logo

Хабарҳо

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

Ба хотири баробарарзиш намудани унвону дараҷаҳои илмӣ байни кишварҳои Россияву Тоҷикистон гурӯҳи кории комиссияи байниҳукуматии тарафҳо оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мулоқот доир  намуд. 
Дар он Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илм, Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, Сергей Похомов, сардори департаменти аттестатсияи кормандони илм ва илмӣ - педагогии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Игор Матскевич, котиби аввали илмии Комиссияи олии аттестатсионии Россия, ширкат доштанд.
Зикр гардид, ки ҷониби Россия дурнамои муқоисаи унвону дараҷаҳои илмиро дар доираи созишномаи алоҳида ва ба таври мукаммал тасдиқ хоҳад кард. Ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи масъала, аз ҷумла ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои эътироф намудани баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд.   
 
 
БОЗЁФТИ ОЛИМОН ДАР РАДИФИ ТАБИИИ САЙЁРАИ  ЗУҲАЛ
 
Олимони Институти технологии Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Энселад - шашумин радифи Зуҳал  маълумоти нав пайдо намуданд, -  иттилоъ додааст РИА-24 бо истинод  ба маҷаллаи илмии “Nature Geoscience”.
Энселад яке аз радифҳои азимтарини сайёраи Зуҳал ба ҳисоб рафта, мадори ӯ аз ҳалқаи дуртарини он мегузарад. Онро то ҳадде қабати ях пӯшондааст. Аз ин ҷиҳат олимон онро “кураи яхбаста” мешумурданд. Аммо дастгоҳи кайҳонии Cassini ҳангоми гузаштан аз канори Энселад маълум кард, ки аз тарқишҳои он оби шӯр фаввора мезанад. “Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар умқи ин мадор баҳр  ниҳон аст”, - мегӯянд мутахассисон.
Тадқиқоти баъдӣ нишон доданд, ки оби аз он фавворазананда ба оби заминӣ монандӣ надорад. Он зери қабати 20 - киллометраи ях маҳфуз аст. Қабати болоии об хунуктар, аммо қабати поёниаш нисбатан гармтар аст. 
Мутахассисон ҳоло дар ин самт корҳои омӯзишӣ мебаранд. Ба гуфтаи онҳо омӯзиш ва таҳқиқи баҳрҳо роҳи ҷустуҷӯи ҳаётро дар дигар сайёраҳо мекушояд. Дар Системаи офтобӣ, ба ҷузъ аз Замин ва Энселад танҳо дар радифи табиии сайёраи Муштарӣ бо номи Европа об маҷуд аст, ки онро ҳам қабати ғафси ях пӯшондааст. 
 
 
РОҲИ НАВИ ТАБОБАТИ САРАТОН
 
Донишмандони Бунёди малика Маргарети Канада алайҳи бемории саратон аз ҳуҷайраҳои сафеди хуни инсон “суперсолдат” ихтироъ намуданд. Натиҷаи ин тадқиқоти муҳим дар маҷаллаи “Molecular Cell” нашр шудааст.
Коршиносон зимни таҷрибаҳои инноватсионӣ дар организми инсон собит намуданд, ки бо роҳи тағйир додани масуният метавон қобилияти т - ҳуҷайраҳои (т - ҳуҷайра дар таркиби хуни инсон мавҷуд буда, он аслан дар инсон потан (антитела) истеҳсол ва ҳуҷайраҳои вирусро нест менамояд) бунияи инсонро низ дигар, яъне пурқувват намуд. Т - ҳуҷайраҳо, ки  пурқувват шуданд, бо ҳуҷайраҳои марговари саратон мубориза бурда, онҳоро маҳв менамоянд. 
Олимон нақша доранд ба ин мақсад оянда клиникаи таҷрибавие сохта, дар он аз беморон т - ҳуҷайра ҷамъоварӣ намоянд. “Онро баъдан метавон ба беморони дигар гузаронда, раванди мубориза бо саратонро дар организми онҳо суръат бахшид”, - гуфтааст Де Карвало, дотсенти кафедраи биофизикаи Донишгоҳи Торонто.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 222
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед