logo

Хабарҳо

ИА ва СҶТ созишнома оид ба солимӣ таҳия менамоянд?

ТАСС. Мувофиқи пешниҳоди сарварони Иттиҳоди Аврупо ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, пас аз гузаштани пандемияи коронавирус созишномаи умумие таҳия  мегардад,  ки дар он бори аввал масъалаҳои  солимии инсон, ҳайвонот ва «солимии сайёра» ба ҳам оварда мешаванд. Дар ин хусус дар изҳороти муштараки нашргардидаи  сарвари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ва директори генералии СҶТ Тедрос Гебрейесус гуфта мешавад.
«Мо мутмаинем, ки ҳамаи кишварҳо бояд ҷиҳати омодасозии созишномаи нави байналмилалӣ барои мубориза бо пандемияҳо муттаҳид шаванд. Ин созишнома бояд принсипи «саломатии ягона», ки солимии одам, ҳайвонот ва тамоми сайёраро дар бар мегирад, тасдиқ намояд», - омадааст дар ҳуҷҷат.
 
Ӯзбекистон ва Қирғизистон тасмим доранд якҷо долони транзитии роҳи оҳанро бисозанд
Toshkent today. Дар Тошканд ҷаласаи нуҳуми комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Мавзӯи калидии гуфтушунидҳо, ҳамкории тарафайн оид ба сохтмони хати роҳи оҳани «Чин –Ӯзбекистон – Қирғизистон» буд.
Намояндагони ҳар ду ҷониб зарурати татбиқи лоиҳаи бунёди роҳи оҳан ва марказҳои тиҷоратӣ – логистикиро зикр намуданд. Ин барои тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори давлатҳои Осиёи Марказӣ имконияти иловагӣ медиҳад.
 
 
Қазоқистон нияти тамдиди манъи воридоти сӯзишвории дизелиро надорад
ТАСС. - Тибқи фармоиши вазири энергетика, аз 8 декабри соли 2020 «Дар бораи масъалаҳои воридоти маҳ-сулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон», то 1 апрели соли 2021 тариқи роҳҳои оҳану автомобилӣ ва лӯлаҳои интиқоли сӯзишвории дизелӣ, ба ҷуз сӯзишвории дизелии зимистонӣ ва арктикӣ, воридот манъ гардида буд. 
Дар зимн, зикр мешавад, ки дар оянда тамдиди манъи воридот дар нақша нест,- омадааст дар хабари маркази матбуоти Вазорати энергетикаи Қазоқистон.
 
 
Путин, Меркел ва Макрон тариқи видеоконференсия гуфтугӯ карданд
Российская газета.  Дар вохӯрии видеоии сарварони Россия, Олмон ва Фаронса оид ба муттаҳид намудани қувва дар мубориза бо таҳдиди умумӣ – пандемияи коронавирус диққати ҷиддӣ зоҳир шуд, - хабар медиҳад маркази матбуоти Кремл. 
Сарварон, инчунин, ба чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ таваҷҷуҳ намуданд. Дар бораи дурнамои бақайдгирии ваксинаи «Спутник V», ҳамчунин, имконоти содирот ва истеҳсоли муштараки он дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ сухан рафт. 
Владимир Путин, Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон роҷеъ ба авзои Украина муфассал гуфтугӯ намуданд ва созишномаи Минскро ҳамчун асоси танзимкунандаи вазъи ин кишвар  таъйид намуданд.  Ҳамчунин, вазъият дар Беларус низ баррасӣ гардид. Президенти Россия мудохилаи берунаро ба корҳои дохилии давлати мустақил ғайриқабул донист. Сарварон муносиботи Россия ва Иттиҳоди Аврупоро муҳокима намуданд. Путин бори дигар изҳор намуд, ки Россия ба барқарор намудани ҳамкориҳо бо ИА, агар ба он ҳавасмандӣ зоҳир гардад, омода аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 173
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед