logo

сиёсат

ПАЁМ. ОЯНДАРО ЯКҶОЯ БИСОЗЕМ!

Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои қаблӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун дастури боэътимоди рушду шукуфоии ояндаи кишвар ва кафили болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони шарафманди мамлакат ҳамовозии калонро ба амал овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни ироаи Паём қайд намуданд: «Мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем». 
Соли гузашта вобаста ба паҳншавии пандемияи коронавируси COVID - 19  тамоми  кишварҳои дунё ба мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ гашта бошанд ҳам, вале сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакатамон имконият фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ пеши роҳи паҳншавии ин бемори  гирифта  шавад. Пешвои миллат изҳор доштанд: «Аз оғози моҳи январи соли ҷорӣ дар кишварамон бемории сироятии номбурда аз байн рафтааст». 
Роҳбари давлат соҳаи маориф ва тандурустиро самтҳои афзалиятнок дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории тоҷикон ва наҷоти миллат номидаанд. Воқеан, маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд карда, сатҳи дарозумрӣ боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин намуда, заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас фароҳам меоварад. 
Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” барои муассисаҳои таълимии томактабӣ,  мактабӣ ва калонсолон, нашри китоби “Тоҷикон”-и  Бобоҷон  Ғафуров қадамҳои устуворе ҳастанд дар ташаккули зеҳнии аҳли ҷомеа.
Роҳбарияти муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти  кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар таълимгоҳ, аз худ намудани малакаҳои касбӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Олимону омӯзгорони муассиса дар шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар ин замина, вазифаҳои аввалиндараҷа пурзӯр намудани  пойгоҳи моддиву техникӣ ва технологӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ, илмӣ - инноватсионӣ, корҳои табобатӣ ва нуфузу эътирофи  байналмилалӣ пайдо намудани таълимгоҳ ва кормандони он дониста мешаванд.
Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд. Гуфта шуд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон сазовори  таҳсин ва боиси  ифтихори ҳар яки мо мебошад. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз  1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 дарсад зиёд карда шавад. 
Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат мо - зиёиёнро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таъмини таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда ба ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарастӣ тарбия намудани насли навраси  кишвар кӯшиш намоем. 
 
Ғ. ҒОИБОВ,
мудири кафедраи “Тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ”- и МДТ 
«Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 106
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед