logo

иқтисод

ҲАДАФИ ЧОРУМ. ДАР РОҲИ ОЯНДАСОЗӢ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи аниқ мегузорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2020 таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, аҳамияти махсус дода,  мутахассисонро муваззаф карданд, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд. 
Технологияи мошинсозӣ яке аз соҳаҳои асосии саноат буда, ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро  бо техникаҳои нав таъмин менамояд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳим ёрӣ мерасонад. 
Дар назди саноати мошинсозӣ вазифаи навгонии равандҳои технологӣ меистад, ки дар он ихтироот ва омӯзиши усулҳои нави истеҳсолӣ, тараққӣ ва автоматикунонии равандҳои технологӣ дар асоси муваффақиятҳои илм ва техника нақши муҳим бозида, боиси таъмин намудани маҳсулнокӣ, сифатнокӣ бо арзиши аслии камтарини маҳсулоти тайёр мегардад. 
Рушди илмӣ - техникии истеҳсолоти замонавӣ барои дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷорӣ намудани техника ва технологияи ҳозиразамон, истифодаи хатҳои автоматикӣ, дастгоҳҳои идоракуниаш ададӣ, мошину механизмҳо мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад. 
Дар кафедраи “Таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ”- и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон методҳои замонавии омода намудани мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шудаанд.
Технологияи мошинсозӣ – фанни тахассусӣ барои донишҷӯёни муассисаи олӣ буда, дар риштаи тайёр намудани мутахассисони мошинсозу конструкторони оянда зарурӣ мебошад ва омодасозии мутахассисони дипломдорро  бо самти  «Технологияи мошинсозӣ» тибқи  стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонад.
Дар доираи ихтисоси муҳандис се барномаи таҳсилотӣ тадбиқ мегардад:
• Технологияи мошинсозӣ;
• Дастгоҳҳои коркарди фулузот ва маҷмӯъҳо;
• Системаи асбобии истеҳсолоти мошинсозӣ.
Муҳандиси дипломдор  баъди хатми донишкада чунин вазифаҳоро метавонад ишғол намояд: муҳандис; муҳандис-конструктор (конструктор); муҳандис-технолог (технолог); муҳандиси равандҳои автоматикунонӣ ва механизатсиякунонии технологӣ; муҳандиси раванди автоматикунонии системаи идоракунии истеҳсолӣ; муҳандиси танзим ва санҷиш.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи саноат вазифаи калидӣ буда, саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул гардидааст.
Татбиқи ин ҳадаф бидуни омода намудани кадрҳои соҳаи саноат ғайриимкон аст. Ба ҳамин хотир, соҳаи мошинсозӣ, ки яке аз рукнҳои асосии саноат мебошад, тайёр намудани мутахассисон бо ихтисоси “Технологияи мошинсозӣ” дар роҳи ноил гаштан ба ин мақсади бузург хело муҳим мебошад. 
Технологияи мошинсозӣ яке аз илмҳои навбунёд ва босуръат рушдёбанда аст, аз ин рӯ, самтҳои замонавии тараққиёти қисмҳои ҷудогонаи технологияи мошинсозӣ (реҷаи коркард, равандҳои коркард, автоматикунонии истеҳсолот ва идоракунии равандҳои технологӣ, роҳандозии усулҳои технологӣ барои баланд бардоштани сифати истифодабарии масолеҳи тайёршуда ва дигарҳо) бо дастовардҳои илмҳои математикӣ, техникаи электронии ҳисоббарор ва идоракунӣ, кибернетика, робототехника, металлофизикӣ  ва дигар илмҳои назариявӣ ва техникӣ пайвастагӣ дорад.
 
В. ҚОБИЛОВ, 
мудири кафедраи таҷҳизот 
ва технологияи мошинсозӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 121
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед