logo

иқтисод

ХАДАМОТ: “ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ БЕШ АЗ 848 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД”

Соли гузашта дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 2209 корхона ва 9656 иншоот ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда 224 назорати техникӣ, 136 нақшавӣ, 88 ғайринақшавӣ ва 3 назорати иловагӣ анҷом дода шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо муайян гардид, ки ҳарчанд қоидавайронкуниҳо нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, вале ҳоло ҳам чунин амал дар фаъолияти корхонаҳои зериназоратӣ нигаронкунандаанд.
Раҳим Санъат Асо, сардори хадамот, иброз дошт, ки зимни гузарондани назорати техникӣ нозирони хадамот 1249 банди вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 182 санад - нишондод ва 10 нишондод оид ба боздошти  кор пешниҳод гардид.
Дар ин муддат барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 340 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда, ба маблағи 848 357 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 194 967 сомонӣ зиёд аст. 
Тибқи тартиби муқарраргардида, ба 191 корхонаву ташкилот иҷозатномаи фаъолият, 96 шаҳодатнома барои хариди маводи тарканда, 43 шаҳодатнома барои истифодаи анборҳои маводи тарканда ва 157 иҷозат барои корҳои таркишӣ дода шуд. Инчунин, 1749 корманди муҳандисию техникии корхонаҳои зериназоратӣ аз санҷиши малакаи дониш гузаштанд. Соли гузашта дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 31 ҳодисаи нохуш рух дода, 8 кас ҳалок ва 33 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. 
Ба гуфтаи Раҳим Санъат Асо сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, сарфи назар шудани технологияи коркарди кон,  ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтишоти техникӣ гузаронда, парвандаҳо ба мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Хадамот бо мақсади назорати риояи қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ бо роҳбарони корхонаҳо вохӯрӣ гузаронда, машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карданд. 
Илова бар ин, аз ҷониби кормандони хадамот дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” тафтиши 15 ҳодисаи нохуш гузаронда шуда, маълум гардид, ки дар натиҷа 3 корманд ба ҳалокат расида, 15 кас ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш риоя нагардидани талаботи техникаи бехатарӣ, номукаммал гузарондани дастурдиҳӣ дар ҷойи кор аз ҷониби шахсони масъули техникӣ, бо ҳавои тозаи кофӣ таъмин нагардидани қитъаҳои кории зеризаминӣ, ҳамчунин, муҷаҳҳаз нагардидани мавзеъҳои корӣ бо гӯшаҳои техникаи бехатарӣ, дастурамал оид ба ҳифзи меҳнат, лавҳаҳо ва ашёҳои аёнии омӯзишӣ мебошад.
- Хадамот тасмим дорад, ки дар доираи салоҳиятҳои худ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони соҳавӣ дар корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории техникӣ ва қабули иншооти ҷашнӣ тибқи риояи талаботҳои бехатарии саноатӣ, ҳамчунин, баҳри амалишавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат саҳми назаррас гузорад, - гуфт Раҳим Санъат. 
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 941
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед