logo

илм

НИГОҲЕ БА ОШУФТАГИҲО ДАР ТАЪРИХИ ИЛМ

Сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Майдони ҳофизаи таърих фарох мебошад, вале на ҳама кашфиётҳо, дастовардҳо, осори илмиву фарҳангии фарзонагони даврро намоён намуда, дар пеши дидори ояндагон ниҳодааст.
Бисёранд нобиғагоне, ки ҷавҳари асили муаммоҳову торикиҳои ҳастии замину осмонҳоро равшану бозёбӣ намуда, ба сабт расондаанд, вале хокистари таърих рӯи онҳоро пӯшонда, аз чашми дигарон ниҳон медорад.
Бар асари беадолатиҳову ҳаводиси замонҳо ҳисса ва мероси арзандаи як миллат, як донишманд, як олими пуркор инкор мешавад. Бештари осори пурарзиши илмии асримиёнагии Шарқ ва яке аз соҳаҳои аз пажӯҳиш бозмондаи аҷдодони мо то ба имрӯз ҳам ба таври зарурӣ таҳқиқ нагардидааст. Аксари ин кашфиётҳо бо номи дигарон ба олам муаррифӣ гардидаанд. Акнун, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳақиқати таърихии илм ошкор ва адолати он барқарор гардад. Таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамин мақсад аст, то халқ аз осори гаронбаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихии худ огоҳ бошад, онро ҳифз намояд ва ба ояндагон чун арзиши олӣ бирасонад.
Президенти муҳтарами мо бо ҳидоят ва раҳнамоӣ дар бозшинохти таърихи гузашта ва дарки мақоми илмҳои табиӣ, риёзӣ дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон мақоми илмҳои дақиқро боло дониста, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро тақвият бахшида, талаб намуданд, ки ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Дар зимн, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам хубтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020 - 2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад. 
Олимони тоҷику форс дар бунёд, рушду такомули илмҳои ибтидоии башарият, бахусус дар тавлид ва рушду такомули илмҳои табиӣ, тиб, ҳандаса, риёзӣ, кимиё, ал-ҷабр, мусиқӣ, фалсафа ва ғайра саҳми зиёд гузоштаанд. Онҳо қонуни мадду ҷазр, яъне таъсири кашиши Моҳу Офтобро ба Замин ва каму зиёдшавии оби дарёву баҳрҳоро ошкор карда, бо ёрии илмҳои ҳисобу риёзиву ҳандаса ба хулосае расидаанд, ки ситораву сайёраҳо ба падидаҳои табиат (фаровониву хушксолӣ) ва тақдири одамон таъсир доранд. Ҳамчунин, нахустин бор табақабандии ҷамодот, наботот ва ҳайвонотро ба роҳ монда, донистани асрори олам, кашфи қонуну қоидаҳои табиат ва баҳрабардорӣ аз онҳоро ёд гирифтанд. Сарфи назар аз ин, ба дастовардҳои он ҳама фарзонагон асрҳои аср баҳои шоиста надодаанд. 
Собит шудааст, ки мафҳуми адад пойдевори бинои муҳташами илми риёзиро ташкил медиҳад. Донишмандони мо дар рушди илми ҳисоб (арифметика) шуҳратманд буданд. Бо вуҷуди маълумоти зиёди назариявӣ то асри XIII таърифи илмии мафҳуми адад вуҷуд надошт. Риёзидони намоёни тоҷик Насируддини Тӯсӣ (соли вафоташ 1273) аввалин шуда таърифи илмии ададиро ба бузургиҳои якҷинса (ҳамченак ва беҳамченак) баён кард. Ба пайравӣ аз Насируддини Тӯсӣ баъди 320 сол риёзидони нидерландӣ С. Стевин ва пас аз 500 сол яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ И. Нютон ҳамин гуна таърифи ададро такрор намудаанд.
Маълумоти аввалин дар бораи таърифи номукаммали адад дар асарҳои Пифагор, Арасту, Никомах; назарияи ададҳои мусбати бутун дар асарҳои Эвдокас, Эратосфан, Архимед омада шуда бошанд, саҳми босазо дар рушд ва инкишофи ин масоил тадқиқотҳои беназири олимони тоҷику форс ба мушоҳида мерасанд.
Нахустин бор баёни даҳ рақами ҳиндӣ ва системати позитсионии даҳӣ барои ададҳои бутун ва ғайрибутуни мусбатро риёзидони гелонӣ Кушёр ибни Лаббан Ҷилӣ (X) дар рисолаи “Оид ба ибтидои ҳисоби ҳиндӣ” таҳқиқ карда буд. Намунаи чунин асарҳо дар асри XI ба таври бояду шояд сар шуда, дар асрҳои баъд ин олимон онро инкишоф ва тараққӣ доданд. Бузургтарин асари Ибни Сино “Арсимотайқӣ” дар пайравии асари Евклид; «Китоби ҳисоб» ва “Алфахрӣ”-и Абубакри Қараҷӣ (Алқархӣ) таълиф гардиданд. Ҳанӯз дар асри XV Ғиёсиддин Кошонӣ (ал-Кошӣ) дар асарҳои “Мифтоҳа-л-ҳисоб” ва “Рисола доир ба давра” назарияи мукаммали ададҳои касриро кор карда баромада буд. Шогирди ӯ Алиқушҷӣ асосгузори касрҳои даҳӣ ва назарияи ададҳои мусбату манфӣ дар Шарқи Наздику Миёна гардид.
Беҳтарин падида ва дастоварди олимони Осиёи Миёна ин аст, ки илми алгебраро чун илми мустақил рӯи кор оварданд. Муҳаммад ибни Мӯсо Хоразмӣ дар улуми ҷаҳонӣ бо осори “Ҳисоби ҳиндӣ” машҳур гардид. Илми  ал-ҷабр бори аввал дар “Китоби мухтасар дар бораи ал-ҷабр ва ал-муқобила” -и ин олими фарҳехта ёд шудааст. Он дар асри XII аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума  шуда,  ба ин васила олимони аврупоӣ ба ҳисоби ҳиндӣ - арабӣ ошно шуданд ва аз ҳамон вақт дар илми риёзии ҷаҳон рақамҳои “арабӣ” ворид гаштанд.
Аввалин китоби Хоразмӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар Аврупо ба сифати китоби дарсӣ истифода шуда, ба пешрафти риёзӣ ва илмҳои дигар таъсири бузург расонд. Ин кашфиётро муаррихи маъруфи амрикоӣ Ҷорҷ Сартон (XX) “ибтидои алгебраи аврупоӣ” ном бурда буд. Баъди Хоразмӣ риёзидонони Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик ақидаҳои ӯро оид ба алгебра ҳамчун таълимот дар бораи ҳалли муодилаҳо инкишоф доданд.
Садаи XI асри заррин аст. Маҳз дар ин давра кашф ба авҷи аъло расид. Ҷорҷ Сартон дар асари бузурги илмӣ - библиографии худ - “Муқаддима дар таърихи илм” таърихи илми ҷаҳониро ба марҳилаҳои нимасрӣ тақсим мекунад ва пешрафти ҳар кадоми онро ба фаъолияти яке аз шахсиятҳои илмӣ вобаста медонад. Умари Хайём файласуф, шоир, риёзидон, намоянда ва муаррифгари ин аср ба ҳисоб меравад. Ӯ дар китоби “Доир ба исботи масъалаҳои ал-ҷабр ва ал-муқобила” (1069-1071) усули умумии геометрии ҳалли муодилаҳои кубиро кор ва нуздаҳ намуди ин гуна муодилаҳоро тадқиқ карда, дар ҳалли муодилаҳои алгебравӣ геометрияро бартарӣ дод. Ҳамчунин, баъзе донишмандони илми риёзӣ тахмин мекунанд, ки Кошонӣ 400 сол пеш аз Умари Хайём, 600 сол қабл аз Нютон ҷудокунии биномро маълум намуда буд. Файласуф ва донишманди шинохтаи тоҷик А. Турсон дар китоби “Эҳёи Аҷам” овардааст, ки “ин ном иштибоҳан (бо номи Нютон,- Т.А.)” расм шудааст.
Ин иштибоҳи таърих дар қисмати аз реша баровардани адад низ омадааст. Дар тадқиқотҳои Кушёр ибни Лаббан Ҷипӣ усули аз решаи квадратӣ ва баровардани ададро вохӯрдан мумкин мебошад. Он шабеҳ ба таҳқиқоти Руфинер -Ҳорнер (асри XIX) аст. Усули содатарини аз решаи кубӣ баровардани ададро 800 сол пеш Абулҳасани Насавӣ (асрҳои Х-ХI) маълум намуда буд. Усули аз таҳти решаи ихтиёрӣ тақрибӣ баровардани адад аввалин бор дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад. Дар ин самт риёзидонони тоҷику форс асрҳои ХV-ХVII Кошонӣ, Алқушҷӣ, Баҳовуддини Омулӣ ва Наҷмиддини Алихон низ саҳмгузоранд. Мутаассифона, то кунун ин равия ва афзалияти фаъолияти онҳо мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст.
Ташаббуси риёзидонони Осиёи Миёна дар ин аср бо ин матлаб ба итмом намерасад. Усули тақрибии ҳалли баъзе намудҳои хусусии муодилаҳои дараҷаи олӣ дар қисмати фаъолияти илмии кори онҳо қарор дошт. Дар ин асно Ғиёсиддин Кошонӣ барои ҳалли муодилаи кубӣ қоидаи асосии итгратсионии аҷибро кашф намуд, ки ин усулро риёзидони англис Ҳорнер дубора хулосабарорӣ намуд. Дар таркиби усули Кошонӣ, инчунин, усули ҷудокунии решаҳо низ дохил мешавад, ки онро баъдтар Нютон такрор намуд. Илми алгебра баъди ин дар асарҳои риёзидонҳои минбаъдаи Осиёи Миёна, ки роҷеъ ба мафҳумҳои асосии алгебра (ҳалҳои ҳақиқӣ ва каззобии муодилаҳо, классификатсияи муодилаҳо ва ғ.) сермаҳсул кор мекарданд, рушд ёфт. Бахусус, вобастагии байни решаҳо ва коэффитсиентҳои муодилаҳои квадратӣ, ки Наҷмиддини Алихон (XVI) онро дар рисолаи “Алгебра” кашф намуда, дар адабиёти илмӣ бо назм ифода кардааст, ки ин кашфиёти бузург дар илми риёзӣ маҳсуб мешавад. Ин теоремаро риёзидони франсавӣ Франсуа Виет дар асри XVII аз нав маълум карда, бо номи ӯ (теоремаи Виет) дар илм машҳур гардид. Аз рӯи инсоф ва ҳақиқати илмӣ мебуд, агар муаллифони китобҳои таълимии алгебраи мактабӣ ин вобастагиро бо унвони теоремаи Алихон - Виет номгузорӣ мекарданд.
Асосгузорони илми мусалласат (тригонометрия) риёзидонони тоҷику форс буданд. Аҳмади Марвазӣ (VIII - IХ) аввалин олимест, ки мафҳуми тангенс ва котангенсро ҷорӣ кард ва ҷадвали онҳоро сохт. Махсусан, натиҷаҳои Абулвафо Муҳаммад ибни Аббоси Бузаҷонӣ (939-998) бузургтарин дастовард дар ин соҳа буданд. Ӯ нахустин бор илми радиуси давраи тригонометриро ба воҳид баробар қабул кард. Ин комёбӣ дар илм табаддулоти куллиро ба вуҷуд овард, ки донишмандони ҳамаи соҳаҳо пайваста ба он сару кор доранд, агарчи онро олимони Аврупо баъд аз вай ошкор намуданд. Истилоҳи “тригонометрия”-ро олими англис Томас Браваридин (XIV) ва олмонӣ Региомонтан (Иоҳан Мюллер, XV) аз нав такрор намуданд. Абулвафо Муҳаммад ибни Бузҷонӣ яке аз намоёнтарин риёзидонон ва мунаҷҷимони қуруни вустост. Абдураҳмон ибни Юнус - шогирди Абулвафо таълимоти устодашро - исботи теоремаҳои синусҳо, теоремаи тангенсҳо барои секунҷаи сферикӣ ва ғайра дар доираи илмии Миср густурд. Ҳомид ибни Хизр Абумаҳмуди Хуҷандӣ (вафоташ тахминан соли 1000), назарияи тригонометрияи сферавӣ ва ҳалли муодилаҳои номуайянро инкишоф дод, ки он ҳолати хусусии теоремаи Ферма аст. Бузургтарин донишманди дигари қуруни вусто Абурайҳони Берунӣ (асри X-XI), дар пайравии Абулвафо тарзи амалии ҳисоб намудани масофаҳои дастнорасро бо ёрии теоремаҳои тангенс муайян намуда, аввалин бор дар таърихи илм дарозии радиуси заминро муқаррар кард, ки аз натиҷаҳои ҳозиразамон хеле кам тафовут дорад.
Асаре, ки ба инкишофи илми математикаи Аврупо таъсири бузург расонд, ин “Рисола дар бораи чортарафаи пурра”-и Насируддини Тӯсӣ аст, ки баъдтар ба яке аз фанҳои мустақил табдил ёфт. Мувофиқи маълумотҳо дар давоми ҳашт аср (IX - XVII) дар Осиёи Миёна бештар аз сад ҷадвали тригонометрӣ тартиб дода шуда буданд.
 
Инкишоф ва таҳаввули илми геометрия ба олимони тоҷику форс тааллуқ дорад. Нақши онҳо дар пажӯҳиши истилоҳҳои геометрӣ (таърифҳо, аксиомаҳо, ҳисоб намудани масоҳатҳо, ҳаҷми ҷисмҳо ва ғайраҳо) басо бузург аст. Муаррихони намоён Б. А. Розенфелд ва А. П. Юшкевич сӣ сол пеш (дар асари “Назарияи хатҳои параллелӣ дар асрҳои IХ - ХIV Шарқи асримиёнагӣ”) нишон дода буданд, ки кӯшиши аввалини исботи постулати V ба Аббос ибни Саид Ҷавҳарӣ (IX) тааллуқ дорад. Ин амал дар рисолаи “Такмилдиҳии китобҳои “Ибтидо”-и Евклид” нишон дода шуда ва исбот гардидааст. Аввалин бор дар ин рисола зикр мекунанд, ки агар аз болои ҳар гуна нуқтаи ихтиёрии дохили кунҷ хати рост гузаронда шавад, он гоҳ ҳар ду тарафи кунҷро бурида мегузарад. Онро олими олмонӣ Морис Паш пас аз даҳ аср ба сифати аксиома қабул намуд ва бо номи аксиомаи Паш машҳур гашт. Воқеан, он бояд аксиомаи Ҷавҳарӣ - Паш хонда мешуд. Ба ин масоили иштибоҳи таърих, фаъолияти илмии Абулаббоси Найризӣ (вафоташ асри X), Абуалӣ ибни Сино, Абуҷаъфари Хазинӣ (вафоташ асри Х), Берунӣ, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ, Асириддини Албухорӣ (вафоташ асри XIII), Шамсиддини Самарқандӣ (XIII), Кутбуддини Шерозӣ (ХIII - ХIV) ва дигарон низ шомил буданд. Умари Хайём ва Насируддини Тӯсӣ дар рушд ва нумӯи ғайриевклидӣ нақши созгор доранд. Умари Хайём исботи хати чоркунҷаеро оғоз намуд, ки он аз амалан ҷумлаҳои геометрии ғайриэвклидӣ ҳосил мешаванд. Ин исбот дар баррасиҳои илмии олими итолиёвӣ Ҷовани Саккёри ҷой дошта, онро чоркунҷаи Саккёри номиданд. Бархе аз олимони рус (Б. А.Розенфелд ва Ю.А. Юшкевич) ин чоркунҷаро барҳақ чоркунҷаи Хайём - Саккёри номиданд.
Аксари асарҳои олимони тоҷику форс ба ганҷинаи улуми Аврупо тааллуқпазир шуданд. Олими лаҳистонӣ аз асарҳои Ибни Ҳайсам, Ибни Сино ва дигарон баҳраманд гардида, дар асари “Пешомад” - и худ исботи постулат V-ро нишон додааст. Ин таъсиррасонӣ дар асарҳои ба забони иберӣ навиштаи олими испанӣ Алфонсо Волядолит низ дида мешавад. Дар баробари ин, дар асрҳои ХVI - ХVIII исботи якчанд хатҳои мутавозин аз тарафи олимони Аврупо: Фредрик Грисогоно (ХV - ХVI), Христафор Клавиё (ХVI), Петро Антонио Каталди (ХVI - ХVII) ва Витали Ҷордано (ХVII - ХVIII), Андриен Лежандр (XVIII -XIX) густариш ёфтанд, ки дар ҳамаи он таҳқиқотҳояшон таъсири баҳрабардории онҳо аз илми олимони шарқӣ мушоҳида мешавад.
Олимони шаҳир Шарофиддини Тӯсӣ (XIII) рисола дар бораи гипербола, ки дар мавзӯи кашфи усули нави ҳалли муодилаи кубӣ ва Қутбиддини Шерозӣ (XIII - XIV) то пайдоиши геометрияи дифференсиалӣ дар асари “Рисола оид ба ҳаракати алвонҷхӯрӣ ва муносибати байни ҳамвориҳою хамиҳо” мафҳумҳои асосии вожаҳои геометрия - росткунии хати каҷ, бозкунии сатҳҳои каҷ ба ҳамворӣ, кунҷҳои расиш ва ғайраҳоро кашф ва тадқиқ намудааст, ки дар бахши геометрия низ метавон онро аз ҷумлаи дарёфтҳои нодир хонд.
Таҳқиқоти доманадоре, ки омӯзиши минбаъдаи муфассалро талаб мекунад, дар фаъолияти ин ду олими пуркор ба шакл даромадааст. Бо вуҷуди таҳқиқталаб будани ин масоил, саромади ин уқдаи печидаро олимони мазкур мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Вақте ки дар Хилофати Аббосиён илми нуҷум афзуд, хулафои аббосӣ Ҳоруннарашид ва Маъмунуррашид уламои зиёдеро гирд оварда, расадхонаҳо сохтанд ва илми бостонии мо дубора дар ватани маъруфи худ мустаҳкам шуд. Ин илм дар асри IX ба авҷи тараққиёт расида буд. 
Абулвафо дар расадхона оид ба ҳаракати Моҳ тадқиқот гузаронда, номунтазамии ҳаракати онро ошкор намуд. Ӯ дар илми ҳайатшиносӣ аввалин шуда нобаробариеро кашф кард, ки онро баъди 600 сол олими машҳури даниягӣ Тихо Браге аз нав маълум кард.
Ба кори олимони ҳайатшиносии расадхонаи Шероз Абдураҳмони Сӯфӣ (903 - 986) роҳбарӣ мекард. Ӯ дар замони Азудуддавлаи Дайламӣ (949 - 983) бузургтарин ҳукмрони хонадони тоҷик мезист ва ҳам барои вай кураи нуқрагин (глобус) сохта буд. Аз ӯ асарҳои зиёде, аз қабили “Нуҷум ва аҳкоми нуҷум”, “Устурлоб”, “Сувару-л-кавокиб” ва ғайра боқӣ мондааст, ки онҳо ба олим шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Берунӣ Сӯфиро дар таҳқиқу баррасии ситораҳои собит аз Батлимус боло мегузорад. Бостоншинос ва риёзидони рус Г. П. Матвиевская дар асари “Абдураҳман -ас- Суфи и его роль в истории астрономии” қайд мекунад, ки маҳз корҳои ӯ ба рушди минбаъдаи ситорашиносӣ таъсири бузург расондаанд. Аз фаъолияти илмии онҳо Берунӣ, Ибни Юнус, Тӯсӣ, ахтаршиносони маъруфи самарқандӣ ва олимони испанӣ истифода намудаанд. Омӯзишу баррасии феҳристи тартибдодаи ситораҳои сокити Сӯфиро беш аз чорсад сол аврупоиён мавриди истифода қарор доданд.
Умари Хайём дар расадхонаи Исфаҳон ислоҳоти тақвими офтобиро тайёр карда буд, ки бо номи “Тақвими Ҷалолӣ” маъруф буда, ба солшуморӣ аз даври 33 - сола иборат буда, 8 соли кабиса дорад. Дар расадхонаи Самарқанд Муҳаммади Хуҷандӣ бо ҳамроҳии устодаш ҷирмҳои осмониро мушоҳида мекард. Дар расадхонаи Сиистон Абусаид Сиҷизӣ, дар Хоразм Абунасри Мансур, Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Ҳусайн ва дигарон кор мекарданд. Асарҳои онҳо ба илми ҳайатшиносии Аврупо таъсир расондаанд. Дар ин давра яке аз асбобҳои муҳими астрономӣ бо номи “устурлоб” аз тарафи Абулқосими Ҳусайнӣ сохта шуд, ки дар илми ҳайатшиносӣ машҳур гашт. Устурлобро юнониҳо “оинаи нуҷум” меномиданд. Ин кашфиёт бо номи устурлоби Абулқосим машҳур гашт. Дар баробари ин, асарҳои дар бораи ҷирмҳои осмонӣ бахшида шуда, дар давлатҳои Ғарб тарҷума гардидаанд.
Илми ҳайатшиносии тоҷику форс бо саромади Абурайҳони Берунӣ (973- 1048) алоқаманд аст. Зеро ӯ дар ин илм беш аз 40 асари таълифшуда дорад. Берунӣ ба мисли Сӯфӣ глобус сохт; аз назарияи тригонометрияи ҳамворӣ ва сферикӣ истифода бурд; назарияи сохтани асбоби илми ҳайатшиносӣ ва координатҳои ҷисмҳои осмонӣ; курашакл будани Замин ва дар атрофи меҳвари худ давр задани онро пеш аз аврупоиҳо кашф кард.
Дар расадхонаи Мароға Насируддини Тӯсӣ сардорӣ карда, ба тадқиқи назарияи сайёраҳо машғул буданд. Комёбиҳои шогирдони ӯ Алишоҳи Бухороӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Ибни Шотир ва дигарон дар ин соҳа беҳамто буданд.
Қутбиддини Шерозӣ дар расадхонаи сохтаи хеш оид ба физикаи атмосфера ва миқдори сайёраҳо; назарияи шикасти рӯшноӣ, замини даврзананда бо муваффақият тадқиқот анҷом дод.
Илми нуҷум дар расадхонаҳои Самарқанд (XV) ривоҷ ёфт. Як зумра ахтаршиносони маъруф бо роҳбарии Улуғбек (1394 - 1449) якчанд мушоҳидаҳои пурарзиши илмиро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Масоили матраҳшудаи ин расадхона роҷеъ ба арзу тӯли ситораҳо, ҳаракати шабонарӯзии Офтоб ва ғайраро дар бар мегирифт. Шоҳ Улуғбек бевосита худаш дар қатори олимони бузург ҳафтае як маротиба машварати илмӣ доир менамуд.
Дар байни комёбиҳои мунаҷҷимони асримиёнагии форсу тоҷик мураттабсозии зичҳо ҷойгоҳи баландро соҳиб аст. Ба ин амал аз асри VIII сар карда эътибори ҷиддӣ медоданд. Миқдори ҳайатшиносон дар як худи Мовароуннаҳр дар асрҳои IХ - ХV бештар аз 100 нафарро ташкил медод. Чӣ тавре ки академик А. Турсон қаӣд мекунад, “ду равияи бо ҳам алоқаманди тадқиқоти астрономӣ- тақвимсозӣ ва тартиб додани зичҳо аз қадимулайём дар Аҷам анъанаи ғанӣ дошт... Ҳайатшиносони Шарқи Наздик ва Миёна дар тӯли асрҳои IХ - ХV бештар аз 100 зич тартиб додаанд”. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо дар ин расадхонаҳо ба забони тоҷикӣ “Зичи Маликшоҳӣ” - и Умари Хайём, “Зичи Элхонӣ” - и Насируддини Тӯсӣ, “Зичи Хуҷандӣ” ва “Зичи Хоқонӣ” - и Ғиёсиддини Кошонӣ, “Зичи Сафоеҳӣ” - и Абдураҳмони Хазинӣ ва ниҳоят “Зичи Курагонӣ”-и Улуғбек иншо шудаанд.
Дар асри XI “Зичи Хоразмӣ”-ро олими ахтаршинос Аделард (ХI - ХII)” ба забони англисӣ тарҷума кард. Дар асри XIV ба воситаи Византия асарҳои олимони Осиёи Миёна ба Аврупо паҳн шуданд. Ҳайатшиносони византиягӣ “Зичи Сафоеҳӣ”-и Хазинӣ ва зичҳои дигарро ба забони юнонӣ тарҷума мекунанд. Ин ҳама дастовардҳои назаррас аз чашми аврупоиҳо дур намонд. Онҳо ба воситаи Туркия ба муҳити илмии Самарқанд сар халонда, асари “Зичии Курагонӣ”-и Улуғбекро соли 1665 аввал ба забони лотинӣ ва соли 1895 ба забони англисӣ тарҷума карда, дар Англия ба нашр расондаанд. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафтаи ояндаи илми кайҳоншиносӣ дар Аврупои асрҳои ХVI - ХVII гардид.
Дар асрҳои минбаъда, махсусан дар асри XX, дар Тоҷикистон тадқиқот дар бахши илмҳои риёзӣ ва ҳайатшиносони тоҷику форс як қатор корҳои назаррас рӯи кор омаданд. Ба ин пешравӣ, агар аз як тараф, азму таҳқиқи донишмандони маъруфи Донишкадаи таърих ва техникаи Академияи илмҳои шӯравӣ (Б. А. Розенфелд, А. П. Юшкевич, П. Г. Булгаков ва дигарон) ва олимони намоёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Москва ба номи Н. К. Крупская (И. К. Андронов, Б. Л. Лаптев ва дигарон) боис шуда бошанд, аз тарафи дигар, худи муҳаққиқони мактабҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба ин масоил шавқу рағбати зиёд зоҳир карда буданд. Маврид ба ёддоварист, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ охири солҳои 60 - 70- ум якчанд нафар донишмандон (Г. Собиров, Д. Мамедова, У. Шерматова, Н. Бобоев, А. Қодиров, Т. Шодиев, М. Шерматов, М. Бадалов, М. Яқубов) ба омӯхтани мероси олимони Шарқи Наздик ва Миёна машғул шуданд. Аксарияти онҳо зери роҳбарии риёзидон И.К.Андронов (1865-1975) рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Мутаассифона, солҳои баъдӣ тадқиқот дар ин самт коста гардид, омӯзишу таърихи математика коҳиш ёфт. Аз баёни саҳми донишмандони тоҷику форс дар инкишофи риёзӣ ва фарҳанги ҳайатшиносӣ метавон хулоса баровард, ки кашфиётҳои муҳаққиқони Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик асоси пешрафти илми риёзӣ ва ҳайатшиносии аврупоиёнро ташкил медиҳанд.
Пас, барои иникишофу фаъолияти пурсамари раванди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо мақсади на танҳо барои бедории андешаҳои ҷавонон, балки танҳо ва танҳо барои худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, муаррифгари номи уламои гумном ва фаромӯшшудаи тоҷику форс дар қарнҳои гузашта талош варзем. Ба хизмат ва корнамоиашон диққати ҷиддӣ диҳем. Барои ҳифзи осорашон, тарғибу таблиғи фаъолияти мондагори илмиашон тадбирҳои заруриро биандешем. Ин на танҳо қарзи мо, балки боиси сарбаландии мост. Зарур мешуморам, ки ҳар як донишманди бахши илмҳои табиию риёзӣ, устод, муаллими ҷавону кордон, донишҷӯи бахши табиию риёзӣ аз фаъолияташон баҳраманд бошанд ва дар муқаддимаи ҳар мавзӯи бахш номи онҳо дар забону дар зеҳнашон садо диҳад. Ба ин васила метавонем дубора ном ва зикрашонро аз нав зинда карда, онҳоро дар сархати донишмандони ҷаҳон зикр бинамоем.
 
Табарӣ Абдулло ҲАБИБУЛЛО, 
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физика - математика, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2021    №: 50    Мутолиа карданд: 1193
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед