худшиносию илмдӯстӣ чӣ гуна имкон хоҳад дошт?
Тавре Малика Шукурзода гуфт, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои асосии рафъи мушкили норасоии кӯдакистонҳо дониста мешавад. Агар соли гузашта дар вилоят ҳамагӣ 3 муассисаи томактабӣ  сохта шудааст, 27 маркази инкишофи кӯдак дари худро ба рӯи кӯдакон боз намуд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 820 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирӣ 22 ҳазору 574 нафар фаъолият дорад, ки ҷойи норасоии кӯдакистонҳоро то андозае пур месозанд. Пас, хуб намешавад, ки то фароҳам омадани имконияти сохтмони кӯдакистонҳо дар қадами аввал дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ марказҳои инкишофи кӯдаконро афзунтар намоем? 
Воқеан, барои ғайриқаноатбахш иҷро гардидани барномаи давлатӣ дар ин соҳаи ҷомеасоз киҳо бояд ҷавоб гӯянд?!

Муҳаммад САИДВАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2021    №: 46    Мутолиа карданд: 1335
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед