logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Муҳаққиқи маъруфи  тоҷик Абдусаттор Саидов дастовардҳои илми ватаниро дар даҳҳо давлатҳои дунё муаррифӣ намудааст. Ин шахси хоксор, инсондӯсту ботамкин ва олими нуктасанҷ яке аз ситораҳои дурахшони  илми биологияи ватанӣ ба шумор меравад. Устод А.Саидов аз мактаби бузурги чунин олимони маъруф, ба мисли  Г.С. Давидов ва академик И.А. Абдусаломов, сабақ гирифта,  давомдиҳандаи мактаби илмии онҳо мебошад. Номбурда тавассути заҳмати зиёд тавонист мактаби илмии хешро низ ба вуҷуд оварад. 
Заковат, кордонӣ, заҳмати шабонарӯзӣ, қобилияти баланди роҳбарӣ ва ташкилотчигии Абдусаттор Самадович имкон дод, ки дар муддати начандон тӯлонӣ Институти зоология ва паразитологияи  ба номи Евгений Никонорович Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз парокандашавӣ наҷот ёбад ва неруи ин махзани бонуфузи илмӣ аз нав барқарор гардад. Феълан институти мазкур аз рӯи неруи кадрӣ ва самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар радифи дигар муассисаҳои бонуфузи  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад.  
Абдусаттор Саидов аз ибтидо баробари ба вазифаи директори Институти зоология ва паразитология таъйин гардидан, хатари парокандашавии институтро воқеъбинона дарк намуда, тамоми қудрати худро бо мақсади омода намудани  мутахассисон ва олимони ҷавон равона кард. Вай ин масъаларо дар сатҳҳои мухталиф муҳокима намуда,  баҳри ҳалли он пешниҳодоти мушаххас  ироа медошт. Бо ҷидду ҷаҳди ӯ мутахассисони ҷавону лаёқатманд ба шуъбаи аспирантураи пажӯҳишгоҳи мазкур ҷалб шуданд. Ин амал аз ҷониби устод А. Саидов  дар даврае пайгирӣ шуд, ки ҳанӯз олимони шинохта, аз ҷумла академик И. Абдусаломов, доктори илми биология Ф. Аҳроров, номзадҳои илм Г. Шахматов, В. Баева, Г. Гришенко, Н. Муминов ва дигарон фаъолият менамуданд. Онҳо тамоми донишу таҷрибаи хешро баҳри омода намудани мутахассисони ҷавон ва тақвият бахшидани неруи илмӣ дар соҳаҳои зоология ва паразитология равона сохтанд. 
А. Саидов ба сатҳи дониш, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамчун олими ҳақиқӣ ба камол расидани мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар тарбияи онҳо дареғ намедорад. Дар натиҷаи заҳматҳои устод дар Институти зоология ва паразитология як қатор мутахассисону олимони соҳибкасб, аз ҷумла  Ш. Мирзобаҳодурова, Х. Амирқулов, А. Абдулназаров, Ф. Ҳаки-мов, Д. Қадамов, Н. Мирзоев, А. Давлатов, Н. Ошурмамадов, Т. Наҷмиддинов, Л. Набиев, Ғ. Ғарибмамадов, К. Саидов ва дигарон ба майдони илми тоҷик ворид гардида, бомуваффақият ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғул мебошанд. 
Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки дар оянда низ таҳти сарпарастии Абдусаттор Саидов даҳҳо шогирдони дигар ба воя мерасанд ва илми тоҷикро шуҳратёр мегардонанд. 
 
Гулнора ХУҶАМЗОДА, 
директори Институти биологии Помир ба номи 
Х. Юсуфбекови АМИТ, номзади илми биология, 
Абдулназар АБДУЛНАЗАРОВ,
директори Боғи ботаникии Помир ба номи 
А. Гурскийи Институти биологии Помир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2021    №: 64    Мутолиа карданд: 67
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед