logo

фарҳанг

ТОРҲОИ ГУСАСТА Ё ҲАДИСИ ТАЛХИ "АРМУҒОН" - И СОЗСОЗ

САВОЛЕ, КИ ХИҶИЛАМ НАМУД…
Ҳар вақте садои рӯҳнавози тор, думбраву рубоб, дойра ё таблак  танин меандозад, ба ваҷд омада, меангорӣ, ки он саропои вуҷудатро фаро гирифта, ба олами рӯъё мебарад. Ин лаҳзаҳо ту ҳам мафтуни ҳунари муғаннӣ мешавӣ ва ҳам сано ба дастоне мегӯӣ, ки чунин асбоби сеҳрнок офарида. Шояд маро ҳам чунин эҳсос боло гирифт, ки хоҳиши  бо чашми худ дидани асрори тавлиди созҳои нотакрори тоҷикӣ шудам, ки ҳанӯз садсолаҳо қабл дар  дастони Рӯдакию Борбад оҳанги дилошӯбашон то ба Сурайё мерасид. Раҳораҳ аз дилам мегузашт, ки барҳақ коми мардуми моро бо шеъру созу мусиқӣ бардоштаанду ромишгарону ҳофизон пешгузари ҳама маъракаю маҳфиланд. 
Аммо... ин лаҳза саволе ба сар омад, ки мо даҳҳову садҳо устодони санъатро дӯст медорему арҷ мегузорем, лекин дар ин радиф оё номи даҳ устои машҳури тор ё рубобсозро медонем? Хиҷолат кашидам аз ин савол, чунки худ ҷавобе надоштам. Ман танҳоям чунин? Ин ҳолати ногувор азмамро қавӣ карду қадамҳоям бардамтар шуданд, то ки чанде пас ба корхонаи созсозӣ мерасам ва дар он ҷо бо устоҳои асил шинос шуда, корашонро мебинам ва аз заҳматашон ҳикояте ҷолиб мекунам, то ки онҳо низ чун ҳофизон вирди забони ҷомеа шаванд.
 
ҲОЛИ ҒАРИБИ «АРМУҒОН»
Ба корхонаи созсозии пойтахт, ки дар замони шӯравӣ бо номи «Армуғон» басо машҳур буд, омада, ростӣ, гумон кардам, ки суроғаро хато фаҳмидаам. Пеши назар биное шуд фарсудаю валангор. На садои дастгоҳе ба гӯш мерасид ва на касе даробаро мекард. Хомӯшии ҳайратовар. Мутаҳаййир дар кӯфтам, ки пирамарде во намуд. Аз рӯи синну сол посбонаш ангоштам. Лекин Дона Зиёеви 73-сола роҳбари корхона будааст. Фақат собиқ. Ҳарчанд чунин гуфтан ҳам дуруст наояд. Чунки алъон коргоҳ на сарвар доштаасту на коргар! Шояд аз чунин ҳолату маълумоти ғайричашмдошт моту мабҳут шуданамро пай бурд, ки бобои Дона табассуми талхе кард. Пас аз он ба ҳикояте шурӯъ кард, агарчи гӯш фаро дода бошам ҳам, бовар карданам ниҳоят душвор буд. Лекин, чӣ хеле мегӯянд, аз ҳақиқат ҷойи гурез набуд. Ҳоло ҳар чи Дона Зиёев гуфт, бидуни каму кост меорам.
    
ВИҶДОН ПАШИЗЕ АРЗИШ НАДОРАД?
- Соли 1953 бо мақсади таъмини санъаткорон, қасрҳои фарҳанг, мактабҳои мусиқии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фабрикаи «Армуғон» ташкил шуд, ки солҳои 80-ум ба авҷи шуҳрат расид. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вазъияти он ҳам бад шуд. Хушбахтона, охири соли 1991 бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати фарҳанг  «Корхонаи илмию истеҳсолии созтарошӣ» таъсис шуд, - ёди гузашта кард мусоҳибам. - Дар барқарору обод кардани он устоди корхона Эргаш Азизов ва банда миқдори тавонамон саҳм гирифтем. Дар ибтидо 14 устои чирадастро даъват намуда, қариб тамоми намуди асбобҳои мусиқиро месохтем. Солҳои аввал, асосан, ҳафт намуд асбоб мебаровардем, баъдан ҳар сол истеҳсоли боз як-ду намуди навро ба роҳ мемондем ва корамон хеле хуб буд. Бо дастгирии Вазорати фарҳанг тамоми мактабҳои мусиқӣ ва қасрҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ созҳои моро мехариданд. Вале, мутаассифона, сол ба сол бо сабабҳои номаълум корхона аз назарҳо дур монда, эътиборашро гум кард. Биное, ки аз фабрикаи «Армуғон» мондааст, аз солҳои 50-уми асри гузашта ягон маротиба рӯйи таъмирро надидааст ва ба чи ҳоли ғариб афтодааст, худатон дидед. Барои начакидан як қисмати  боми биноро ночор бо шиферпораҳои партов таъмир кардему қисмати дигарашро барои аз барфу борон эмин нигоҳ доштани чӯбу пӯсту асбобҳои нимтаёр бо клиёнка пӯшондем. Фарши он то ҳол сементӣ мондааст, ягон дастгоҳи замонавӣ надорему дастгоҳҳои куҳна кайҳо аз кор баромадаанд. Барои ҳамин, тамоми кор дастӣ  иҷро мешавад. 
Ҳозир корхона буду шуд се коргар дорад, ки ҳама нафақахӯр ҳастанд. Барои пурра сохтани як асбоби мусиқӣ тақрибан 6000 зарб задан зарур мешавад, ки мо, мӯйсафедонро куҷост чунин қуввати бозу? Ба наздикӣ устоҳои най, рубоб ва ғиҷактарош ҳам аз кор рафтанд. Созҳои мусиқии мо гарчанде бо заҳмати зиёд омода шаванд ҳам, харидорони хешро гум кардаанд. Масъулони қасрҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ роҳи даргоҳи моро аз ёд баровардаанд ва ростӣ, намедонем, ки аз куҷо асбоб мехаранд. 
Онҳо боз як нағма баровардаанд, ки шояд бовар накунед. Рафту аз мо ягон асбоб хариданӣ шаванд, мехоҳанд ба фиребашон шарик шавем. Масалан, агар як думбураи мо 170 сомонӣ нарх дошта бошад, мегӯянд, ки ба онҳо бо нархи 300 – 400 сомонӣ ҳуҷҷат диҳем. Агар ин тавр кунем, виҷдон куҷо мешавад? Танҳо дастаҳои алоҳидаи ҳунарӣ гоҳе созҳои мусиқиро фармоиш медиҳанд, ки маблағи онро низ барои харидани ашёи хом истифода мебарем. Маводи кориро гоҳ бо пули нақд ва гоҳ бар ивази асбоби мусиқӣ мехарем.
 
ЧАРО ДАРХОСТҲО БЕҶАВОБ МОНДАНД 
- Сабаби дигари ба нестӣ рафтани ин коргоҳ бетаваҷҷуҳии роҳбарони соҳа аст. Мисоле меорам. Давоми як сол Вазорати фарҳанг аз корхонаи махсуси худ ба маблағи ҳамагӣ 30 ҳазор сомонӣ созҳои мусиқии миллиро харид менамояд, ки ин маблағ барои пешрафти корхона кофӣ нест, – қиссаи талхро давом медиҳад Дона Зиёев. - Чун мо идораи худмаблағгузор ҳастем, агар маҳсулоти мо ба савдо наравад, маош гирифта наметавонем. Аз ин рӯ, вазъияти молиявиамонро худ қазоват кунед. Баъзан вақт пули қувваи барқро аз кисаи худамон медиҳем. Барои кумаки молиявӣ ба вазорат, сабуктар кардани андоз ба Кумитаи андоз муроҷиат кардем, суде нашуд. Дархости чандкарата оид ба таъмири бинои валангор ҳам ба гӯши вазорат ҳеҷ надаромад. Имрӯз дар ин муассисаи давлатӣ ҳамагӣ се нафар кор мекунад - Низом Нуров, Маҳмадсаид Зиёев ва Ҳотам Шоймуродов. Онҳоро ҳам бо сад зорию тавалло нигоҳ медорем, то ки корхона пурра аз фаъолият намонад, нест нашавад. Дар ҳудуди кишвар ғайр аз Донишкадаи фарҳанг ва санъат боз 86 муассисаву коллеҷи мусиқӣ ҳаст, вале ҳатто яке аз онҳо бо муассисаи «Созтарош», ки дар ҷумҳурӣ ягона буда, махсус барои таъмин бо созҳои мардумӣ таъйин шудааст, ҳамкорӣ надоранд. Вақте ҷавонтар будам, ба чор тараф медавидам барои фармоишу харидор ёфтан. Ҳоло аз 70 гузаштааму чунин имкон надорам. Бадии кор дар он аст, ки аз моҳи августи соли гузашта корхона роҳбар надорад. Чандин нафаре, ки ба роҳбарӣ пешниҳод мешаванд, пас аз дидани аҳволи бади корхона дигар ба остонаи он пой намемонанд.
 
АГАР БА  ДИДОРИ ВАЗИР МУВАФФАҚ ШАВАМ...
- Дар яке аз ҷаласаҳои мушовараи Вазорати фарҳанг аз ректорони Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон пурсидам, ки солҳои охир барои соҳаи созтарошӣ чанд мутахассис тайёр карданд? Савол бе ҷавоб монд, - тавзеҳ дод ҳамсуҳбатам муносибати роҳбарони масъулони соҳаро. - «Созтарош» ягон мутахассис надорад, ки кори устою коргаронро санҷад, тарзи дурусти сохти созҳоро омӯзонад. Мо низ чи кор карданамонро намедонем. Ду маротиба бо ин масъала ба ҳузури вазири фарҳанг рафтам, вале ба дидори он кас муваффақ нашудам. Бовар дорам, ки бо мусоидати роҳбарияти ин вазорати масъул, мушкили корхона то андозае бошад ҳам, бартараф мегардад. Бешубҳа, дар кишвар, ягон корхона мисли муассисаи мо валангору бесоҳиб нест. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят вазнин ва мушкилоти беҳисоб ман аз ин даргоҳ дил канда наметавонам. Зеро дар ин ҷо бисёр рӯзҳои хубро дидаам, чун устою роҳбар камол ёфтам дар тӯли 56 соли корӣ. Комёбиҳо ҳам кам набуданд. Аз ҷумла, созҳои сохтаамон дар шаш Намоишгоҳи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ кардааст. Лекин ин ҳама дар гузашта мондааст ва ниҳоят аламовар аст, ки корхонаи як вақтҳо овозадор имрӯз дар дами фано қарор дорад. Ва ин дар ҳолест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол инҷониб тамоми роҳбаронро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ масъул намудаанд. Ё шояд ин роҳбарон ба ҷои иҷрои супориши Сарвари давлат созҳои миллиро аз рӯйхати ҳунарҳои мардумӣ баровардаанд?..
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2021    №: 66    Мутолиа карданд: 163
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед