logo

Хабарҳо

Намояндагони кишварҳои СААД масъалаи амнияти иттилоотиро баррасӣ намуданд

ТАСС. Роҳбарони ситоди миллии кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) зимни мулоқот дар Москва масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва гузарондани амалиёти махсуси муштараки «Прокси»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон котиби матбуоти СААД Владимир Зайниддинов иттилоъ дод. 
- Таҳдиди асосиро ба амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, чун пештара, ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла трансмиллӣ, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ, муҳимоти ҳарбӣ, маводи тарканда, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фурӯши одамон машғуланд, эҷод мекунанд. Барои расидан ба ҳадафҳои хеш ҷинояткорон аз технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, бахусус шабакаи интернет, истифода мебаранд, ки  дар натиҷа хатари чунин таҳдидҳо  якчанд баробар меафзояд, - таъкид кард ӯ.
 
Созмонҳои амрикоӣ аз Байден хоҳиш намуданд, ки бо Россия суҳбати асоснок анҷом диҳад
Лента ру. Анқариб даҳҳо созмонҳои амрикоӣ аз Президенти ИМА Ҷо Байден даъват ба амал оварданд, ки бо Россия муколамаи самаранокро ба роҳ монад. Дар ин хусус нашрияи The Hill хабар додааст.
Тибқи иттилои нашрия, сухан дар бораи 27 созмоне меравад, ки дар байни онҳо чапгароён низ ҳастанд. Онҳо дар баёноти хеш аз муносибати ҳозираи ду кишвар, ки дорои бештар аз 90 дарсади захираҳои аслиҳаи ядроии дунё мебошанд, изҳори нигаронӣ кардаанд. Аз ҷумла, суханҳои гуфтаи Ҷо Байден ба унвони Сарвари Россия Владимир Путин мавриди назар аст.
«Мо – амрикоиҳо маъмурияти Байденро даъват менамоем, ки ба гуфтани чунин суханони беандешона ва дабдабанок хотима бахшад», - изҳор доштаанд, онҳо.
Созмонҳо ба Президенти ИМА маслиҳат доданд, ки баҳри коҳиш додан ва аз байн бурдани яроқҳои ядроӣ бо Россия гуфтушуниди муфиду муассирро анҷом диҳад. 
 
 
Изҳори Лукашенко
Мир24.  Александр Лукашенко дар ҷаласаи ҳукуматӣ изҳор дошт, ки дар Беларус президент  бояд ҳатман дорои салоҳиятҳои фарох бошад.
- Ваколатҳои  асосии президент, ки тавонанд ба тамоми тасмимҳову қарорҳои  зинаҳои поёнию болоӣ таъсир гузоранд, нигоҳ дошта мешаванд. Яъне, президент Лукашенко бошад ё каси дигар, ӯ сарвари пурсалоҳияту муқтадир хоҳад буд. Вале агар мо салоҳияти президентро маҳдуд намоем, ин, пеш аз ҳама, ба давлатдорӣ хатар меорад. Ба ибораи дигар, он аз байн меравад, - изҳор дошт ӯ.
 
Баҳои баланди Чин ба фаъолияти коршиносони СҶТ
ТАСС.  Чин бо пахши изҳорот ба касбият, кӯшишҳо ва садоқати коршиносони чинию хориҷӣ, ки дар таҳқиқот оид манбаи пайдоиши коронавирус ширкат варзиданд, баҳои баланд дод.
«Ошкор намудани манбаъҳои пайдоиши коронавирус вазифаи умдатарини ҷаҳон маҳсуб мешавад ва гузарондани таҳқиқот дар бисёр кишварҳову минтақаҳои дунё зарур мебошад»,- зикр шудааст дар ҳуҷҷат. «Мо муътақидем, ки таҳқиқоти муштараки коршиносони Чин ва СҶТ оид муайянсозии пайдоиши коронавирус боиси тавсеаи ҳамкориҳои глобалӣ  мегардад»,-тазаккур гардидааст дар изҳорот.
 
 
Ба қонунгузории Ӯзбекистон тағйирот ворид гардид
Мир24. Аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд, тақрибан ду ҳазор доллари ИМА ҷарима хоҳанд кард. Тағйироти марбутаро дар қонунгузорӣ Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба имзо расонд. 
Ҳамин тавр, тибқи моддаи иловашуда, барои даъвати оммавии иҷро накардан ва ё вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла бо истифода аз васоити ахбори омма, интернет ва матбуот, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. 
Ҳадафи тағйирот муқовимат ва пешгирии паҳн кардани иттилооти дурӯғин, ки ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад, таблиғи зӯроварӣ ё бераҳмӣ ва содирнамоии амалҳои ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 213
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед