logo

иқтисод

ШЕРАЛӢ КАБИР: «ИҚТИДОРИ САНОАТИИ ТОҶИКИСТОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД»

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод зикр кард, ки соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 30 миллиарду 820,8 миллион сомонӣ расид. Дар ин давра ба хориҷи кишвар ба маблағи 14 миллиарду 490,8 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шуд. 
 
Корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Бо  мақсади зиёд кардани иқтидори содиротии мамлакат, ташкили ҷойҳои кории нав ва амалӣ намудани  Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020, дар маҷмӯъ, фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа 7,2 миллиард сомонӣ буда, содироти он ба хориҷи кишвар 2,1 миллиард сомониро ташкил дод. Барои воридоти таҷҳизоти нави технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 6 миллиарду 411 миллион сомонӣ маблағи дохилии корхонаҳо ва сармояи хориҷӣ равона гардид.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 6500 кас соҳиби ҷойи кор шуд. Аз ҳисоби 142 корхонаи нав ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Дар ин муддат 110 корхона (дар ВМКБ 5, вилояти Суғд 17, вилояти Хатлон 27, НТҶ 29 ва дар шаҳри Душанбе 32 корхона), умуман, фаъолият накардаанд, ки аз онҳо 21 корхона ба саноати истихроҷ ва 89 - тои дигар ба саноати коркард рост меояд. 
 
САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ БЕШ АЗ 6 МИЛЛИАРД СОМОНӢ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар қиёс ба соли қаблӣ зиёд буда, 6 миллиарду 768,9 миллион сомониро ташкил дод. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини устувор ва кафолатнокии аҳолӣ бо  маҳсулоти ғизоии баландсифат тавассути ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва воридоти таҷҳизоту технологии муосир ва татбиқи онҳо  дар истеҳсолот дар саноати хӯрокворӣ 62 корхона  ва  коргоҳи саноатӣ бо 1480 ҷойи кор ба истифода  супурда  шуд. Азимтарин корхонаҳои бунёдгардида - ҶДММ «Комбинати орди Душанбе», ҶДММ «Хуҷанд Агро», «Ханта Канада ИНК», ҶДММ «Чӯҷаи Байзо», инчунин, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти консервагии ҶСП «Оби зулол», ҶДММ «Сирдарё» ва ҶДММ «Ширкати Азизӣ» мебошанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нав бори нахуст истеҳсоли шарбат, смузӣ, пюреҳои мева дар зарфҳои «Дой Пак» барои кӯдакон, желатин, инчунин, коркард ва истеҳсоли чойи хушк дар истеҳсолот роҳандозӣ гардид. Айни замон дар саноати хӯрокворӣ 523 корхона ба маҳсулоти ғизоии саноатӣ машғул аст, ки дар маҷмӯъ, қариб дувоздаҳ ҳазор касро ба кор фаро гирифта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд.
 
СОХТМОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ ХУДӢ РӮ БА АФЗОИШ
Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон соли сипаришуда ба маблағи қариб се миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карданд. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 9,7 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ 60,3 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 48,2 миллион долларро ташкил намуд, ки содирот нисбат ба воридот 12,1 миллион доллар зиёд аст. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент буда, он ба 59,8 миллион доллар расид. Қисми зиёди воридотро кошин 15,5 миллион доллар, шиша 9,5 миллион, гаҷкартон 5,5 миллион, маснуоти санитарӣ як миллион долларро ташкил дод. Беш аз як миллион тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (764,5 ҳазор), Афғонистон (505,5 ҳазор) ва Қирғизистон (42,1 ҳазор тонна) содирот шуд.
 
ИСТИХРОҶИ БЕШ АЗ ДУ МИЛЛИОН ТОННА АНГИШТ ДАР ЯК СОЛ
Дар ин давра нуҳ корхона дар ҳафт кон фаъолият карда, як корхона бо сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ фаъолиятро қатъ кард. Истихроҷи ангишт дар ин давра беш аз ду миллион тоннаро ташкил дод. Аз ҷониби корхонаҳои соҳа 2,7 ҳазор тонна ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон содирот шуд. Аз тарафи корхонаҳои соҳа ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ 31 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ ворид шуд.
 
РӮ БА РУШД. ДАР БОРАИ САНОАТИ САБУК 
Нишондиҳандаи истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати сабук тамоюли болоравӣ дорад. Дар натиҷаи имтиёзҳои фароҳамгардида соли гузашта корхонаҳои соҳа бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2019 суръати афзоиш 112,1 дарсад таъмин шуд. Аз ҷониби корхонаҳои коркарди нахи пахта 19 286,9 тонна ресмони пахта ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 13,7 миллион метри мураббаъ матои пахта истеҳсол гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар қиёс ба соли қаблӣ афзуд. Айни замон 57 корхона истеҳсоли ниқобҳои тиббиро ба роҳ монда, наз-дики 9,5 миллион дона ниқоб истеҳсол карданд. ҶДММ «САТН» ва ҶДММ «Ҷавонӣ» 2 миллиону 700 ҳазор ниқоби тиббиро ба Италия содирот карданд, ки шаҳодати рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷи кишвар мебошад. 
- Коркарди пӯсти чорво 620 ҳазор дона ва истеҳсоли қолин ба 2 миллиону 657,6 ҳазор метри мураббаъ расонда шуд. Бо мақсади васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ, татбиқи раванди инноватсионӣ ва беҳгардонии сифати маҳсулот дар корхонаҳои соҳа аз хориҷи кишвар - Россия, Туркия, Австрия, Чин, Эрон, Корея ба маблағи қариб 119 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, аз қабили қолинбофӣ, кешбофӣ, бофандагӣ, халтабарорӣ ва дӯзандагӣ ворид ва васлу насб шуд, - гуфт Шералӣ Кабир.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.03.2021    №: 48    Мутолиа карданд: 1085
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед