logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СУБРАҲМАНИЯМ ҶАЙШАНКАР

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманиям Ҷайшанкарро, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз кишварҳои калидии Қитъаи Осиё маҳсуб меёбад ва мо ба бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон аҳамияти пайваста медиҳем.
Дар зимн, зарурати тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.
Ҳамчунин, зарур дониста шуд, ки имкониятҳои фаровони ду кишвар дар соҳаи энергетика, бахши кишоварзӣ, нақлиёт, тиб пурратар истифода карда шаванд.
Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC), Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) ва дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати  интиқоли 192 ҳазор воя ваксинаи зидди вируси COVID - 19 тариқи механизми “Ковакс”, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот тақвияти фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мавзӯъҳои марбут ба мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, инчунин, қазияи Афғонистон муҳокима гардиданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои гуно-гунҷанбаи  ду  кишвари дӯст алоқамандии худро изҳор намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2021    №: 64    Мутолиа карданд: 460
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед