logo

сиёсат

ПАЁМ. ВАҚТЕ РОҲБАР БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНД АРҶ МЕГУЗОРАД ...

- Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар иртибот ба ин, прокуратураи шаҳри Хуҷанд соли 2020 ба масъалаи баланд бардоштани назорати прокурорӣ марбут ба иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон диққати махсус дода, дар ин самт 9 санҷиш гузаронд. Аз натиҷаи он 10 амр дода шуда, ба унвонии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо 15 пешниҳод ирсол гардид. Инчунин, 16 эътироз, 59  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, 49  нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд. Бо назардошти яке аз самтҳои афзалиятноки назорати прокурорӣ ба ҳисоб рафтани таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба 59  волидон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудааст. Ҳамзамон, прокуратураи шаҳр ба масъалаи пешгирии ҳолатҳои монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) диққати махсус дода, дар ин робита нисбат ба 5 волидон бо моддаи 164 Кодеки ҷиноятӣ 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. 
Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар ниҳоди бархе наврасону ҷавонон мушкилоте дида мешаванд, ки он аз надоштани фарҳанги таҳаммулпазирӣ маншаъ мегирад. Чунончи, рӯ овардани баъзе аз шаҳрвандони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию пайравӣ ба фарҳанги бегона, экстремизми динӣ ва хусумат бо намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷудошавии оилаҳои ҷавону низоъҳои оилавӣ ва ғайра зуҳуроти манфуреанд, ки аз набудани таҳаммулпазирӣ дарак медиҳанд. Хусусан, набудани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар бештари андешаву гуфтори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баръало эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, ташаккул додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани фарҳангу маърифати технологӣ дар байни мардум, хусусан ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд ва шабакаҳои иҷтимоиро бештар аз дигарон истифода мебаранд, ногузир мебошад.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат дар Паём чунин таъкид карданд: «Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил намоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар, инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».
Вобаста ба ин, Президенти кишвар Прокуратураи генералиро вазифадор карданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Воқеан, ҳоло, ки зиддиятҳо дар дунё бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ боз ҳам шиддат ёфтаанд, таъмини ҳадафҳои давлатӣ мушкилтар мегардад. Бинобар ин, танҳо дар сурати ҳифзи сулҳу ваҳдат, суботи иҷтимоӣ пешрафти кишварро таъмин карда метавонем. Аз ҷониби дигар, вазъи мураккаби баъзе аз минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадри сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватан талош варзад.
 
Авазҷон НАЗАРЗОДА, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 131
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед