logo

маориф

МАОРИФ РӮ БА РУШД ДОРАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Дар доираи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Пушкини деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини Сарвазир, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати  БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳия, бинои асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 – и ба номи Саъдулло Файзулло мавриди истифода қарор дода шуд.
 
Гулнисо Холова, директори муассиса, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», гуфт: «Бинои навбунёд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидмурод Саъдуллоев ва фарзандони ӯ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, бо шароити мусоиди таълим таъмин шуд. Иншооти ҷашнӣ дуошёна буда, дорои 10 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва дигар таҷҳизоти таълимӣ мебошад. Ҳамзамон, саҳни муассисаро беш аз 500 бех дарахти ороишиву сояафкан, 22 ҳазор гулу буттаҳои рангоранг ва сабзазор зеб медиҳанд. Чароғакҳои равшанидиҳанда, роҳравҳои асфалту сафолакпӯш ва панҷараҳои оҳанин аз корҳои дигари ободонӣ дар муассиса ба шумор мераванд. Муассиса бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Инчунин, чанде пеш аз ҷониби соҳибкорони деҳа китобхона ва ошхонаи муассиса низ бо сифати баланд бунёд гардида, синфхонаҳои боқимонда низ аз  таъмири асосӣ бароварда шуд». 
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар муассиса 476 хонанда дар ду баст таҳсил мекунад. Акнун бо ба истифода додани бинои иловагӣ имкон пайдо шуд, ки муассиса беш аз 600 хонандаро дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирад. 
Сохтмони иншоот соли 2019 оғоз ёфта, зимни бунёди он беш аз 50 сокини маҳаллӣ ва устои моҳир аз вилояти Суғд бо ҷои кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буд. Дар рафти сохтмон аз масолеҳи сохтмонии ватании хушсифат истифода шуд. Илова бар ин, бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша аз даромадгоҳи деҳаи Пушкин то муассисаи таълимии мазкур, ки масофаи 2,5 километрро ташкил медиҳад, асфалтпӯш гардид. 
Меҳмонон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нав ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода,  ба Саидмурод  Саъдуллоев  ва  дигар шахсоне, ки дар ин кор саҳм гузоштаанд барои дастгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, бинои нави таълимиро туҳфа дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯз ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд. 
Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ба истифода дода шуд. Бо бунёди синфхонаҳои иловагӣ шароити таълим дар муассиса беҳтар гашт.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2021    №: 64    Мутолиа карданд: 587
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед