logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТУРКИЯ

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби  Осиё – Раванди  Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гашт.
Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.
Робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода, аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ гардид.
Табодули фарҳангӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои пандемияи коронавирус ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ, зарур шумурда шуд.  
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои робитаҳои ҷонибҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар ниҳодҳо матраҳ гаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 4297
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед