logo

иқтисод

ҒАСБИ ЗАМИНҲОИ ҶАНГАЛ. ГУФТАНИҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Тибқи моддаи 26 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ аз тамоми гурӯҳҳо ва намудҳои замин қитъаҳои заминро ба истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва ба иҷора медиҳанд. Аз ин ҳисоб тайи чанд соли охир рушди соҳаи кишоварзӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вале баъзан хилофи қонун амал кардани бархе аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, на танҳо ба самаранокии рушди соҳаи кишоварзӣ, балки ба экология ва муҳити зист низ таъсири манфӣ мерасонад. 
 
ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ ҶАНГАЛИ ГУРӮҲИ ЯКУМ МАНЪ АСТ! 
Соли 2019 дар асоси қарори собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббор Ғаффор ба хоҷагии деҳқонии “Раббонӣ” аз ҳисоби пештара заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Н. Ғунчиеви Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров қитъаи замини иловагӣ дар майдони 4,90 гектар бо истифодаи бемуҳлат дода шуд. Аз байн ду сол гузашта бошад ҳам, баҳсу мунозира атрофи қитъаи мазкур ҳанӯз идома дорад. Ҷангалпарварони ноҳия онро замини фонди ҷангал меҳисобанд, зеро то соли 2019 дар он ҳифзу нигоҳдории  дарахтони  бисёрсола  ва  навниҳолро маҳсули дасти хеш медонанд. 
Мирзо Кабиров, директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, бо изҳори нигаронӣ аз вазъи баамаломада гуфт, ки замин дорои 25 ҳазор дарахту буттазори солҳо нигоҳубинкардаи хоҷагии ҷангал буда, ба таври ғайриқонунӣ аз худ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, 25 ҳазор дарахт маънои онро дорад, ки ин миқдор замини дарахтон хати муҳофизатии ҷангал (лесаполоса) буда, ба гурӯҳи якуми заминҳои хоҷагии ҷангал дохил мешаванд ва мувофиқи қонунгузорӣ, банди “б” - и моддаи 26 - и Кодекси замин истифодаи онҳо ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ қатъиян манъ аст. 
 
“БО ЯК ТИР ДУ НИШОН”
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зимни посухи расмӣ, гуфт, ки қитъаи замини мазкур ба заминҳои хоҷагии ҷангал тааллуқ надорад ва далел пеш овард, ки он тибқи харитаи баҳисобгирӣ аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» тартиб дода шуда, бо қарори Ҳукумат аз 31 декабри соли 2005 ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Н. Ғунчиев вобаста гардид. Собиқ раиси ноҳия бо назардошти ҳамин санад барои ба хоҷагии деҳқонии “Раббонӣ” додани қитъаи замини Н. Ғунчиев қарор баровард. 
Вале, таҳлилҳо нишон доданд, ки солҳои 2000-2005 дар вақти таҷдиди колхозу совхозҳо ва бунёди хоҷагиҳои деҳқонӣ заминҳои калони Н. Ғунчиев низ пароканда шуда, аз онҳо танҳо ном боқӣ монд. Аз ин рӯ, қитъаи замин, ки моликияти хоҷагии ҷангал ҳисобида мешавад, дар он аз ҷониби муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия корҳои ҷангалпарварӣ анҷом дода шуданд. Аммо хоҷагии деҳқонии “Раббонӣ” бо назардошти дар назди замини мазкур доштани замини корами юнучқа мехоҳад “бо як тир ду нишон” занад.
 
ЧАРО “БУТТАЗОР” МЕНАВИСАНД?
Дар хусуси ба заминҳои фонди ҷангал тааллуқ доштани собиқ замини Н. Ғунчиев далел меоварем, ки мувофиқи моддаи 1 – и Кодекси ҷангал маҷмӯи набототи табиӣ, ки бо роҳи муқаррарӣ ё сунъӣ дар ҳудуди муайян аз маҷмӯи дарахтону буттазор (на камтар аз 10 дарсад бо дарахту бутта пӯшонда шуда бошад, на камтар аз ним гектар масоҳат ва на камтар аз 10 метр паҳноӣ дошта бошад) дар алоқамандӣ бо дигар ҷузъҳои табиати зинда ташкил ёфта, дорои аҳамияти калони экологӣ, иқтисодию иҷтимоӣ мебошанд, заминҳои фонди хоҷагии ҷангал ҳисобида мешаванд. Аз ин бармеояд, ки замини панҷгектараи дорои 25 ҳазор дарахту буттазор тибқи кодекси мазкур замини фонди ҷангал буда, солҳо нигоҳубин кардану ҳоло эътирози баргардондани он аз тарафи ҷангалпарварон низ ба ҳамин хотир аст. Аммо таҳия ва қабули қарори собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус чаро бе мувофиқа бо ҳамин қонунгузории ҷангал анҷом дода шудааст, суоли матраҳ аст!  
Дар нусхаи қарори раиси ноҳия ба калимаи “буттазор” ишора менамоем, ки дар он “буттазор” гӯён замин ба хоҷагии деҳқонӣ вобаста гардид. Тақдири ҳазорҳо бех дарахти бисёрсола ва навниҳол дар қарор сарфи назар шудааст, аз ҷумла дарахтони қарағоҷ, тираки кабуд, ясин, санҷид, сафедор, патта, акатсияи хордор ва амсоли инҳо. Бар замми ин, қитъаи замини  ба хоҷагии  деҳқонии “Раббонӣ” додашуда ба замини таъйиноти кишоварзӣ дохил намешавад ва дар он ҳамчун замини хати муҳофизатии ҷангал кишт кардани ягон намуди зироат ғайриимкон аст. Пас, модоме ки замини кишоварзӣ набуда, барои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ ягон аҳамият надорад, чаро масъулони ноҳия дидаю дониста онро ба хоҷагии деҳқонӣ медиҳанд?
 
АЗ ИНВЕНТАРИЗАТСИЯ ТО МАНФИАТҶӮИИ БАЪЗЕ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, ба пурсиши мо дар хусуси истифодаи ғайриқонунии заминҳои ҷангал дар ноҳияи Шаҳритус, чунин ҷавоб дод: “Дар самти назорати риояи қонунгузорӣ вобаста ба замин ҳарчанд ниҳодҳои дахлдор чораҳои муассир ва таъхирнопазир андешида бошанд ҳам, мутаассифона, ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани заминҳо ҳанӯз ба назар мерасад. Барои ба танзим даровардани истифодаи заминҳо гузарондани инвентаризатсия, махсусан дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, муҳим аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки вобаста ба гузарондани баҳисобгирии заминҳо дар ҷойҳо ба кумита дархост намоянд. Аммо дар бисёр маврид аз сабаби пинҳон доштани баъзе ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба замин мақомоти маҳаллӣ аз муроҷиат ба кумита худдорӣ менамоянд. Ин аст, ки соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 11 ҳазору 798 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани замин қайд шудааст, ки бештар ба маҳалҳо рост меояд”. 
Дар робита ба ин, Маҳмадюсуф Ятимов, заминсози Агентии ҷангал, иброз дошт, ки заминҳои фонди ҷангал бо қарори Ҳукумати мамлакат аз як категория ба категорияи дигар гузаронда мешаванд. Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат ва мақомоти дахлдори давлатӣ ваколати додани замин ва ё тағйири таъйиноти онро доранд.  Аз  ин  рӯ, дар бештари ҳолатҳои қонуншикании вобаста ба замин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо даст доранд. Ба ғайр аз ноҳияи Шаҳритус, шаҳру ноҳияҳои Норак, Ховалинг, Дӯстӣ, инчунин, вилояти Суғд, махсус супориш гирифтаанд, ки ҷиҳати қонунвайронкунӣ ва баргардондани заминҳои фонди ҷангал тадбирҳои қатъӣ андешанд. Соли гузашта дар ноҳияи Айнӣ аз 9 хоҷагии деҳқонӣ 5 ҳазор гектар замини хоҷагии ҷангал дар асоси бекор кардани қарор ба ҳолати аввала баргардонда шуд.  
 
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Мувофиқи тартиб дар ҳудуди мамлакат ҳар панҷсолаю даҳсола баҳисобгирии заминҳо бояд гузаронда шавад. Агар баҳисобгирии заминҳо дар ноҳияи Шаҳритус солҳои 2005 - 2010 лоақал як маротиба анҷом мешуд, ба амал омадани чунин қонуншиканӣ имрӯз пешгирӣ мегардид. Аз 407 гектар замини хоҷагии ҷангал дар ҳудуди ноҳия танҳо 250 гектар дорои сертификат мебошад, ки худ нишондоди шубҳаовар аст аз лиҳози ғайримақсаднок истифода бурдани хати муҳофизатии ҷангал. Хати муҳофизатии ҷангал асоси эмин доштани заминҳои корами кишоварзӣ аз шамолу хокбориш мебошад. Ҳосили баланди зироат  аз  ҳифзу  нигоҳдории  хати  муҳофизатии  ҷангал  вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хатҳои муҳофизатӣ ва ҷангалзорҳо бунёд ва барқарор шаванд, на баръакс. 
Пайваста таъкид намудани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқилона истифода бурдани заминҳо низ ба ҳамин хотир аст. Сарвари давлат зимни мулоқот бо кормандони мақомоти  прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия супориш доданд, ки вобаста ба бартарафсозии қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин тадбирҳои қатъӣ андешанд. 
Аз ин рӯ, барои ба муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал баргардондани қитъаи замини хоҷагии деҳқонии ба номи “Раббонӣ”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус, ки хати муҳофизатии ҷангал буда, мувофиқи қонунгузорӣ истифодаи он қатъиян манъ аст, андешидани чораи зарурӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор зарур омадааст.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  дар вақти тартиби баланси заминҳо, ки ҳамасола гузаронда мешавад, чаро ба ҳисоби дурусти заминҳо аҳамият намедиҳад? Инчунин, баҳисобгирии заминҳо бояд дар мувофиқа бо заминистифодабарандагони дараҷаи якум анҷом дода шавад. 
Агентии ҳоҷагии ҷангал низ дар навбати худ бояд амволи давлатии ҷангалро ҷиддӣ назорат намояд, зеро дар бисёр маврид ҷангалпарварон аз истифодаи ғайриқонунии заминҳо дар минтақаҳо бехабаранд. Ё ин ки дар ҳудуди мамлакат аз уҳдаи ҳифзу нигоҳдории беш аз 1 миллион гектар замини ҷангал набаромада, “бехабар” мондани худро баҳона меҷӯянд?!   
 
PS: Ҳангоми пайгирии масъала намояндагони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва Кумитаи идораи замин ва геодезӣ зимни санҷиш дар ноҳияи Шаҳритус ҳолати ғайриқонунӣ истифодаи боз 60 гектар заминҳои ҷангали гурӯҳи якумро ошкор карданд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 828
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед