logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛАЙ ПОДГУЗОВ

5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Николай Подгузовро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Ҳангоми мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки авруосиёии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
- Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкориҳои судманд бо Бонки авруосиёии рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ҳавасманд аст,- таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии панҷ муассисаи таълимӣ дар Тоҷикистон, ки тавассути Фонди авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат шуд. Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки авруосиёии рушд мебошад.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.
Дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ зарур шумурда шуд.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
 
 
Николай Подгузов, раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд, ки баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, аз таҳкими ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин ниҳоди молиявӣ истиқбол намуд.
Раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд дидору мулоқоташ бо Сарвари давлатро фарогиру судманд арзёбӣ намуда, изҳори бовар намуд, ки он дар тавсеаи самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ такони нав мебахшад. 
- Дар ҷараёни суҳбат мо ба татбиқи лоиҳаҳо дар бахши энергетика, логистика ва дигар самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Ҳамчунин, амалигардии тарҳи сохтмону муҷаҳҳаз кардани 5 муассисаи таълимии русӣ, ки тавассути Хазинаи авруосиёии устуворӣ ва рушд рӯи даст гирифта шудааст, дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт, - иброз дошт Николай Подгузов.
Номбурда ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ, ки дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Россия мувофиқа шудааст, моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи дурнамо сентябри соли 2022 ба анҷом мерасанд. – Мо талош хоҳем кард, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ тибқи лоиҳа дар вақти муақарраршуда бунёд ва ба фаъолият оғоз намоянд, - таъкид кард раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд. 
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2021    №: 49    Мутолиа карданд: 4708
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед