logo

иқтисод

НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ АЗ ҲИММАТИ СОҲИБКОРОН ГУЛ МЕКУНАД!

Бахшида ба пешвози Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмон ва таъмиру тармими 314 иншоот, аз қабили бунёду навсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои хизматрасониву савдо ва дигар иншооти зарурӣ ҷараён дорад. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ дар ноҳия то имрӯз 240 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
 
ҲИССАИ СОҲИБКОРОН ДАР БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
Ба иттилои Сайдалӣ Маҳмуродов, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия,  шумораи зиёди иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудаанд. Онҳо дар марказ ва ҷамоату деҳоти дурдасти ноҳия мекушанд иншооте бунёд намоянд, ки насли наврас дар шароити хуби таълиму тадрис ба воя расанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Саидов дар Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳия муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии дорои 8 ҳуҷраи таълимӣ, толори фарҳанг ва ошхона барои фарогирии 200 кӯдаки аз 2 то 6 - сола бунёд гардида, дар арафаи Ҷашни Наврӯз супурда шуд. 
 
МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста ба бунёду навсозии муассисаҳои таълимиву марказҳои саломатӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълими № 4 бунёд гардида, ҳоло таъмиру навсозии 4 синфхонаи дигари ин муассиса идома дорад. Муассиса, ки аз аҳди шӯравӣ то имрӯз бо фарогирии 700 нафар хонанда амал мекард, чанд соли охир аз лиҳози норасоии синфхонаҳои таълимӣ танқисӣ дошта, хонандагонро дар се баст ба таълим фаро мегирифт. Бо бунёди синфхонаҳои иловагӣ шароити таълим дар муассиса беҳтар гаштааст, - иброз намуд Абдулло Юсуфзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.
Ба иттилои масъулон, ҳамзамон, дар маркази ноҳия - шаҳраки Балх бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории Бонки рушди Олмон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи модару кӯдак» ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмон ва таъмири асосии шуъбаи таваллуд дар ҳудуди беморхонаи марказии ноҳия ҷараён дорад.  
 
ФАРОГИРӢ БА ШУҒЛ
Тавре Умед Абдулҳаев, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, иттилоъ дод, бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонону сокинон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллист. Ин аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо бунёд ёфтани иншооти банақшагирифташуда ҷойҳои нави корӣ муҳайё гашта, сокинон ба кор таъмин ва сатҳи некуаҳволӣ беҳтар мегардад. Ҳоло дар маркази ноҳия сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ бо тарҳи замонавӣ идома дошта, баъди ба истифода супурдани он имкон аст, ки 200 зан ба кор таъмин гардад, - зикр намуд номбурда. 
Ба иттилои ӯ, соли сипаригардида бо гузарондани 13 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ 1230 нафар ба кор таъмин ва 270 кас ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии раиси ноҳия 100 нафар ашхоси дорои имконияти маҳдуд ба кори доимӣ таъмин гашта, ба 140 шахси камбизоат, пирони барҷомонда ва оилаҳои ниёзманд кумаки пуливу молӣ расонда шуд.
- Бояд гуфт, ки сохтмони дигар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия бомаром идома дошта, баъди сохта ва ба истифода додани онҳо садҳо ҷойи кори нав барои сокинон маҳайё мегардад, - изҳор дошт Умед Абдулҳаев.
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2021    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 761
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед