logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ аз номи як қатор сарварони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар ин рӯзҳо ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз барқияҳои табрикӣ ворид мешаванд.
 
Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Дар иртибот бо фарорасии ҷашни анъанавии Тоҷикистон - Иди Наврӯз, иҷозат фармоед, то аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин, шахсан аз номи худам ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии инҷонибро иброз намоям.
Соли гузашта дар пасманзари паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 мардумони Чин ва Тоҷикистон талошҳои худро муттаҳид сохта, дар бартараф кардани мушкилоти вобаста ба ин зуҳурот якдигарро саривақтӣ дастгирӣ карданд, ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба мусоидат намуданд, бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои самаранок пешбурди ҳамкории байни Чин ва Тоҷикистонро таъмин карданд. Ин ҳама мисоли возеҳи густариши муносибатҳои миёни кишварҳои ҳамҷавор мебошад.
Дар аввали моҳи равон мо суҳбати телефонии сермаҳсуле анҷом додем, ки такони нав ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бахшид. Ман ба густариши муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳам ва омодаам, ки якҷо бо Шумо бо саъю талошҳои муштарак муносиботи байни кишварҳоямонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар бароварда, шукуфоии Чину Тоҷикистонро такон диҳем ва дар таъмини амнияту суботи минтақа нақши намоён гузорем. 
Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳои бузург орзумандам!
Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодатмандӣ ва некуаҳволӣ мехоҳам!».
 
Ҷозеф Байден, 
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
«Муҳтарам Президент!
Ман мехоҳам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи осоишта, шодмон ва шукуфон орзу намоям.
Соли ҷорӣ Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд. Мо дар муқовимат бо терроризм, мубориза бо пандемия ва муҳайё намудани шароити беҳтар барои мардуми кишварҳоямон талош намудем. Маъмурияти ман бесаброна хоҳони он аст, ки бо мамлакати Шумо барои ҳалли масъалаҳои амнияти умумӣ ва амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соли оянда, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии талошҳо баҳри сулҳи Афғонистон, ҳамкорӣ кунад. Мо, инчунин, умедворем, ки раванди C5+1-ро, ки таҳти роҳбарии Котиби давлатӣ Ҷон Керри панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, идома диҳем.
Ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон дар ин соли нав ва баҳори нав орзуҳои беҳтарини худро мерасонам».
 
Шавкат Мирзиёев, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз ирсоли таманниёти самимиву неки хеш ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон дар остонаи фарорасии Наврӯз – иди баҳору навсозӣ бениҳоят шодам.
Наврӯз, ки таҷассумгари ормон ва саъю талошҳои муштараки мост, тӯли асрҳо аз ҷониби мардумони бародари Осиёи Марказӣ ба таври шоиста таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо муҳтавою маънавиёти амиқи худ эҳсоси дӯстиву ягонагӣ ва сулҳу ҳамосоиширо ситоиш намуда, имрӯз низ дар густариши васеи арзишҳои умумибашарӣ саҳми бузург мегузорад.
Бешак, мулоқоту музокироти сатҳи олии мо, ки вақти наздик дар сарзамини тоҷикон доир мегарданд, дар ростои ба зинаи баланд баровардани муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва ҳамкории зич, инчунин, шарикии стратегии байни кишварҳоямон, ки дар асоси усули эътимоди мутақобил ва дастгирии доимии ҳамдигар устуворанд, хидмат хоҳанд кард.
Дар ин рӯзҳои дурахшону дилрабо ба Шумо – Эмомалӣ Шарифовичи азиз умри дароз, саломатии бардавом, саодатмандии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон муваффақияти бузург, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу пешрафти мудом таманно дорам».
 
Ҳасани Рӯҳонӣ,  Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо камоли шодмонӣ фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, баҳори табиат ва оғози соли 1400 ҳиҷрии шамсиро ба Шумо ва миллати бузурги Тоҷикистон табрик мегӯям.
Баҳор ҳамчун наққоши забардаст, бо нақшофаринӣ бар буми табиат, рӯҳи ҳаёту тозагиро дар дилу ҷони Замин медамад ва нақши  саросар таровату  шукуфоиро  дар  паҳнои  кураи  хокӣ  мегустаронад ва Наврӯз – ин оини пурмеҳру куҳан, ки илҳомбахши умед, шодмонӣ ва раҳоӣ аз ғаму андуҳ аст, баҳонаест барои нав шудан, нав нигаристан ва зиндагии дубора.
Умедворам мо инсонҳо низ битавонем ҳамчун табиат бо нав шудани фасл баҳори тоза дар дилу ҷонамон эҷод кунем ва бо зудудани ғубори нотавонӣ ва сустӣ, мояи нишоти ҷону андеша ва саломатии танро фароҳам намоем.
Дар соле, ки гузашт, шоҳиди ҳамагирии вируси COVID - 19 ва пайомади мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёди он дар саросари ҷаҳон будем.  Умедворем дар соли ҷадид бо таомулу ҳамкории беш аз пеш миёни кишварҳоямон ва бо назорату маҳви бемории каронавирус Наврӯз ба рӯзгори навин барои мардумонамон бадал шавад ва шодӣ, баракат, саломатӣ ва оромиш ба тамомии кишварҳои ҷаҳон боз гардад.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва рӯзгори пурбаракат ва аҳволи неку барои мардуми Тоҷикистонро орзу дорам». 
 
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
«Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Иҷозат бидиҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон маротиби табрикоти қалбии худро ба муносибати фарорасии Соли нави 1400 ҳиҷрӣ-шамсӣ ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми кишвари дӯсти Тоҷикистон иброз намоям.
Хушҳолам, ки мардуми Афғонистон дар канори дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва дӯстони байналмилалӣ ин муносибати деринаи мо, ин ҷашни бостонӣ ва мероси муштараки фарҳангиро якҷо таҷлил менамоянд.
Ҷашни Наврӯз ба унвони яке аз арзишҳои дерина дар тақвият ва таъмини дӯстӣ, якпорчагӣ, ҳамкорӣ ва наздикии миллатҳои бо ҳам бародари мо нақши ғайриқобили инкор доштааст.
Мо дар канори арҷгузорӣ ба таҷдиди шукуфоӣ ва зебоиҳои пайдо аз ин муносибати бузург орзумандии худро барои густариши равобити дӯстона ва кор рӯи барномаҳо ва лоиҳаҳои бузургӣ минтақавӣ ба манзури пайвастагӣ, рушди иқтисодӣ ва иттиҳод баён менамоем.
Ман дар ҳамин ҳол як бори дигар ин муносибати фархундаро ба ҷалолатмаоби Шумо муборакбод гуфта, сиҳат ва саломатии ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии ҳарчи бештари мардуми Тоҷикистонро хоҳонам». 
 
Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз самими қалб Шумо ва ҳамватанони Шуморо бо Ҷашни Наврӯз табрик мегӯям. 
Ин иди мубораки баҳор, ки таҷассумгари ғояҳои олии маънавӣ мебошад, моро ба таҷдиди рӯҳу бунёдкорӣ ва ҳамдилӣ ҳидоят менамояд. Он қалбҳои моро саршори гармиву хушнудӣ, саодатмандӣ ва орзуву умед ба ояндаи дурахшон мекунад.
Наврӯз, чун дастоварди бузурги умумии мо, нақши муҳимро дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии ҳамдигари мардумони Қазоқистон ва Тоҷикистон иҷро карда, ба таъмиқи шарикии стратегии ду давлат мусоидат менамояд.
Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович дар ҳамаи иқдомҳои некатон комёбиҳои беназир баҳри пешрафту рушди босуботи кишваратон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон баракоту беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям.  
Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон сериву пурӣ ва некуаҳволӣ биоварад!».
 
Нурсултон Назарбоев, Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, самимонатарин табрикот ва таманниёти гарми инҷонибро ба муносибати Ҷашни бузурги баҳор – Наврӯз қабул фармоед.
Бигзор сарнавишт ва табиати Наврӯзи муқаддас, ки ҳаёти дурахшонро оғоз мебахшанд, барои кишварҳои бародари мо неъмати фаровон ва иқдомҳои неки зиёдро насиб гардонанд.
Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи судманди Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар арзишҳои маънавии умумӣ ва дӯстӣ, инчунин, шарикии стратегӣ устуворанд, минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович саломатии бардавом ва дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям».
 
Илҳом Алиев,  Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимиро ба муносибати Ҷашни Наврӯз, ки баёнгари мероси ғании миллию маънавии мардумони мо мебошад, мерасонам.
Ин ҷашни баҳор, ки табиатро бедор мекунад, ба одамон рӯҳияи нав эҳдо карда, ҳамдигарфаҳмиву дӯстӣ ва ягонагиро тантана менамояд.
Бовар дорам, ки дӯстиву ҳамкорӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мутобиқ ба орзуву иродаи мардумони мо, ки арзишҳои волои Наврӯзро дар сатҳи баланд қадр менамоянд, минбаъд ҳам тавсеаву тақвият хоҳанд ёфт.
Дар рӯзҳои ин иди саид ба Шумо саломатии бардавому дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
 
Садир Жапаров, 
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Шуморо ба муносибати фарорасии Наврӯз – иди зебои баҳор, бунёдкорӣ ва навсозӣ сидқан табрик мегӯям.
Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд низ бар пояи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба нафъи мардумонамон таҳким хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин, миннатдории самимиву амиқи худро ҷиҳати табрикотатон ба муносибати интихоб шуданам ба маснади Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон иброз менамоям.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
 
Гурбонгули Бердимуҳамедов, 
Президенти Туркманистон
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Мояи шарафмандии ман аст, ки ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти қалбии худ ва беҳтарин таманниёти рифоҳу шукуфоиро ирсол намоям.
Иди Наврӯз, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии тамоми башарият эътироф шудааст, рамзи эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва зебоии баҳор мебошад.
Ин ҷашни мунаввар, ки дар худ анъанаҳои эҳтироми мутақобил, сулҳдӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро таҷассум кардааст, дар таҳкими ваҳдату дӯстии байни мардумон аҳамияти вижа дорад.
Бигузор, ин ҷашни бошукӯҳ барои Шумо ва ҳамаи мардуми дӯсти кишваратон паёмовари саодатмандӣ, шодиву сурур ва дастовардҳои нав бошад!».
 
Саломе Зурабишвили, 
Президенти Гурҷистон
«Ҷаноби Олӣ!
Аз самими қалб Шуморо бо фарорасии баҳор ва Иди Наврӯз табрик менамоям. Баҳор айёми бедоршавии табиат, пурра кардани он бо ҳаёту неруи нав мебошад. Наврӯз – ин рӯзи нав, рамзи умед ба ояндаи беҳтар аст.
Ҷаноби Президент, бо истифода аз фурсат, мехоҳам Шуморо ҷиҳати боздид аз Гурҷистон бо сафари расмӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар ҳар вақти бароятон муносиб даъват намоям. 
Бовар дорам, ки сафари Шумо муносиботи дӯстии миёни Гурҷистон ва Тоҷикистонро тақвият ва тавсеа мебахшад.
Ҷаноби Олӣ, мехоҳам ба Шумо эҳтиромоти амиқтарини худро иброз намуда, ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик сиҳатмандӣ ва некуаҳволӣ орзу намоям».
 
Реувен Ривлин, 
Президенти Давлати Исроил
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи мардум ва Давлати Исроил мехоҳам ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи фархундаву пурбор аз саломатиро табрик гӯям.
Бигузор, мардуми тоҷик аз ҳосилоти фаровони баҳори ғановатманду дарёҳои сероб баҳра бардоранд ва аз эҳдои табиат баракат ёбанд!
Мардумони Тоҷикистону Исроил тайи ҳазорсолаҳо фарорасии баҳор ва оғози Соли навро бо эҳёи табиат бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд.
Ҳангоме ки мо ҷашнҳои Наврӯзу Песаҳро таҷлил менамоем, гузаштаи куҳан ва анъанаҳои ниёгони мо муттаҳидии кишварҳои моро идома дода, ҳамчун заминаи устувори таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».
 
Станислав Зас,
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Табрикоти  самимии  маро  ба  муносибати Наврӯз – ҷашни баҳор ва фарорасии Соли нав, ки таърихи бисёрсола дорад ва рамзи эҳё, эътимод ба оянда, муҳаббат ва покӣ мебошад, қабул фармоед.
Давлатҳои аъзои СААД ба сиёсати хориҷии муттасили сулҳхоҳонаи Тоҷикистон, ки ба таҳкими субот ва амнияти минтақавӣ равона шудааст, эҳтироми амиқ мегузоранд. 
Кӯшишҳо ва ибтикороти раёсати Тоҷикистонро дар СААД дар соли ҷорӣ, ки, бешубҳа, ба таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ байни кишварҳои созмон мусоидат менамоянд, баҳои баланд медиҳем.
Дар рӯзҳои ин ҷашни фархунда ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, хушбахтию комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
 
Владимир Норов, 
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Лутфан, табрикоти самимонаи маро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз қабул фармоед.
Ин иди зебои эътидолии баҳории шабу рӯз ҷиҳати ҳаракат ба сӯи ҳамоҳангии инсон ва табиат мусоидат  намуда,  пулҳои  устувори дӯстиву ҳамкориро бунёд сохта, муколамаи фарҳангу тамаддунҳоро рушд дода, ғанӣ мегардонад ва ба ташаккули ояндаи амну шукуфон мусоидат менамояд, ки комилан ҷавобгӯи усули “рӯҳияи Шанхай” мебошад.
 Ҷашни Наврӯзи муосир дар Тоҷикистон, ки дар он фарорасии баҳорро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва рӯҳияи баланд истиқбол мегиранд, давомоти анъанаҳои худро нигоҳ доштааст.
 Бо истифода аз фурсат, ба Шумо сипоси самимии худро барои таваҷҷуҳи доимиатон ба фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай изҳор менамоям.
 Итминон дорам, ки оғози муваффақи раёсати Тоҷикистон дар созмон дар соли барои он ҷашнӣ, инчунин, дастгирии Шумо аз рушди ҳамкории гуногунсамт дар доираи СҲШ  бар  нафъи тақвияти имкониятҳои он ҷиҳати ҳаллу фасли вазифаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ хидмат хоҳанд кард.
 Мехоҳам омодагии Котиботи СҲШ-ро ба расондани мусоидати зарурӣ  ҷиҳати дар сатҳи олитарин баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии созмон, ки дар Нақшаи чорабиниҳои СҲШ барои солҳои 2021 –  2022 муайян гардидаанд, изҳор намоям.
Дар остонаи ин иди фирӯз ба Шумо саломатии комил, саодатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо дар роҳи таъмини шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу менамоям».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 987
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед