logo

иҷтимоиёт

РИСОЛАТ АГАР ШИНОХТА ШАВАД...

Саволи матраҳ ин аст: Чаро хонандагон ба шеъри мутақадимин, яъне гузаштагон, таваҷҷуҳи бештар доранд, нисбат ба шеъре, ки имрӯз гуфта мешавад? Ҷавоб агарчи душвор нест, аммо бисёр аст, албатта, сабаб низ.
Таърихи ҳазорсола аз миёни чандин ҳазор шоир беҳтаринҳоро бе ҳеҷ хотирбинӣ ва маҳалгароӣ пешкаши мо карда ва ба шахсияту ашъорашон баҳои ҳаққонӣ додааст. Ҳар нафаре, ки аз рӯи ғараз дар рӯзгори хеш ба онҳо санг андохта, он сангҳо то ба ҳанӯз ба сӯи андозандаашон такрори ба такрор меояд. Бо он ки аз он сангҳо зарб мехӯранд ва рӯҳашон дар азобанд, аз бадномӣ низ намераҳанд. Аз ин гуна сангҳо ба сӯи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Анварӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил низ андохтанд. Рӯдакиву Анвариро резахӯри хони худ хонданд. Саъдии Шерозӣ маҷбур шуд, ки бо хитоб ва таъкид иброз бидорад:
Надорад ба сад нуктаи нағз гӯш,
Чу заъфе бубинад, барорад хурӯш.
Ҳофизи Шерозӣ низ баён дошт:
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз?
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.
Мирзо Абдулқодири Бедилро муғлақбаён хонданд ва хостанд хотири алоқамандонашонро ранҷур бисозанду онҳоро аз ӯ ва ашъори ҷовидониаш дур бинамоянд. Дар тазкираҳо дар ин хусус бисёри бисёр навиштаанд. Ҳарчанд муғлақбаёнӣ  сифати бад  нест. Дар фарҳангҳо ин вожаро чунин тафсир кардаанд: Муғлақбаён - он ки тарзи ифодаи ӯ мушкилфаҳм аст, душворбаён; печидагӯ. 
Аз ашъори ин, «муғлақбаён» аст:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Ва ё:
Ҳамчу оина агар пок шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Инчунин: 
Имрӯз омаданҳо чандин баҳор дорад,
Фардо кирост фурсат, то мо ба ҳам нишинем?
Ба чунин содагӯӣ, ба маънии мусбаташ, албатта ва равонӣ камтар аз шоирони пешин муваффақ гардидаанд.
Бо он ки  баъдҳо даъвати ҳеҷ сарвареро напазируфт ва ба васфашон шеър нагуфт, дур аз ҳарифону бадхоҳон зист, яъне гӯшанишин шуду баён дошт:
Дунё агар диҳанд, наҷунбам зи ҷойи хеш,
Ман бастаам ҳинои қаноат ба пойи хеш.
Ҳамчунин, дар посухи ин ҳама беадолатиҳо, назарногириҳо, бо дилпурӣ изҳор кард, ки баъд аз ҳазор сол ҳам нав аст ва нав мемонад.
Дар қиёс, аксар шеъри муосири мо бо шоирони пойбанди сиёсати давру замон гардиданд.  Дигар наметавон ин байти бисёр баланду ифтихориро имрӯз азёд карду хонд:
Дило, на ишқ, на оташ, на Офтобу Замин,
Надорад ин ҳама қувват, ки халқ бо Ленин.
Ва ё дигар шоирони машҳурамон он қадар дар васфи Сталин шеър навиштаанду ба табъ расондаанд, ки ҳисоб надорад. Албатта, сиёсати давр ҳаминро тақозо дошт. Бо дигар шудани вазъи сиёсӣ, мутаассифона, қимати ин шеърҳо аз миён рафт. Хондани ин гуна шеърҳо низ ба ҳеҷ дард барнамехӯрад.
Таърихи ҳазорсола ба мо чун беҳтарин армуғон ва шоистаи ибрат шоиронеро пешниҳод намудааст, ки ҳар кадом шахсият буданду ҳамин гуна монданд. Рӯзгорашон низ беҳтарин сарчашмаи омӯзиш ва намунаи ибратанд. Пок ва дуруст зистанд. Албатта, дар ин ҳол «аз кӯза ҳамон таровад, ки дар ӯст». Ахлоқи бад ва ношоиста ҳатман ба эҷоди шеър ва шеър таъсир дорад.
Дониши шоирони пешин комил буд ва касб наомӯхта, ҳеҷ гоҳ дукон намекушоданд. Аз рӯи ҳавову ҳавас ва талаби шуҳрат шеър намегуфтанд. Ба дарбор на ҳар шоир роҳ меёфт. Истеъдод, ҳунари шоирӣ, ҳозирҷавобӣ меъёрҳои асосии роҳ ёфтан ба он ҷо ва пазириш буд.  Як байтро ҳам, ки бас писандашон меафтод, барои он зари бисёр медоданд. Аз ҷумла, барои ин байт гӯяндааш дар сатҳи баланд қадрдонӣ шудааст:
Токро сероб кун, эй абри найсон, дар баҳор,
Қатра то май метавонад шуд, чаро гавҳар 
шавад.
Шоирон  ҳатман илми адабро аз омӯзгорон ва донишмандон меомӯхтанд ва онро бо тамоми асрораш фаро мегирифтанд. Ҷойи таассуф мебошад, ки ин илмро, он гуна ки бояд, дар донишгоҳҳо низ намеомӯзонанд, балки омӯхта наметавонанд. Омӯзиши шеър ва ҳам илми адаб, илми бадеъ, хосса шеър, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳатто аз сурате, ки тасаввур мешавад, дар сатҳи пасти паст қарор дорад. Дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандае аз омӯзгори фанни адабиёт пурсидааст, ки «Оби ҳайвон бичакад, чун ту ба гуфтор оӣ» чӣ маъно дорад, посух шунидааст: «Аз китоби дарсӣ ҷойҳои шармандагиашро нахонед». 
Вақте ки хонандаи шеър огоҳ бошад ва шеъри хубро аз бад фарқ карда тавонад, шоир ҳам масъулияти бештар эҳсос мекунад ва на ҳар кас ба ин майдон мебарояд ва ё ба ин хона сар мехалонад. Ба тариқи сунъӣ шоирсозӣ аз байн меравад. Ба васфияҳои ноҷову каммазмуну беҳунарона дил намебандад. Носири Хусрав ба эътибори шеър ва забони нобамон бо ҷасорати том изҳор дошт, ки ин гавҳари қиматро дар пеши хукон намерезад.
Шеърҳои шуарои пешинро то ба ҳол ҳам вобаста ба мавридҳои хос метавон дар маҳфилҳо қироат кард ва ҳам ба онҳо изҳори дилдодагиву ақида намуд. Агар аз ишқ мегӯянд, ишқи пок аст, он олудаи шаҳвату ҳавас нест. Шаҳвату нафсро аз ишқи аслӣ мешинохтанд ва онҳоро бо ҳам намеомехтанд. Таъкид медоштанд:
Гар шаҳвату нафс ишқ будӣ, хару гов
Сардафтари ошиқони олам будӣ.
Ин таъкид имрӯз ҳам куҳна нест.
Пештар, яъне чанд сол қабл аз ин, шумораи васфияҳо бениҳоят афзуд. Хушомадгӯӣ ба одамони сарватманд ба сатҳи баланди худ расид. Аз Ҳотами Той ҳам онҳо гӯё саховатмандтар буданд. Имрӯз ҳам, мутаассифона, одамони беарзиш низ барои таъриху адаб васф мегарданд. Ин ҳолат, бешак, қадри шеъру шоирро ба поён мефарорад ва дилбастагии хонандагони асилро коҳиш медиҳад, балки аз миён мебарад.
Шоир он эътибореро, ки пештар дошт, алҳол надорад. Наметавон ба он ифтихор кард. Шеъри мо ҷавобгӯи талаботи давр ва фарогири аксар паҳлуҳои ҳаёт нест. Шеърҳову шоирони пешин ҳатто аз замони худ пештар буданд.
Бадгӯиву туҳматзаданҳои ҳамдигар обрӯи шоирони даврро рехтааст. Яке аз дӯстон, ки худ шоир нест, аммо шеърро бисёр хуб медонаду мефаҳмад ва қадр мекунад, гуфт: Дар маҳфиле будем. Шоир Ҳ. (ҳарфҳо шартианд) ба гӯшам гуфт, ки А. шоир нест. Пас аз чанд дақиқа А. ба гӯши дигарам гуфт: Ҳ. Шоир нест. Н. аз ман пурсид: Онҳо ба гӯшат чӣ гуфтанд? Изҳор доштам: Ҳар ду якдигарро гуфтанд, ки шоир нестанд. Н. пас аз он баён дошт: Ҳар ду ҳам дуруст гуфтаанд. 
Ҷойи таассуф аст, ки чунин бадгӯӣ имрӯз авҷ гирифтааст, ҳатто ба рӯи сафҳаҳои интернетӣ, матбуот низ роҳ ёфтаанд. Гурӯҳбозӣ, бадғаразӣ ривоҷ ёфтааст. Аз кӯза чӣ метаровад? На он чӣ дар ӯст? Агар касеро аз маъмурони соҳа писанд нестӣ, дар заминат мезананд ва аз ҳеҷ гуна туҳмату бадгӯӣ рӯ намегардонанд.
Дар шеъри муосири мо динситезӣ низ равшан ба чашм мерасад. Ин як навъ таҳқири рӯирост ба хонандагон ва дӯстдорони шеъри асил мебошад. Наход «фурашка»-и Ленин аз паямбаре, ки дини ростинро оварда, боло бошад? Бо ин гуна муносибат магар шоир ва шеъраш маҳбубият пайдо мекунад? Не, ки не! Ва ё як шоири дигар менависад, ки агарчи намоз намехонад, тасбеҳ намегардонад, аммо дилаш аз намозхону тасбеҳгардон поктар аст. Ё худ меҳвари дунё ҷоест, ки он ҷо коммунист ҳаст. Аз нигоҳи илмӣ низ ин нукта ғалат ва таҳқири беҳизбиён ва ё дигар ҳизбҳост. Чаро Борбад аз Салмони Форсӣ дар мақоми болотар бояд шинохта шавад? Агар барои гӯянда ва гурӯҳе ҳам чунон бошад, ин кори онҳост, вале чаро бояд якуним миллиард мусулмон бо ин гуна шеър таҳқир бишавад.
Як муддат дар шеъри мо миллатгароӣ ва маҳалгароӣ ривоҷ ёфт. Аҳли маҳалле чӣ гуноҳ доранд, ки аз маҳалли ин шоир нестанд? Ва магар бояд ҳатман ҳаммаҳали шоир бошанд, то таҳқир  нашаванд? Ва ин ҳатмист?
Шоирони пешини мо миллатеро таҳқир накардаанд ва миллати худро аз онҳо болотар нагузоштаанд. Дар адабиёти муосири мо миллатҳое таҳқир шуданд, ки он замон ва имрӯз низ дар маданият, фарҳанг, илм, инчунин, дигар дастовардҳо пеш рафтаанд, рушд кардаанд. Яъне, бархе аз шоирону нависандагони мо рисолати адабиётро ё нашинохтанд ва ё барои шуҳрати дурӯғин касб кардан нодида гирифтаанд.
Шоири классики мо чӣ зебо ва боинсофона мегӯяд:
Гирифтам он, ки биҳиштам диҳанд бе тоат,
Қабул кардану рафтан на шарти инсоф аст.
Ҳатто ҳақоратҳои шоирони классики мо зебо ва боҳунарона мебошанд. Масалан:
Воизи шаҳр, ки мардум малакаш мехонанд,
Қавли мо низ ҳам ин аст, ки ӯ одам аст.
(Хоҷа Ҳофиз).
Ва ё:
Ҳамчу ту ноқобиле дар сулби Одам дида буд,
З-ин сабаб шайтони малъун саҷда бар Одам
накард.
(Мирзо Асадулло Ғолиб).
 
Аз сад ҳанӯз якеро ҳам баён надоштем, ки чаро хонандагон ба шеъри мутақаддимин, яъне классикон, таваҷҷуҳи бештар доранд. Ин мавзӯест, ки ба он боз бармегардем. Аммо бояд аз имрӯз мутахассисон, адибони асил, омӯзгорон бар сари ин масъалаи доғ тадбирҳои дурустро биандешанд, то онҳо дуруст ва ба манфиати миллат, адабиёт ва мардум бошад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 90
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед