logo

Хабарҳо

ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГӢ. ТАШВИҚГАРИ ТАМАДДУНИ АЗАЛӢ

Соли 2011- Соли мероси таърихию фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардида буд ва дар ин росто, барномаи байнидавлатии "Пойтахти фарҳангии ИДМ" таҳия ва қабул шуд, ки ҳадафи аслии он – рушди ҳамкорӣ ва муттаҳидсозии зарфиятҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад. Ин аст, ки  соли 2021 шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шуд. 
Зикр намудан ба маврид аст, ки эълом доштани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангӣ, бо сабаби пандемияи коронавирус ба таври онлайн баргузор гардид. Шаҳрдори Шимкент (Қазоқистон) Мурат Айтенов  рамзи пойтахти фарҳангии ИДМ-ро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супурд. 
Вобаста ба ин, бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 таҳти № 135 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ ва баргузории тадорукот дар доираи эълон гардидани «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021» тасдиқ шуда, як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла «Ниммарафони XII байналмилалии «Душанбе - 2021» бахшида ба Рӯзи пойтахт», гузарондани семинар – тренингҳои таълимӣ аз ҷониби ҳунармандони соҳаи фарҳанги кишварҳои узви ИДМ, Форуми байналмилалии ҷавонон Ояндаро бо ҳам месозем ва ташкили барномаи фарҳангӣ барои ҷавонони кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ, бояд дар соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон зиёда аз 35 чорабинӣ гузаронда шавад. 
Воқеан ҳам, тайи чанд соли ахир шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои пешрафтаву диданӣ табдил ёфта, биноҳои сарбафалаку замонавиаш ба ҳусни шаҳр зебоии дигареро зам намудаанд. Гулкориву хуррамгардонӣ тавъам бо дарахтони ҳамешасабзаш, шиору овезаҳои ҳунарҳои мардумӣ касро рӯҳу ҳаловати тоза бахшида, ҳар бинандаро мафтуни худ мегардонад. 
Бояд гуфт, ки шаҳри Душанбе  макони асосии мулоқоти эҷодии ходимони фарҳанг ва санъати ИДМ маҳсуб мешавад ва ин бори дигар аз доштани фарҳанги волои як миллати соҳибтамаддун ба оламиён дарак медиҳад. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 277
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед