logo

Хабарҳо

ҶОМИ КФО – 2021

Доварони тоҷик бозии марҳилаи пешакиро ҳакамӣ мекунанд
Ҳайати доварони Тоҷикистон бо роҳбарии реферии 35-солаи ФИФА Насрулло Кабиров бозии марҳилаи пешакии Ҷоми КФО – 2021-ро доварӣ мекунанд.  
Бар пояи маълумоти ФФТ, доварони тоҷик вохӯрии дастаҳои «Клаб Иглз» (Молдив) ва «Тхимпху Сити» (Бутан)-ро дар Минтақаи Ҷанубӣ (7 апрел, Мали)  ҳакамӣ мекунанд. 
Ба Насрулло дар канори майдон ёварони реферии ФИФА Акмал Буриев ва Хусрави Сиддиқзод кумак мекунанд. Вазифаи довари чорумро реферии ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ба зимма дорад.
 
 
СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021 
Кай ва дар куҷо мегузарад? 
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни қаҳрамони феълии кишвар «Истиқлол» ва барандаи Ҷоми мамлакат «Равшан» 3 апрел дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, - хабар доданд аз ФФТ.
Бояд гуфт, ки Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб баргузор мешавад ва онро аз ҳама зиёд «Истиқлол» 9 маротиба (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020) ба даст овардааст. 
 
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Кадом тимҳои футбол роҳхат гирифтанд
Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 (21 июл – 7 августи соли 2021) мунтахабҳои футболи Франсия, Олмон, Руминия, Испания, Зеландияи Нав, Миср, Кот д'Ивуар, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Корея, Аргентина, Бразилия, Гондурас ва Мексика роҳхат гирифтаанд. 
Маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳӣ 21 апрел баргузор хоҳад шуд. 
 
 
ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ
Се паҳлавони тоҷик қувва меозмоянд
1 – 3 апрел дар Туркия Гранд Слами Анталия баргузор мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқот ширкати 501 варзишгар (293 мард, 208 зан) аз 96 давлат дар назар аст. 
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа Шаҳбоз Саидаброров, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов ширкат мекунанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 197
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед