logo

сиёсат

“ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд, ки истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои минтақа бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз” метавонад ба кам гардидани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд.  
 
Мо нағз медонем, ки кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Боз медонем, ки саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, яъне иқтисодиёти мамлакатамон ба шакли индустриалӣ - аграрӣ табдил дода мешавад. Табиист, ки корхонаҳои саноатӣ арзи вуҷуд мекунанд, бе корхона ба пешравӣ ноил шуда наметавонем, вале дар баробари саноатикунонӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ диққати ҷиддӣ диҳем. 
Сокини деҳаи Ғуриёт, шаҳри Ҳисор соҳибкор Муҳаммадалӣ Норбеков дар як қитъа замини камҳосили домани адирҳои ташналаб, ки ҳатто ба лалмикорӣ мувофиқ нест, корхонаи хиштпазӣ бино кард. Дар ин корхона қариб 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанду рӯзгорашонро обод мекунанд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки соҳибкор дар замини ин ҷо, ки як ниҳол ҳам намесабзид, бо азми дурусту саъйи комил боғ бунёд кард. Суоле пайдо мешавад, ки обро аз куҷо гирифт? Дар қисми ғарбии деҳа ҷарии бисёр амиқе мавҷуд аст, ки ҳангоми боришот дарёи дамонро мемонад ва чуқурии баъзе ҷойҳояш қариб ба 15 метр мерасад. Аз умқи ин ҷарӣ доимо оби чашмае барабас равон аст ва касе онро истифода бурда наметавонад. Соҳибкор ана ҳамин оби чашмаро ба манфиати мардум равона сохт. Агар шумо аз баландии адир ба ҷониби корхона нигаред, аввал боғу бӯстонро мебинед. Ҳама ҷо сабзу хуррам аст, ҳавояш беғашу тоза, атрофаш зебову дилрабост, яъне корхона дар байни боғистон ҷойгир аст. Аз боғу бӯстони ин макон шафтолу, олуболу, гелос, ангур, анор, себ, нок, олучабандак истеъмол карда, лаззати беқиёс мегиред. Дар байни радаи дарахтон сабзавоту полизӣ ва алафи беда кишт мешаванд. Дар чорводорию мурғпарварӣ низ мардуми мо “устухон" надоранд. Ҳатто дар фасли зимистон ҳам ин ҷо сабзу хуррам аст. Дар паҳлуи корхонаи хиштпазӣ гармхонаи калон бунёд ёфтааст, алқисса, зимистону тобистон меваву сабзавоти тару тоза рӯҳи шуморо болида ва қалбатонро пурсурур мегардонанд. 
Бояд гуфт, ки хоки деҳаи Ғуриёт сафед аст. Кишоварзони асил ин гуна хокро “шира надорад” мегӯянд, вале каҷпаҳлу зада, вақтро аз даст намедиҳанд. “Одам аз ғизо қувват гирад, хок аз ғизо ҷон мегирад” - гӯён арақи ҷабин мерезанд ва ҳосили баланд мерӯёнанд.  Аҳолии деҳа торафт зиёд мешавад. Мардум дар талу теппаҳои ташналаб хона месозанд ва назди ҳавлиашонро сабзу хуррам мегардонанд. Бархе аз хонаҳо аз ҷӯйи об то ду километр дуранд, вале дар назди хонааш дарахтон ғарқи меваанд. 
Миллати тоҷик аз қадимулайём ҳам соҳиби деҳа буду ҳам шаҳрсоз. Ҳар рӯз шоҳиди навигарӣ, навоварӣ ва навсозӣ мегардем. Фаромӯш набояд кард, ки мо дар кӯҳистон зиндагӣ дорем, заминҳои ҳамвору тахт кам дорем ва дар замини ноҳамвор манзилу корхонаву роҳу пул сохтан кори осон нест, вале миллати фарҳангсолору тамаддунсоз аз уҳдаи осон гардондани ҳар гуна душворӣ мебарояд, зеро шиораш “Тоҷикистон, ба пеш!” мебошад. 
 
Ҳакималӣ НАЗАРАЛИЕВ,
адиб, сокини шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2021    №: 60 - 61    Мутолиа карданд: 90
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед