logo

Хабарҳо

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тантанаи хос ва рӯҳияи ватанпарастӣ оғоз шуд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ихтиёриён - ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд. Дар рӯзи аввал, аллакай ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат,  Данғара, Темурмалик, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. 
1 апрел дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, беш аз 500 ҷавони даъватшуда, дар фазои идона ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.
- Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст. Имрӯзҳо дар ҳамаи қисмҳои низомӣ мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ё худ наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинӣ ва дигар шароити зарурӣ барои сарбозон муҳайё аст. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъват 510 ҷавони ватандӯсти пойтахти мамлакат дар фазои мутантан ба хизмати ҳарбӣ гусел мешаванд, - иброз дошт Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар маросими гусели наваскарони пойтахт.
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар маросими гусел гуфт, ки солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, моро мутмаин месозад, ки ҳисси ватандӯстӣ ва тафаккури худшиносии насли ҷавони мамлакат баланд гардидааст.
Ҳамроз Хушдилзода, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар суҳбат бо «Ҷумҳурият» тасдиқ кард, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар рӯзи аввали даъват пурра иҷро гардид. - Баъд аз муоинаи тиббии даъватшудагон ва гузаштан аз комиссияи тиббӣ ҷавонони ватандӯстро дар фазои тантанавӣ ва оростани чорабинии бошукӯҳ ба хидмати ҳарбӣ гусел кардем, - бо қаноатмандӣ изҳор дошт Ҳамроз Хушдилзода. 
Воқеан, бори аввал нест, ки ВМКБ аввалин шуда нақшаи даъватро иҷро менамояд ва ин раванди хушоянд, аллакай ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ ин маърака муташаккилона оғоз гардид. Носирҷон Маъмурзода, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба мо иттилоъ дод, ки 2 апрел бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят, қисмати зиёди ҷавонони ихтиёрӣ дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд. Дар ин рӯз беш аз 1200 ҷавони меҳандӯсти вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд. Дар ҳамин ҳол, ба мо хабар доданд, ки ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувони вилоят дар рӯзи нахустин аз иҷрои нақшаи даъват мужда расонданд. 
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва тобеи ҷумҳурӣ низ маросими гусели ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бо баргузории ҳамоишҳои тантанавӣ сурат гирифт, ки дар хотири наваскарон ва наздикони онҳо боқӣ хоҳад монд.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 258
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед