logo

Хабарҳо

ҲИСОР. БУНЁДКОРИҲО ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАГӢ

Дар доираи таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бо иштироки Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ва Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳр, як қатор иншоот, ки бо саҳми соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Соҳибкори нафақахӯр ва маорифпарвар Шодибек Қурбонов дар деҳаи Лолагӣ бинои дуқабатаи иборат аз нуқтаи таъмир ва шустушӯи нақлиёт, нонпазхона ва осиёбро бо маблағи 550 000 сомонӣ бунёд намуда, мавриди истифода қарор дод. Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки доимо омӯзиши ду - се забони хориҷиро ба наврасон таъкид мекунанд, дар ошёнаи дуюми бино барои наврасони деҳа марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд.
Матлубахон Сатториён дар саҳни иншоот бо шахсони муътабари деҳа ва ҳамсоядеҳаҳо мулоқот намуда, аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат, аз кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил додани он ва дар меҳвари таваҷҷуҳу муҳаббати Сарвари давлат қарор доштани сокинону соҳибкорони ободкори шаҳри Ҳисор изҳори андеша намуд. Муовини Сарвазири кишвар иқдоми маърифатпарваронаи соҳибкор Шодибек Қурбоновро дар деҳот беҳтарин фазилати инсонӣ, ғамхорӣ ба насли наврас ва ояндаи миллат, мусоидат ба забондонию ҷаҳондонӣ маънидод намуда, кори хайру савоб унвон кард.
Соҳибкори дигари ҳамин деҳа Хурсандмурод Кенҷаев дар масофаи начандон дуртар аз ин иншоот бинои дуошёнаи иборат аз мағозаи хӯрокворӣ ва толори варзишро ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд намуд, ки дар пайи ин иқдом чанд сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Мағоза дорои толори кушоду барҳаво буда, бо яхдон ва таҷҳизоти дигар барои нигоҳдории ҳасибҳо, маҳсулоти ширӣ ва шарбату нӯшокиҳои ташнагишикан, мутобиқ ба талаботи санитарию стандартӣ, муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамчунин, бо иштироки меҳмонон дар даромадгоҳи деҳа иншооти бунёднамудаи соҳибкор Абдувалӣ Юсуфов, ки ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар бунёди иншоот 150 ҳазор сомонӣ масраф гардида, он аз дуконҳои табақтарошӣ, гаҳвораю сандуқсозӣ, сехи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ барои бонувони маҳаллӣ, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шерозбофӣ, қуроқдӯзӣ, зочабофӣ ва ба ҳамин монанд ҳунарҳо, иборат мебошад.  Соҳибкор устоҳои маҳаллӣ ва занони ҳунарманди деҳаро ба кор даъват карда, барои ҳунаромӯзии ҷавонон ва духтарони деҳаи Лолагӣ ва деҳаҳои атроф шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби соҳибкорони бо нангу номуси деҳа дар робита ба раванди бунёдкорию созандагӣ амалӣ гашта, ба он мусоидат намуд, ки  ба ҳусни деҳа зебоии дигар бахшида, мардуми хонашину бекор бо ҷойи кор таъмин гарданд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 231
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед