logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

29 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.
 
МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба мардуми ин давлати дӯсту ҳамсоя сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  аз самтҳои муҳим ва авлавиятдор аст. Таъкид шуд, ки мо бо такя ба муштаракоти безавол муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандамонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳем баровард.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва бародарона изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот рушди ҳамкории байни кишварҳоро дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётиву транзитӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳиму ояндадори рушду тавсеаи робитаҳои ҳамкории ду кишвар номида шуданд.
Таъкид гардид, ки оқибатҳои ногувори пандемияи коронавирус ва баста шудани марзи давлатии байни ду кишвар ба раванди муомилоти тиҷоратии  кишварҳо таъсири манфӣ расонданд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар ояндаи наздик таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон ва Афғонистонро иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот имкониятҳои васеъ дар самти ҳамкории соҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти гидротехникӣ, татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур, амалисозии лоиҳаи САSA - 1000 намунаи боризи талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар ростои ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикии кишварҳои минтақа маънидод гардид.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми дӯсти Афғонистон бунёди иншооти тавлиди неруи барқ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва хатҳои фаромарзии интиқоли он, аз ҷумла лоиҳаҳои Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва хати баландшиддати 500 кВ таҳвили неруи барқи “Роғун - Пули Хумрӣ” рӯи кор гирифта шудааст.
Тоҷикистон талош дорад, ки байни кишварҳо долонҳои нави нақлиётӣ сохта шаванд ва дар ин ҷода лоиҳаҳои барои ҷонибҳо  судманди  минтақавӣ амалӣ гарданд. Бояд гуфт, ки то имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон  шаш  пул сохта, мавриди  истифода  қарор  дода  шудааст.  Гузоштани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди тиҷорати транзитӣ тавассути долонҳои нақлиётӣ бо иштироки кишвари дӯсти Афғонистон зарур шумурда шуд.
Вобаста ба вазъи мавҷуда зарурати ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ зикр шуд. Таъкид гардид, ки дар чорчӯбаи комиссияи мазкур имкон аст, ҳамкориҳои мутаносибан судманд дар заминаҳои гуногуни мавриди эҳтимом, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, илму маориф, бахшҳои фарҳангиву башарӣ ва дигар самтҳо, тақвият бахшида шавад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили шаҳрвандони Афғонистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 50 бурсия ҷудо мекунад. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, беш аз 500 донишҷӯи афғон таҳсил мекунад.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди имрӯзаи ҳамкориҳои мақомоти қудратӣ, мудофиа ва махсуси кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар марҳалаи ҳассоси замони муосир, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳо дар арсаи амниятӣ амри зарурӣ дониста шуд.
Ба ин мақсад, ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи муштараки ҳамкориҳои амниятӣ ва марзиро мувофиқи мақсад шумурд.   
Президенти мамлакат таъкид карданд, ки Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва барқарории сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” баргузор мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаи ин ҳамоиш ба раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистон ва пешрафти иқтисодии он саҳми босазо хоҳад гузошт.
Дар охири музокирот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои даъват ҷиҳати боздид аз сарзамини бостонии Афғонистон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
 
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН
Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки сарварони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури сарварони давлатҳо санадҳои зерин ба имзо расиданд:
- Барномаи иқдомоти амалӣ (нақшаи роҳ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ;
-  Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022;
- Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;
- Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарварони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 146
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед