logo

фарҳанг

ПОЙАФЗОРДӮЗӢ

Пойафзордӯзӣ яке аз пешаҳои анъанавии тоҷикон ба шумор меравад. Дар шаҳрҳои калон дар даврони тоинқилобӣ корхонаҳои пойафзордӯзӣ мавҷуд буданд. Дар ҳар кадом 20 – 40 пойафзордӯз бо усули дастӣ кор мекард. Дар корхонаҳо навъҳои гуногуни пойафзор: кафшҳои мардонаву занона, мӯза, маҳсӣ (масҳӣ), мукӣ ва ғайра дӯхта шуданд. Устоҳои пойафзордӯзро вобаста ба ихтисос ва маҳсули дасташон устоҳои мӯзадӯз, кафшдӯз, маҳсидӯз, мукидӯз, шиппакдӯз ва ғайра ном мебурданд. Кафшҳо бо пошнаҳои баланд ва паст тайёр карда мешуданд. Барои занҳо кафшҳои нӯгаӣ дӯхта мешуданд, ки пошнааш баланд ва болояш пӯшидаву қафояш пастак буд. Кафши чакӣ бо пошнаи паст, кафшҳои кундал ва ироқӣ, низ маъмул буданд, ки онро сарватмандон мепӯшиданд. Як навъи дигари кафши занона «шиппак» ном дошт, ки устоҳо онро аз се қабат чарм ва пошна тайёр мекарданд. 
Баро дӯхтани кафш қолабҳои чӯбини гуногунандоза, анбӯр, газан, теғи чармбӯрӣ, даравш, чӯбтарош, чӯбқалам, чӯби бахия, чӯби пойкашӣ, куванд, кунда, фона, андоза ва дигар олоти корӣ истифода мешуданд. Дар гузашта «мукӣ» низ яке аз пойафзорҳои маъмулӣ ба ҳисоб мерафт. Мукиро мардону занҳо ва бачаҳо дар вақтҳои беборишӣ, дар корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мепӯшиданд. Баландии мукӣ аз мӯза пасттар буда, ба миёнаҳои соқи пой баробар мешуд. Наъи дигари пойафзори анъанавӣ «чоруқ» ё «хомак» ном дошт, ки онро бештар мардуми бенаво дар ҳавои сард истифода мебурданд. Чоруқ ба мисли маҳсӣ пошна надошт ва онро аз пораи пӯсти хоми гов, пашмҳояш аз берун медӯхтанд. Аз дарун ба таги по пахол андохта, ба по пайтоба печонда, онро мепӯшиданд. Аз болотари буҷулаки по онро бо чоруқбанд мебастанд. Ин навъи пойпӯширо бештар на мӯзадӯзҳо, балки мардум барои худ медӯхтанд.
Ҳоло аз ҳунарҳои мазкур мӯзадӯзӣ ва маҳсидӯзӣ як андоза фаъол мебошанд. Чунончи, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва  Ҳисор ду навъи мӯза духта мешавад. Навъи якум дорои пошна ва соқи баланд буда, онро барои човандозҳо – бузкашҳо ва, умуман, аспсаворҳо медӯзанд. Пошнаи баланди мӯза ба човандоз имкон медиҳад, ки пойро дар рикоб мустаҳкамтар гузошта, хам шуда бузро аз замин бардорад. Навъи дуюми мӯза пошнаи пасттар дошта, онро мардони касбу кори гуногун мепӯшанд. 
Масҳӣ пойафзори марбут ба фаслҳои сарди сол буда, навъҳои занонаву мардона дорад. Масҳиро одатан аз болои пайтоба ё ҷӯробҳо бо кафш ё калӯш мепӯшанд ва дар даруни хона бо масҳӣ мегарданд. Соқи масҳиро аз чарми гӯсфанд ва қисмҳои сару таги онро аз чарми гов медӯзанд.  
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2021    №: 67    Мутолиа карданд: 114
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед