logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ВА МЕҲМОНХОНА ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат” - ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Анвар Фақерзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи марти соли 2021 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расиданд.
Акнун бо бунёди чунин маркази муосири тиббӣ 58 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иншооти тандурустии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, дорои 35 ҳуҷра ва 40 кати хоб барои беморон мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои марказ 9 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, момодоя, духтури кӯдакона, амрози даруна, ултрасадо, табобати дандон, чашм, эндоскопия, шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ, хатна, амрози даруна ва қалб ҷойгир мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои омодагии ҳамаҷониба барои истиқбол аз Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба кормандони соҳа табрик намуданд.
Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавии тиббиву табобатӣ таъмин гардидааст ва мутахассисони кордон имкон доранд, ки ҳама намуди бемориро бо сифати баланд сари вақт муолиҷа намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии “Ваҳдат”- ро низ ифтитоҳ намуданд.
Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии соҳибкорон амалӣ гардидааст,ки боз 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Иншооти хизматрасонии мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Анвар Фақерзода дар муддати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар марказ мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, сартарошхона ва як тарабхона барои 300 нафар, толори маҷлисгоҳ бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз, ҷойгир мебошанд. Мавриди зикр аст, ки иншооти хизматрасонӣ бо унсурҳои нави милливу замонавӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда, барои дар сатҳи баланд хизмат расондан мутобиқ мебошад.
Саҳни бинои меҳмонхона ва маркази саломатии “Ваҳдат” дар масоҳати 700 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, гирду атрофи он бо шинондани гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ сабзу хуррам гардонда шудаанд.
Дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар маҷмӯъ, зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи сокинони ватандӯст баҳои баланд доданд.
 
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ “ИМОМИ АЪЗАМ”
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” шинос шуданд.
Нахуст Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти Навбаҳор дидан карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар деҳоти Навбаҳор майдони умумии заминҳои корам 2146 гектарро ташкил менамояд. Дурнамои кишт дар соли 2021 - ум 1864 гектар, аз ҷумла ғалладона 151, зироатҳои техникӣ 1137, картошка 60 ва сабзавот 196 гектар муайян гардидааст.
Дар деҳот 261 хоҷагии деҳқонӣ барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ заминҳои киштбобро мақсаднок истифода мебаранд.
Аснои муаррифии дастовардҳо иттилоъ доданд, ки ҳамаи маҳсулоти истеҳсолгардида дорои сифати баланд буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд ва талабот ба ин гуна маҳсулот зиёд аст.
Ҳамин аст, ки соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамасола бо хоҷагидорони деҳоти мазкур шартнома баста, ҳангоми ҷамъоварии ҳосил маҳсулоти ниёзи аввали сокинонро дар бозору марказҳои савдои кишвар ба фурӯш мебароранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз гармхонаҳои таъсиснамудаи кооператив дидан карданд. Кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар майдони 16, 3 гектар таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияташро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ 27 нафар саҳмдор буда, дар майдони 1,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил кардаанд. Дар 20 гармхона аҳли заҳмат ба кишт ва парвариши помидор, бодиринг, боимҷон, қаламфур ва қаламфури булғорӣ машғуланд. Дар гармхонаҳо 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, бо фаро расидани корҳои мавсимӣ ин шумора ба 40-50 нафар расонда мешавад.
Ҳамчунин, аҳли заҳмат дар 2 гармхонаи дигар барои омода кардани кӯчат қаламфури булғорӣ, боимҷон ва қаламфур кишт кардаанд. Айни ҳол кӯчатҳо барои гузарондан ба гармхонаҳо омода шудаанд.
Коргарони кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” дар мавсими кишт дар майдони 0,5 гектар картошка, 0,8 гектар карам, 2 гектар лаблабу ва 2 гектар боимҷон шинондаанд.
 Дастрас намудани тухмии дорои сифати баланд ва ба муҳит мувофиқ, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва заҳмати пайваста ба ҳолати сабзиш ва нашъунамои  хуби ниҳолон замина гузоштаанд.
Дар кооператив хӯрокҳои миллии кадбонувони деҳоти Навбаҳор муаррифӣ гардиданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.
Сарвари давлат ба хоҷагидорони кооперативи тиҷоратии “Имоми Аъзам” барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи кормандон, истифодаи тавсияи олимони соҳа ва дигар тадбирҳои зарурӣ, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
 
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ “ҲОСИЛОТ” 
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки замин ва самараи дастранҷи сокинон дар хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” шинос шуданд.
Нахуст Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулот арзёбӣ карданд.
Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” соли 2005 дар майдони 336 гектар таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 331 гектараш замини обӣ мебошад.
Меҳнаткашон дар масоҳати 0,14 гектар барои парвариши бодиринг ва қаламфури булғорӣ гармхона, дар як гектар парваришгоҳи лимӯ, дар 27,4 гектар ғалладона, 10,8 гектар картошка,  4 гектар полизӣ, 28 гектар сабзавот ва дар 13,8 гектар хӯроки чорво кишт намуданд. Ҳамчунин, аҳли заҳмат дар майдони 5,59 гектар боғ бунёд кардаанд, ки дар он парвариши ниҳолҳои зардолу, шафтолу ва олу ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” дар мавсими кишт ва ҳосилғундорӣ беш аз 800 нафар ба кор ҷалб карда мешавад.
Бо мақсади иҷрои дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оқилона ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам, гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол бо назардошти мусоид омадани боду ҳаво дар байни қаторҳои ниҳолон парвариши картошкаи барвақтӣ, карам, гулкарам, помидор, зироатҳои полизӣ, қаламфури булғорӣ ва каду ба роҳ монда шудааст, ки нашъунамои рустаниҳо дар ҳолати хуб қарор дорад.
 Аҳли заҳмати хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” зимни суҳбати самимӣ бо   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки истифодаи дастуру супориш ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигию саҳроӣ ба захираи маҳсулоту фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон замина гузоштааст.
 Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу заҳматҳои пайваста ва иҷрои саривақтии иқдому ташаббусҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин васила дар баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ саҳм гузорем.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз растаи намоиши таомҳои миллӣ ва хони идонаи ҳафт сину ҳафт шин, ки бо риояи хоси унсурҳои Наврӯзи байналмилалӣ ороста шуда буд, боздид ба амал оварданд.
Мардуми тоҷик халқи ҳунарманду ҳунарофар буда, дар замони соҳибистиқлолӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат ҳунару анъанаҳои неки ниёгон дубора рушд карданд.
Ошпазҳои моҳир ва кадбонувони ноҳияи Кӯшониён ҳунару истеъдоди баланди худро муаррифӣ намуда, дар баробари дигар таомҳои миллӣ дар як деги калон  як тонна палав омода ва пешниҳод намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари кадбонувон ва ошпазҳои ноҳияи Кӯшониён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки барои ба мерос гузоштани расму оин ва ҳунари баланди ниёгон зарур аст, ки насли ҷавонро бештар ба ҳунару ҳунармандӣ ҷалб намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбия намуд.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат аз намоишгоҳи чорводорон ва парандапарварони ноҳияи Кӯшониён дидан карданд.
Дар намоишгоҳ 16 намуди паранда ва зотҳои нодиру  сифатноки чорво ба маъраз гузошта шуда буданд.
Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бо муҳайё гардидани шароити мусоиди парвариши чорво ва ташкили хоҷагиҳои чорводорию зотпарварӣ ин соҳаи сердаромади хоҷагии халқи мамлакат рушд карда, саршумори чорвои калону майда, истеҳсоли гӯшту шир ба маротиб афзуда, воридоти маҳсулоти ширӣ кам гардид.
Саршумори чорвои калон дар якҷоягӣ бо аҳолӣ ба 69 ҳазору 930 сар, моли майда ба 80575 сар, саршумори паранда ба 104950 сар расонда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 саршумори чорвои калон 518 сар, моли майда 1566 сар ва паранда 19520  сар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ  чорводорони ноҳия, дар маҷмӯъ, бо аҳолӣ 753,6 тонна гӯшт, 3211 тонна шир, 940 ҳазор дона тухм истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 57,4 тонна гӯшт,  105,1 тонна шир ва 50,1 ҳазор дона тухм зиёд аст.
Дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии барномаҳои соҳавӣ аст, ки дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ рушд намудааст. Аллакай ҳамагон барои ба роҳ мондани парвариши чорвои майдаю калони хушзот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, онро дар амал татбиқ месозанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки, пеш аз ҳама, тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошанд.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲОТИ ЗАРГАР 
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд, ки аз 1 бино бо ду қисми  4-ошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст, иборат аст.
Мавриди зикр аст, ки солҳои дароз фарзандони сокинони деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии рақами 9 ва рақами 10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд ва ин ҳолат бо сабаби дер мондан ба дарс барои гирифтани таҳсилоти босифат монеа эҷод мекард. Ҳамчунин, дурии мактаб барои кӯдакони деҳаҳо хавфи калон дошта, боиси садамаҳо бо иштироки хонандагон мегардид.
Муассиса дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ, технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон буда, дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда, бунёд шудаанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши касбу ҳунар ба хонандагон ва амалисозии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассиса синфхонаи муҷаҳҳази таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Синфхона бо таҷҳизоти барқии зарурӣ барои пухтупази анвои ғизоӣ, дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва барои писарон дастгоҳу асбобҳои махсуси ҳунарҳои мардумии қадима ва муосир таъмин аст.
Ҳавлии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, бо шинондани майса, гулҳо, дарахтони ороишиву сояафкан оро дода шудааст.
Сохтмон соли 2019 оғоз гашта, лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи сохтмончиёни ватанӣ амалӣ шуд.
Дар бунёди муассисаи таълимӣ беш аз 70 нафар коргарони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 2000 сомонӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ  ҷалб шуданд.
Равшаннамоии бинои таълимӣ ва таъмини оби нӯшокӣ ҳалли худро ба пуррагӣ ёфтаанд.
Дар муассиса 800 нафар хонанда аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 10 ва 140 нафар аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 9 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани раванди таълиму тарбия аз ҳисоби буҷети ноҳия 64 воҳиди корӣ ҷудо шудааст, ки аз ин 30 воҳиди корӣ барои омӯзгорони фаннӣ ва 4 воҳиди корӣ барои маъмурият мебошад.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб карданд.
Баъди ифтитоҳи муассисаи нав дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи боз як муассисаи таълимии наву замонавӣ барои фарзандони сокинони ноҳияи Кӯшониён, табрику таҳният гуфтанд.
 
ИФТИТОҲИ КОМПЛЕКСИ ЧОРВОДОРИИ ҶДММ “МАРМАРӢ”
Нимаи дуюми рӯзи 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд. Роҳбарият ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию ободонӣ самимона истиқбол гирифтанд.
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст комплекси чорводории ҶДММ “Мармарӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
 Комплекси чорводории гӯштии “Мармарӣ” дар деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон, дар масоҳати 16 гектар, мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфта, дар мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад. Маҷмааи мазкур барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал, аллакай, ба ферма 1500 сар чорво ворид гардид.
Ширкат дорои бинои маъмурӣ, чор оғилхона барои нигоҳдории чорво, ҳафт чоҳ барои захираи хӯроки ширадори чорво, ҳафт анбор барои захираи хӯроки дурушти чорво буда, ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани комплекс, зиёда аз 300 нафар  бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Дар ширкати “Мармарӣ” ҳашт зоти чорво, аз ҷумла Абердин-Ангусси сиёҳ ва сурх, Лимузинӣ, Симменталӣ, Шаролезӣ, Герофордӣ, Кабуди белгиягӣ, Обрак, Қаҳваранги швитсӣ, инчунин, зотҳои омехта парвариш мешаванд. Зотҳои чорвои калони ба ҷамъият воридгардида ба шароит ва иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ буда, маҳсулнокиашон зиёд мебошад ва дар як шабонарӯз, ба ҳисоби миёна, 1,5 килограмм вазн мегиранд.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон, барои афзун намудани саршумор бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти хушсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Нигоҳубини чорво дар маҷмаа бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани самараи парвариш ҳар моҳ мунтазам вазнкашии чорво тавассути воситаҳои рақамӣ гузаронда мешавад.
Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоӣ, усули нигоҳубини чорво мувофиқи меъёрҳои ветеринарию беҳдоштии макони баромади зотҳои чорво амалӣ гашта, ин раванд ба таври онлайнӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
 Ба маҷмаа аз масофаи 3 километр тавассути лӯлаҳои пластикӣ об оварда шуда, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ обнӯшакҳои муосир дар ҳар як оғилхона бо дарназардошти ҳаҷми зарурӣ ва таъминоти саривақтии чорво бо он васлу насб гардидааст. Ҳамчунин, комплекси чорводории “Мармарӣ”, ба хотири таъмини бехатарӣ, 64 камераи назоратӣ дорад.
Маҷмаа дорои 752 гектар замин буда, соли 2020 дар майдони 187 гектар юнучқа, 112 гектар ҷавдор барои хӯроки ширадор, 339 гектар ҷуворимакка кишт ва, дар маҷмӯъ, 11,3 ҳазор тонна хӯроки чорво захира шуд.
Роҳбарияти ҷамъият барои пешрафти кор беш аз 20 техникаву таҷҳизоти муосири соҳавиро аз Олмон ворид намуданд, ки барои киштукори саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил, инчунин, таъмини чорво бо хӯрок дар муҳлати муайянгардида басо мувофиқанд.
Дар баробари ин, комплекси чорводории “Мармарӣ” дорои коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта буда, иқтидори он дар як соат як тонна мебошад. Коргоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, хӯроки омехтаи чорво ба таври автоматӣ омода мешавад.
Чорво аз 6 моҳ то 1 сол парвариш ёфта, пас аз расидан ба вазни муайян, тавассути воситаи нақлиёти махсус ба забҳхона таҳвил мегардад. Забҳхонаи ширкат дар мавзеи мувофиқ – қисми ҷанубии шаҳри Душанбе, дар майдони зиёда аз 4 гектар, доман густурдааст. Иншоот ба талаботи ветеринарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ буда, дорои шароити забҳи аз 25 то 30 сар чорво дар як баст мебошад. Пас аз забҳ, маҳсулоти гӯштиро дар озмоишгоҳи коргоҳ санҷида, сипас, ба марказҳои савдо мебаранд. Дар забҳхона мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъминанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо марҳилаи дуюми лоиҳаи ширкати “Мармарӣ” оид ба таъсиси комплекси парвариши модаговҳо дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг муаррифӣ шуд. 
Иттилоъ доданд, ки дар доираи марҳилаи дуюм 8 ферма бунёд ёфта, 1600 сар модагови зотии наслдиҳанда аз давлатҳои Аврупо ворид мегардад. Тибқи нақша, ҳар як ферма дар масоҳати сегектарӣ барои 200 сар чорво, аз ҷумла барои нигоҳдории буққаҳои зотӣ барои гирифтани насл, оғилхона барои 120 сар чорво, оғилхона ва таваллудгоҳ барои 80 сар чорво ва анборхона сохта мешаванд.
Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки маҷмааи чорводории “Мармарӣ” бо насли чорвои худӣ таъмин гардида, барои рушди саноати коркард ва хоҷагии халқ дар Тоҷикистон мусоидат кунад.
Майдони заминҳои хоҷагии зотпарварӣ дар ноҳияи Балҷувон беш аз 11 ҳазор гектарро ташкил дода, давраи нигоҳубини мавсимии чорвои зотӣ дар чарогоҳи тобистонаи ноҳияи Ховалинг мегузарад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ширкатро дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии давлату Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин тадбир бешак дар паст намудани арзиши аслӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти аҳолии кишвар, махсусан сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, бо гӯшти хушсифат такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ, дар дохил ва атрофи ҶДММ “Мармарӣ” беш аз 2200 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 10 ҳазор садбаргу лола шинонда шудаанд.
 
ШИНОСОӢ БО МАРҲИЛАИ АВВАЛИ НАВСОЗИИ РОҲҲОИ ШАҲРАКИ ЁВОН ВА ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ОН
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон, ҳамчунин, аз марҳилаи аввали навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон дидан намуда, ба марҳилаи дуюми таҷдиди он оғози расмӣ бахшиданд.
Роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон, дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ таҷдиду навсозӣ мешаванд ва як қатор инфрасохтори муҳим фароҳам мегардад.
Навсозии ҷодаҳои мошингард дар шаҳраки Ёвон мувофиқи меъёрҳои муосир сурат гирифта, тибқи лоиҳа, беш аз 11 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳия ва ҳисси баланди миллӣ таъмир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон 6-уми сентябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.
Дар марҳилаи аввал аз ҷониби соҳибкорон Баҳриддин Ҷӯрахонов 2,4 километр ва Акбар Асадулло 2,1 километр роҳҳои шаҳраки Ёвон навсозӣ шуданд.
 Зимни муаррифии лоиҳаи дуюми таҷдиду навсозӣ, иттилоъ доданд, ки роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта бунёд ёфтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон ва суҳбат бо мутахассисон, ҷиҳати бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаи навсозии роҳҳо, таваҷҷуҳ намудан ба нозукиҳои роҳсозӣ, хоса инфрасохтори зарурии он, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Тибқи маълумотҳо, ҳамаи роҳҳои шаҳраки Ёвон бо ба инобат гирифтани муҳимияти навсозӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таҷдид мегарданд ва то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.
Мувофиқи лоиҳа, зиёда аз 11 километр роҳи мошингарди шаҳраки Ёвон, бо паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метр, ҷавобгӯ ба талаботи муосири роҳсозию шаҳрсозӣ навсозӣ мешавад.
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон, дар маҷмӯъ, 453,6 километрро дар бар гирифта, 79,5 километри он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад ва соли 2020 барои таъмиру нигоҳдорӣ танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ равона гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни таҳсин хонда, ба онҳо барои бо сифати баланд татбиқ намудани марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР 
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон пули мошингузари байни кӯчаҳои Расул Раҷабов ва Абдураҳмони Ҷомиро ба истифода доданд.
Пул дар шаҳраки Ёвон, болои дарёчаи Ёвонрӯд, сохта шуда, дарозиаш 64 метр, паҳноияш 20 метр ва иқтидори борбардориаш 80 тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа, дар ду паҳлуи пул роҳҳои пиёдагард бо паҳноии 1,7 метр, ки  истифодаи тӯлониашон кафолат дода мешавад, бунёд гаштаанд. Ҳамчунин, дар ду соҳили дарёча 34 мехсутуни пул устувор гардида, болои пул бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ рӯйпӯш ва мумфарш шудааст.
Иншоот аз 4 хати ҳаракат барои мошинҳо иборат буда, дар ду паҳлуи роҳҳои пиёдагарди он панҷараҳои оҳании ҳимоявӣ васлу насб гаштаанд.
Пул аҳамияти зиёд дошта, аз он, дар баробари зиёда аз 30 ҳазор сокини ноҳия, меҳмонону сайёҳон низ истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми апрели соли 2014 бар асари боришоти бошиддат ва омадани сел дар ноҳияи Ёвон ба чанд иншооти ҳаётан муҳим хисорот ворид гардида, пули мошингузари мазкур ба куллӣ хароб шуд.
Барқарорсозии иншоот соли 2018 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони ватанӣ оғоз гашта, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ифтитоҳи пули нав мушкилоти рафтуомад ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро рафъ намуда, барои рушди иқтисодии сокинони ду тарафи дарёчаи Ёвонрӯд ва, дар маҷмӯъ, ноҳия мусоидат мекунад.
 Дар рафти барқарорсозии иншоот зиёда аз 30 мутахассис кор карда, бо маоши хуб таъмин буд.
Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди роҳу пулҳо, ки василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои шоён комёб гаштанд.
 Бо мақсади таъмини бемамонияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон ҳангоми шабона, дар болои пул 8 сутунпоя ва чароғҳои равшанидиҳанда насб шуданд.
Дар доираи тадбирҳои ободонию сабзкориҳо, дар ду шафати пули мошингузар ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда шуда, дигар корҳои созандагӣ низ амалӣ гардиданд.
Тавре иттилоъ доданд, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ қад-қади дарёчаи Ёвонрӯд марҳила ба марҳила сурат гирифта, барои пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дигар тадбирҳои созандагӣ ҳам татбиқ мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани пули мошингузарро дар болои дарёчаи Ёвонрӯд дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳияи Ёвон туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани иншоот ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолият ва зиндагии шоиста барои сокинони ноҳия ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.
 
ОҒОЗИ БУНЁДИ БИНОИ МАЪМУРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ЁВОН 
ВА ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ НАВ
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ёвон, ҳамчунин, ба бунёди бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи як қатор иншооти сохташаванда шинос шуданд.
Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ, сохта мешавад.
Масоҳати замини барои бунёд пешбинигардида 7113 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, барои кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати фаъолият дар самти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Тибқи лоиҳа, дар он 22 хонаи корӣ, китобхона, толори хониш, маҷлисгоҳҳо ва иншооти ёрирасон ҷой мегиранд.
Аснои шиносоӣ, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино бо ҷалби 50 мутахассиси ватанӣ сохта мешавад.
Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти аълосифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои бунёди “Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони “Моҳир”, инчунин, лоиҳаҳои “Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон” ва “Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон”-ро муаррифӣ карданд.
Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар масоҳати 9375 метри мураббаъ доман густурда, дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар баландии 55 метр парафшон мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи миллат, дар майдон муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро бо баландии 10 метр мегузоранд.
Майдони Парчами давлатӣ бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфта, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дигар шароитҳои зарурӣ низ муҳайё мегарданд.
Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони “Моҳир” мувофиқи дастуру ҳидоятҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи пурра аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар сохта мешавад.
Он дар масоҳати 6,33 гектар бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ «Моҳирсемент» бунёд меёбад. Тибқи лоиҳа, иқтидори истеҳсолии солонааш 200 ҳазор тонна гаҷ, 70 ҳазор тонна ғурагаҷ (шпаклёвка), 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон ва гаҷкартон барои сақф хоҳад буд. Муҳлати баистифодадиҳии корхона (бо 150 ҷои кори доимӣ) то соли 2022 дар назар аст.
Дар ноҳияи Ёвон, ҳамзамон, бо ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд татбиқи лоиҳаи “Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон” бо ҷалби 5,8 миллион доллари ИМА идома дорад.
Ҳангоми шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни иҷрои ин тарҳ, иттилоъ доданд, ки ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хобондани 7,5 километр шоҳлӯлаи баландфишори марказӣ, 2,2 километр шоҳлӯлаи худҷоришаванда ва 5,8 километр лӯлаҳои қутрашон гуногун барои васеъ намудани шабакаҳои обрасонии шаҳраки Ёвон пешбинӣ гардидааст.
Дар ин замина, аллакай, сохтмони пойгоҳи муосири обкашӣ бо ду ҳавзи таҳшинкунанда бо ғунҷоиши 15 ҳазор метри мукааб об, коргоҳи обполоӣ, обанбори оби тоза бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб ва дастгоҳи безараргардонӣ ба анҷом расид.
Дар доираи лоиҳа, бо мақсади сарфаи оби ошомиданӣ ва пешгирии талафоти он, дар манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия 3000 ҳисобкунаки обӣ насб шуд.
Соли равон, ҳамчунин, дар деҳаи Қамбарии ноҳия сохтмони обанбор бо ғунҷоиши 4000 метри мукааб ва хобондани 3,6 километр лӯлаҳои обтаъминкунӣ барои шаҳракаи Ёвон дар назар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо рафти иҷрои лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон”, ки аз моҳи марти соли 2017 идома дорад, масъулонро барои мақсаднок истифода намудани маблағҳои ҷалбгардида муваззаф намуданд.
Тибқи маълумотҳо, аз оғози татбиқи лоиҳа, аллакай, беш аз 52 дарсади маблағҳои пешбинигардида аз худ карда шуда, корҳо дар ин самт босуръат идома доранд.
Дар доираи лоиҳа, бо мақсади сари вақт баровардани партовҳои сахти маишӣ аз назди манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия ба раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон техникаҳои соҳавӣ ҷудо гардиданд.
Дар маркази шаҳраки Ёвон дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни бузурги миллӣ -   30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободонӣ вусъат ёфта, амалишавии ин гуна лоиҳаҳои муҳим дар самти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаҳои мазкур, ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида, иҷрои босифати корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар вақти муайяншуда ба истифода додани ҳамаи тарҳҳои банақшагирифташуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ “ОРИЁНА” 
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Ёвон муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабии замонавӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Асадулло давоми 1,5 сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шуд.
Кӯдакистон аз ду бинои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия ба 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Сохтмони иншоот соли 2020 оғоз ёфта, бо сифати баланд анҷом пазируфт. Зимни бунёди он беш аз 20 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буд.
Кӯдакистони хусусии “Ориёна” дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) қомат афрохта, дар он 315 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Дар муассиса кӯдакон ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд. Айни замон беш аз 10 омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо ба 20 нафар хоҳад расид.
Ҳамчунин, дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам гаштаанд. Ошхона ба бинои асосии муассиса пайваст буда, дорои беш аз 100 ҷои нишаст мебошад.
Чор ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот, ҳуҷраи тиббӣ аз шароитҳои дигари кӯдакистон маҳсуб мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои машғулият ва ҷои хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғча ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Масоҳати кӯдакистон 7 ҳазору 477 метри мураббаъ буда, 1 ҳазору 632 метри мураббаи онро биноҳо ташкил медиҳанд.
Ҳуҷраҳои машғулиятгузарониро шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ оро додаанд, ки хоси дунёи кӯдаконанд.
Дар ин рӯз шодиву нишоти дӯстрӯякон ҳадду канор надошт, зеро онҳо аз дасти Пешвои маҳбуби худ туҳфаҳои идона гирифтанд. Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистонҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. 
Дар муассиса зиёда аз 40 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуд.
Ба андешаи сокинон, қаблан дар ноҳияи Ёвон кӯдакистоне бо чунин шаҳомат, зебоӣ ва дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия набуд ва акнун бо дастгирии Сарвари давлат ва саҳми соҳибкори ватанӣ орзуи деринаи кӯдакони ин гӯшаи диёр ҷомаи амал пӯшид.
Маҳз фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон медиҳад, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расад.
Саҳни муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна” дорои чор айвонча, як фаввора, ҳавзи шиноварӣ мебошад, ки барои гузарондани машғулиятҳо мусоид аст. Ҳамзамон, саҳни кӯдакистонро 275 бех дарахти сояафкану ороишии нодиру мевадиҳанда, инчунин, гулу буттаҳои рангоранг ва сабзазор зеб медиҳанд.
18 чароғаки равшанидиҳанда ва роҳравҳои асфалту сафолакпӯш аз корҳои дигари ободонӣ дар муассисаи томактабӣ ба шумор мераванд. Ҳамчунин, барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидаанд, ки самаранок истифода бурда мешаванд.
Бино ба талаботи санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти онҳо ҳамаи  синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳазанд.
Маврид ба ёдоварист, ки айни замон дар ноҳияи Ёвон ҳафт муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо беш аз 1 ҳазору 200 кӯдак тарбия мегирад.
Сокинони ноҳия ва омӯзгорон кӯдакистонро аз ҷумлаи беҳтарин туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити мавҷуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.
Лоиқи зикр аст, ки бо саҳми Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» дар ноҳияи Ёвон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 барои 1240 хонанда дар ду баст, коллеҷи техникӣ-фарматсевтӣ барои 2 ҳазору 800 донишҷӯ, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 150 кӯдак сохта шуда, инчунин, таҷдиду навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон ва пайвастшавии шоҳроҳи Ёвон – Ваҳдат – Абдураҳмони Ҷомӣ дар масоҳати беш аз 6 километр анҷом ёфт.
 
ИФТИТОҲИ ШУЪБАҲОИ ҚАБУЛ, ҚАЛБ ВА ШИКАСТАБАНДӢ - ОСЕБШИНОСӢ ПАС АЗ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандӣ-осебшиносии беморхонаи марказии ноҳияро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонии тиббии он шинос шуданд.
Сохтмони комплекси бинои дуошёнаи беморхона ҳанӯз соли 1978 оғоз ёфта, соли 1990 қатъ гардида, нотамом монд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи амалигардонии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат соли 2014 дар 33 фисади бино корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, шуъбаҳои таваллуд, навзодон, занона, эҳёи таваллуд ва ҷарроҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гаштанд.
Ҳамчунин, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, шуъбаи ҷарроҳии тозаи калонсолон бо 40 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии фасоди калонсолон бо 25 кати хоб ва ҷарроҳихона бо муосиртарин дастгоҳҳо ба истифода дода шуданд.
Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ соли 2020-ум оғоз гашта, инак, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расид.
Зимни шиносоии Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи қабули беморхона дорои 21 ҳуҷра буда, дар он 7 табиб, 14 ҳамшираи тиб, 10 корманди хурди тиб фаъолият менамоянд.
Мувофиқи талабот, шуъбаи қабул аз ҳуҷраҳои захмбандӣ, доругузаронӣ, шикастабандӣ, кӯдакона, табиби бемории дил, дандонпизишк, асабшинос, рентген, ултрасадо, эндоскопия, бемориҳои занона (гинекология), сабти барқии дил ва интенсивӣ иборат аст. Барои хизматрасонии табибон ҳамаи ҳуҷраҳо дорои беҳтарин шароитанд.
Шуъбаи шикастабандӣ-осебшиносӣ дорои 22 ҳуҷра ва 35 кати хоб буда, дар он 32 мутахассис фаъолият дорад.
Шуъбаи бемориҳои дил бошад, 13 ҳуҷра ва 35 кати хоб дошта, дар он 8 табиб, 13 ҳамшираи тиб ва 10 корманди хурди тиб ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳҳои муосири табобатии истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон – Япония, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия муҷаҳҳазанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми боздид аз шароити фароҳамгардида дар беморхонаи марказии ноҳия, ба роҳбарият ва дигар кормандони соҳа ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса додан ба сифати хизматрасонӣ барои сокинон, муошират бо беморон, риояи қоидаю талаботи гигиенӣ бо истифода аз шароити муосири фароҳамгардида дастуру ҳидоятҳо доданд.
Пешвои муаззами миллат дар беморхонаи марказӣ, ҳамчунин, бо лоиҳаи навсозии шуъбаи бемориҳои сироятӣ шинос шуданд.
Бо таҷдиду навсозии шуъба дар он 50 кати хоб, 4 кати эҳёгарӣ барои калонсолон ва дигар шароити хизматрасонӣ ба табибон фароҳам меояд. Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ мешавад.
Айни замон дар ноҳияи Ёвон, бо риояи тамоми талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, тамйизнамоии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ, 98 муассисаи тандурустӣ бо 740 кати хоб фаъолият дорад.
Масоҳати беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон 4,4 гектар буда, иншооти мавриди таҷдиду навсозӣ қароргирифтаи он 3 ҳазору 673 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Дар доираи тадбирҳои хуррамгардонӣ, атрофи беморхона сабзкорӣ, масоҳати 1 гектар асфалтпӯш, 1 ҳазору 200 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, беш аз 3 ҳазор ниҳоли сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинондаанд.
Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон ба Пешвои миллат ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои ҳамешагиашон барои рушди соҳа изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити муосири фароҳамгардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 414
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед